Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОСЕССИ ТОМАС

ПРОСЕССИ ТОМАС

ПРОСЕССИ ТОМАС, яке аз усулҳои бе сарфи сӯзишворӣ ба пӯлод табдил додани чӯяни гудохтаро гӯянд, ки соли 1878 металлурги англис С. Ҷ. Томас ихтироъ кардааст. Просесси Томас аввал дар Германия (1679) татбиқ ёфт. Дар Россия Просесси Томас солҳои 80 асри 19 (дар заводҳои Таганрог, Керч, Ма­риупол) ҷорӣ карда шуд. Конвер­тери томасӣ (ниг. Конвертер) аз ҷиҳати сохт ба конвертери бессемерӣ монанд буда, аз он танҳо бо ҳаҷм ва рӯпӯши дарунии деворҳо (футеровка)-аш фарқ мекунад. Футеровкаи асосии конвертери то­масӣ (аз доломити сӯхта) имкон медиҳад, ки ба он барои дажғолонидан ва дур кардани фосфор ба миқдори 12—15%-и массаи чӯян оҳак андохта шавад. Сони аз болои он ҷӯяни гудохтаи ҳарораташ 1180—1250°С мерезанд ва конвертерро тоб дода, ба ҳолати амудӣ (кори) меоранд ва аз тагаш ҳавои фишурдашуда ё буғи об ҳам медиҳанд. Дар натиҷа Si, Мn ва қисман S, Fe, C ва P-и таркиби чӯян оксид мешавад.

thomas-process

Ба конвертери томасӣ чӯянҳое мерезанд; ки то 2% фосфор доранд ва ба он то 0,04—0,05% нам шудани миқдори фосфор ҳаво дам медиҳанд. Ҳангоми Просесси Томас ба металл маъдан, оксидҳои гуногун ва ғайра ҳамроҳ кар­да, онро хунук ва кокс, графит, термоантратсит ё ангишти чӯб ило­ва карда, онро серкарбону камоксиген мекунанд. Дар Просесси Томас баромади металли коромад 85—99% ва баромади дажғоле, ки чун пурии фосфордор истифода мешавад, 18— 20%-и массаи металлро ташкил медиҳад. Ҳангоми 18—70 Т будани ғунҷошни конвертор ҳаводамдиҳӣ 16—22 дақ ва тамоми просесси гудозиши металл 25—40 дақ давом мекунад. Пӯлоди томасӣ барои истеҳсоли прокати навъи релс, сим, тупука ва ғайра кор фармуда меша­вад. Солҳои 70 асри 20 Просесси Томасро просесси оксигению конвертерӣ қариб пурра иваз ламуд. Дар СССР кон­вертери томасӣ истифода намешавад. Ниг. низ Пӯлод, Чӯян.

Т. Аҳмадов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …