Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ПОРТУГАЛИЯ

ПОРТУГАЛИЯ

ПОРТУГАЛИЯ (Portugal), Республикаи Португалия (Republica Portuguese), давлат дар Ҷанубу Ғарбии Европа, дар нимҷазираи Пиреней; он ҷазираҳои Азор ва Мадейраро (дар уқёнуси Атлантик), ки аз соли 1976 мухторияти дохилӣ доранд, дар бар мегирад. Португалияро уқёнуси Атлантик иҳота кардааст. Он дар Шарқ ва Шимол бо Испания ҳамсардад аст. Масоҳаташ 92 ҳазор км2, аз он ҷумла масоҳати ҷазираҳояш 3,4 ҳазор км2. Аҳолиаш қариб 10 млн нафар (1981). Пойтахташ — шаҳри Лисабон. Португалия аз ҷиҳати маъмурӣ ба 22 округ тақсим мешавад, ки 18-тои он дар нимҷазира воқеъ буда, ба Португалия музофоти таърихӣ муттаҳид мешавад. Дар ҳайати Португалия аз собиқ «музофотҳои он тарафи баҳрӣ» (Макао) мондааст, ки феврали 1976 ба он мухторияти дохилӣ дода шуд. Португалия то ҳол барои ба Тимори Шарқӣ додани истиқлолият худро масъул медонад; июли 1976 ба Индонезия ҳамрод карда шудани Ти­мори Шарқӣ эълон карда шуд, ки онро Португалия эътироф накард.

portugal

Сохти давлатӣ. Португалия— республика. Мувофиқи конститутсияи соли 1976 сардори давлат президент, ки ӯ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад. Прези­дент дар айни вақт сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ ва раиси Совети револютсионӣ низ мебошад, ки он дар масъалаҳои ҳарбӣ вазифаҳои органи сиёсӣ ва қонунбарорро ба амал мебарорад Ҳокимияти қонунбарор ба парламент — Маҷлиси республикавӣ тааллуқ дорад, ки он ба мӯҳлати 4 сол интихоб мешавад. Ҳокимияти иҷроия ба ҳукумат тааллуқ дорад.

Табиат. Соҳилҳои уқёнуси Атлантик паст, қумзор буда чандон каҷу килеб нестанд. Дар ноҳияи резишгоҳои Тежу ва Саду халиҷак ва эстуарияҳо воқеанд. Қисми шимоли Португалия аз кӯҳҳо иборат, дар қисми ғарбии он паҳнкӯҳи Месета воқест, ки чандин массивҳои кристаллӣ дорад. Нуқтаи баланди он 1991 м (қ. Эштрела дар қаторкӯҳи Серра-да-Эштрела). Дар самти ҷанубии дарёи Тежу пастии теппадори Португалия воқест, онро пуштакӯҳ иҳота карда водиҳои чуқури дарёҳо бурида мегузаранд. Сарватҳои зеризаминӣ:   маъдани оҳан, мис, волфрам ва уран, бериллий, антратсит, ва ангишти бӯр, пирит, гил, мармар. Иқлимаш субтропикии баҳримиёназаминист. Ҳарорати миёнаи январ 7—8°С, июл 25—27°С. Боришоти солона 700—1000 мм дар ноҳияҳои назди соҳил, 1000—2000 мм дар кӯҳсор. Дарёаш бисёр, асосан аз оби борон ғизо мегиранд, калонтарини онҳо: поёноби Мино, Дору, Тежу, Гвадиана. Хокаш дар Шимол кӯҳӣ — ҷангалии хокистарӣ, дар марказ ва Ҷануб бӯрранг ва дорчинӣ, дар водиҳои дарёҳо аллювиалӣ. 36% территорияи мамлакатро беша пӯшидааст. Бешаи дарахтони хушкитобовари булут ва сӯзанбарг бештар паҳн шудааст. Аз одами ҳайвонот гург, рӯбоҳ, қоқум, хорпушти алҷазоирӣ, харгӯши испанӣ ҳаст; намудҳои гуногуни отряди хояндагон, мӯшҳои паррон зиндагӣ мекунанд. Оби назди соҳил аз моҳӣ бой (равғанмоҳи, анчоус ва ғайра).

Аҳолӣ. 90% аҳолӣ португалиҳо. Ба миқдори нам испаниҳо, англисҳо, дар ҷазираҳои Азор португалиҳо ва дунажодаҳо низ зиндагӣ мекунанд. Забони давлатӣ — португалӣ. Аксарияти диндорон — католик. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 97,7 кас. Аз 3/1 аҳолӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад. Шаҳрҳои калон: Лисабон, Порту. Муҳоҷирати аҳолӣ ба дигар мамлакатҳо хеле анъана шуда мондааст; соли 1974 қариб 2 млн нафар португалиҳо дар хориҷа, алалхусус дар Европаи Ғарбӣ буданд.

portugal-map

Маълумоти таърихи. Дар территорияи ҳозираи Португалия инсон ҳанӯз дар давраи палеолит маскан карда буд. Дар нимаи дуюми ҳазораи 1 то мелод ба қисми зиёди мамлакат лузитанҳо сокин шуданд. Румиҳо бар лузитанҳо (ҷанги солҳои 197—179, 154—139 то мелод) ғалаба ба даст оварда дар ин ҷо ба музофоти румии Лузитания асос гузоштанд. Дар ибтидои асри 5 ба территорияи Португалия свевҳо дохил шуда салтанати румиҳоро барҳам доданд. Аз нимаи дуюми асри 6 территорияи Португалия ба ҳайати давлатӣ вестготҳо дохил шуд. Насронӣ гардонидани аҳолӣ ба инкишофи муносибатҳои феодалӣ мусоидат кард, аммо муддати дароз тарзи истеҳсолоти ғуломдорӣ бартарӣ дошт. Солҳои 713—718 территорияи Португалияро арабу барбарҳо забт карданд, он аз соли 756 ба ҳайати аморати Қурдоб (аз соли 920 халифат) дохил шуд. Қисми территорияи Португалияро, ки онро арабҳо забт карда бу­данд, асрҳои 11—12 португалиҳо ва испаниҳо озод карданд, аммо онро королии Кастилия Леони Испания ишғол кард. Аз соли 1143 Португалия королии мустақил шуд. То миёнаи асри 13 территорияи Португалия аз арабҳо пурра озод карда шуд. Дар Португалия мутлақият барпо гардид, ки нуфузи калисои католикӣ дар он хеле калон буд. Муносибатҳои феодалӣ дар вилоятҳои шимол ва ҷануби Португалия нобаробар инкишоф меёфтанд. Деҳқонони вилоятҳои шимолӣ дар зери зулми феодалҳо, деҳқонони вилоятҳои ҷанубӣ озод буданд. Муборизаи ҳокимияти корол бо сепаратизми феодалӣ ба барқароршавии мутлақият оварда расонд, ки он асрҳои 15—16 ба авҷи инкишофи худ расида буд. Дар натиҷаи забткориҳои мустамликавии асрҳои 15—16 ба ном Империю мустамликавии Пор­тугалия барпо гардид. Португалия мустамликаҳои зиёде, аз он ҷумла дар Афри­ка (Сеута, Гвинея, Ангола, Мозам­бик), дар Америка (Бразилия), дар Осиё (Малакка, ҷазираҳои Малай), дар Ҳиндустон (Тсейлон, Гоа ва Диу), дар Хитой (Макао) дошт. Аммо бойгарие, ки дар мустамликаҳо ғорат карда шуда буд, ба болоравии истеҳсолоти Португалия мусоидат накард, чунки феодалони аъёну ашроф ба пешрафти саноати миллӣ ҳеҷ рағбат надоштанд. Аз нимаи дуюми асри 16 иқтисодиёти мамлакат рӯ ба, таназзул ниҳод, таъсири калисо пурзӯр шуд. Касодии дохилӣ ва истибдод Португалияро сусту нотавон карданд, соли 1581 онро Испания забт намуд. Зулми сиёси ва иқтисодӣ зур шуд. Португалия, ки маҷбур буд ҳамроҳи Испания дар ҷангҳо иштирок кунад, аз як қатор мулкҳои дар Осиё ва Америка воқеъгардидаи худ маҳрум гашт. Соли 1640 дар натиҷаи шӯриши халқӣ Португалия аз Испа­ния (Испания истиқлолияти Португалияро соли 1668 эътироф кард) ҷудо шуд.

Дар ибтидои асри 18 Португалия ба Англия тобеъ шуд (шартномаҳои соли 1703 Лисабон ва Метуэн), дар давраи ҷангҳои На­полеон дар зери фишори Англия аз ҳамроҳшавӣ ба ном ба блокадаи континенталӣ, ки онро Франсия аълон карда буд, даст кашид. Франсия дар иттифоқ бо Испания соли 1807 Португалияро забт кард. Корол ба Бразилия гурехт. Португалиҳо бо дастгирии қушунҳои англис то соли 1811 армияи французҳоро аз хоки мамлакат танг карда бароварданд, аммо худ ба тобеияти Англия даромаданд, ки он тартиботи мутлақиятро пеш гириф­та буд. Соли 1820 дар Португалия револютсияи буржуазӣ cap зад. Як қатор ислоҳотҳои прогрессивӣ (барҳам хӯрдани имтиёзҳои феодалон, инкивизитсия ва ғафра) аълон карда шуд. Соли 1822 конститутсияи либералӣ қабул гардид, Брази­лия соҳибистиқлол эълон карда шуд. Реаксияи феодалӣ-клерикалӣ дар иттифоқ бо ашрофони либералӣ соли 1826 хартияи конститутсионӣ барпо кард. Соли 1842 хартистон (тарафдорони хар­тия (1826) диктатураи ҳарбӣ барқарор карданд, ки онро шӯриши халқии соли 1846 сарнагун кард. Ҳукумати чапи Салданя (1851—1856) ислоҳоти маҳдуди буржуазӣ гузаронида, як қатор чораҳои иқтисодӣ ва молиявӣ андешид. Аммо тобеияти иқтисодӣ аз Англия, норасоии ка­питали озод ба пешрафти мамлакат монеъ мешуданд. Соли 1875 Партияи сотсиалистӣ таъсис ёфт, соли 1876 он Партияи республикавии Португалия ном гирифт. Соли 1909 съезди 1-уми миллии иттифоқҳои касабаи анархосиндакалҳо баргузор шуд. Револятсияи бур­жуазӣ (1910) дар Португалия сохти республикавӣ барқарор кард, аммо боқимондаҳои замони гузашта, таъсири калисо тобеиятро аз капитали Анг­лия барҳам дода натавонист. Португалия дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ аз тарафи Ан­танта иштирок кард. Револютсияи Октябр дар Россия ба болоравии ҳаракати коргарӣ дар Португалия таъсири калон ра­сонд. Соли 1921 Партияи Коммунистии Португалия таъсис ёфт. Сустии ҳаракати коргарӣ ва қувваҳои демократӣ, аз нуқтаи назари сиёсат суст будани республикачиёни буржуазӣ ба доираҳои реаксионии помешикон ва капитали калон барои соли 1926 барқарор намудани диктатураи генерал Кармон (солҳои 1928—1951 президенти Португалия буд) имконият дод. Соли 1932 А. Салазар сарвазир шуд. Конститу­тсияи нав (1933) тартиботи фашистиро қонунӣ гардонд. Ҳаман партияҳо, ғайр аз «Иттифоқи миллӣ» таъсисаш 1930, тамоман манъ кар­да шудаанд. Дар Ҷанги граждании Испания (1936—1939) Португалия франкистон ва интервентҳои Германияю Италияро дастгирӣ намуд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба блоки фашистӣ ёрӣ расонд, дар охири ҷанг ба тарафи ИМА майл кард. Соли 1948 ба ном ба «Планк Маршалл» ҳамроҳ ва ба блоки НАТО дохил шуд (1949); ба ИМА барои дар ҷазираҳои Азор ҷойгир кардани базаҳои ҳарбияш (1948) иҷозат дод.

Торумор карда шудани Германияи фашистӣ ба болоравии ҳаракати -де­мократ мусоидат кард. Ҳукумат барои ба Маҷлиси милли пешниҳод намудани номзадҳои оппозитсия ҳуқуқ дод, лекин таъқиботро зӯртар кард. Солҳои 60 баромадҳои меҳнаткашон ба амал омад, ҳаракати студентон авҷ гирифт, дар мустамликаҳо ҳаракати озодихоҳонаи миллӣ cap шуд. Қӯшунҳои Ҳиндустон (1961), Гоа, Дамаи, Диуро озод карданд. Ҳукумати Португалия аз додани истиқлолият ба Ангола, Гвинея-Бисау, Мозамбик даст кашид, бар зидди қувваҳои озодихоҳонаи миллӣ мубориза мебурд. Дар мамлакат аз сиёсати фашистӣ ва доираҳои ҳукмрон норозигӣ меафзуд. Партияи Коммунистии Португалия (ПКП) доир ба муттаҳид намудани омма фаъолона кор мебурд, ба террори хунин нигоҳ накарда ба корпартоиҳои коргарони саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ роҳбарӣ мекард, дар баромадҳо ба муқобили тартиботи фашистӣ иштирок менамуд. Дар армия ҳам норозигии умумӣ ба амал омад, дар он ҷо Ҳаракати қувваҳои мусаллаҳ ташкил ёфт. 25 апрели 1974 дар натиҷаи баромади қувваҳои мусаллаҳ ҳокимияти М. Каэтану сарнагун карда шуд. Со­вет наҷоти миллӣ ташкил ёфт, ки ба вазифаҳои ҳокимияти иҷроия ва қонунбарорро ба амал мебаровард. Дар миёнаи май Совети давлатӣ — (органи қонунбарор) ва Ҳукумати муваққатӣ барпо шуд, ки ба он иштирокчиёни Ҳаракати қувваҳои Му­саллаҳ ва намояндагони партияҳои гуногуни сиёсӣ, аз он ҷумла, котиби генералии ПКП А. Кунял ва коти­би генералии Партияи сотсиалистӣ Португалия М. Соариш дохил шуданд. Доир ба демократикунонии мамлакат тадбирҳо андешида шу­данд: ба фаъолияти партияҳои сиёсӣ иҷозат, политсияи махфӣ cap дода шуда маҳбусони сиёсӣ озод, сензура бекор, ҳуқуқи меҳнаткашон барои барпо намудани иттифоқҳои касаба эътироф карда шуд. Ҷангҳои мустамликадорӣ боздошта шуданд. До­ир ба худмуайянкунии халқҳои мустамликаҳои Португалия (27. 7. 1974) қонун қабул карда шуд. Португалия республикаи соҳибистиқлоли Гвинея-Бисауро эъти­роф кард, бо қувваҳои миллии Мо­замбик дар бобати соли 1975 эълон карда шудани истиқлолияти он розӣ шуд. Ин чорабиниҳо дар шароите ба амал бароварда мешаванд, ки реаксия саъю кӯшиш дорад просес­си демократикунониро боздорад.

Португалия 9 июни 1974 бо СССР муносибатҳои дипломатӣ муқаррар намуд.

Португалия аз соли 1955 аъзои ТДМ мебошад.

Соли 1976 барои демократикунонии минбаъдаи мамлакат, барои дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ мубориза давом кард. 28 апрели 1976 консти­тутсияи на в ҷорӣ гардид, ки он музаффариятҳои асосии Револютсияи Португалияро пойдор гардонд. 12 август Совети револютсионӣ аз нав ташкил карда шуд. Моҳи сентябр ҳукумат программаи бартараф карда шуда­ни мушкилиҳои иқтисодиро эълон кард. Ба баъзе нуқтаҳои ин про­грамма меҳнаткашон зид баромаданд, чунки нақшаҳои аз тарафи ҳукумат кашидашуда бино ба изҳороти ПКП музаффариятҳои револютсиониро дар зери хатари калон мегузошт. Охирҳои декабр парламент лоиҳаи қонунеро, ки ҳукумати М. Соариш дар бораи плани тараққиёти иқтисодӣ ва бюҷети давлатӣ барои соли 1977 (коммунистон аз овоздиҳӣ даст кашиданд) пешниҳод кард, маъқул донист. Солҳои 1981— 1982 вазъият дар мамлакат ниҳоят мураккаб буд. Январ 1981 ба сари ҳокимият Ф. Пинту Балсемау омад, ки он асосан роҳи собиқ кабинети «Алянси демократиро» пеш гирифта, барои барҳам додани асосҳои конститутсионии револютсияи апре­ли 1974 саъю кӯшиш намуд. «Альянси демократӣ» ба комиссияи махсуси Маҷлиси Республика лоиҳаи қонунро оид ба аз нав дида баромадани Конститутсияи 1976 (апрел) пешниҳод кард, ки он ба барқароркунии мавқеъҳои иқтисодӣ ва сиёсии капитали калон равона шу­да, пароканда намудани Совети револютсионӣ ва консентратсияи ҳокимиятро дар дасти ҳукумат, аз ҳисоби маҳдуд намудани ваколати президенти республика, нигаронида шуда буд.

Дар дохили коалитсияи ҳукмрон зиддиятҳо тезу тунд мегардиданд. Қаноти рости ПМСД ба МСД, ки дар «Алянси демократӣ» таъсири худро зӯртар карда буд, наздиктар гардид. Дар зери фишори қаноти рост ҳукумати Ф. Пинту Балсемау аз вазифаи сарвазирӣ ба истефоъ баромад. Моҳи сентябр баъди як қатор компромиссҳои тактикӣ дар дохили ПСД ва «Алянси демокра­ти» кабинети ба нав ташкилшудаи ӯ асосаи мақсаду мароми қаноти

ростро ифода мекард. Оммаи васеи табақаҳои ақолӣ аз сиёсати сотсиалӣ-иқтисодии ҳар ду ҳукумати «Алянси демократӣ» норозӣ буданд. Моҳи апрел 400 ҳазор хизматчиёни идораҳои давлатӣ корпартоӣ карданд, моҳи декабр дар Лисабон намоиши оммавӣ шуда гузашт. Охири сол вазъият дар мамлакат ниҳоят тезутунд гардид; ПКП вобаста ба ин вазъият дар бобати истеъфои кабинет, cap додани Манҷлиси Республика ва пеш аз мӯҳлат гузаронидани интихоботи парламент таклифҳо пешниҳод намуд, ин таклифҳо ҳарҷониба дастгирӣ карда шуданд.

Дар сиёсати хориҷии худ ҳукумати Португалия пеш аз ҳама ба блоки НАТО шарик будани худро нишон дода, маъмурияти ИМА ва манфиати НАТО-ро дар ҳар як масъалаи асо­сии байналхалқӣ бечунучаро тарафдорӣ мекард. Ҳамкории ҳарбӣ-сиёсии Португалия дар доираи НАТО, пеш аз ҳама бо ИМА фаъолтар гардид. Ҳукумати Ф. Пинту Балсемау ба­рои аз тарафи қувваҳои мусаллаҳи ИМА истифода карда шудани базаҳои ҳарбии мамлакат розигӣ дод. Дар сиёсати хориҷӣ ҳукумати Португалия муносибатҳои худро бо давлатхои Африка мисли пешина давом медиҳад. Соли 1981 Португалия бо 125 давлат муносибатҳои дипломатӣ дошт.

Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Партияи сотсиалистии Португалия (ПСП). Таъсисаш 1973. Партияи сотсиал- демократӣ (ПСД, то октябри 1976— Партияи халқӣ-демократӣ, ПХД). Таъсисаш 1974. Партияи мар к а з и сотсиа л-д емократӣ (ПМСД). Таъсисаш 1974. Партияи Коммунистии Португалия (ПКП). Таъсисаш 1921. Конфеде ратсияи умумии меҳнаткашони Португалия—Интер синдикали миллӣ. Январи 1977 ташкил шудааст.

Хоҷагӣ. Португалия мамлакати аграрист. Тобеият аз капитали хориҷӣ (асо­сан аз ИМА, Англия, РФГ), инчунин хароҷоти калони ҳарбӣ муддати дароз болоравии иқтисодии мамлакатро бозмедошт. Даромади милли дар Португалия (ба ҳар як нафар аҳолӣ) назар ба даромади миллии мамлакатҳои нисбатан тараққикардаи ҷаҳони капиталистӣ чандин маротиба камтар мебошад. 46%-и маҳсулоти миллии умумӣ ба саҳми саноат рост меояд. Энергетикаи мамлакат асосан ба захираи об асос ёфтааст. Португалия ба хориҷа волфрам, пирит, маъдани уран экспорт мекунад. Ғайр аз он маъда­ни қалъагӣ, мис, оҳан, ангишт (ант­ратсит ва лигнит) истихроҷ мешавад. Соҳаҳои саноати бофандагӣ ва хӯрокворӣ яке аз соҳаҳои муҳим ва анъанавии саноати аз нав коркардабароянда мебошанд. Қисми зиёди корхонаҳои ин соха дар соҳили уқёнуси Атлантик дар районҳои Лисабон-Сетубал ва Порту ҷойгиранд. Дар мамлакат корхонаҳои саноати металлургияи сиёҳ, заводҳои мису қалъагигудозӣ, истеҳсоли алюминий ҳаст. Солҳои охир саноати мошинсозӣ тараққӣ мекунад. Корхонаҳои киштисозӣ вакиштитаъмиркунӣ дар иқтисодиёти Португалия роли калон мебозанд. Дар ҳаволии Лисабон (Маргеира) маркази киштитаъмиркунӣ ҳаст, ки он аҳамияти байналхалқӣ дорад. Ғайр аз он мошинҳои дарздӯзӣ, велосипед, дастгоҳ, двигатели дизел мебарорад. Саноати химия, истеҳсоли маҳсулоти нефт ва химияи нефт инкишоф меёбад. Дар шаҳри Синиш комплекси калони саноатӣ амал мекунад. Корхонаҳои саноати газвори пахтагин, пашм, чарму пойафзол бисёранд. Португалия аз ҷиҳати винокашӣ дар ҷаҳон машҳур гаштааст. Португалия ба хориҷа равғани зайтун, консерви моҳӣ мебарорад. Он аз ҷиҳати истеҳсол ва экспорти пӯк дар ҷаҳон ҷои 1-умро мегирад. То Револютсия соли 1974 тақрибан аз 5/3 ҳиссаи деҳқонон дар хоҷагии қишлоқ банд буда, тамоман ва ё қисман замин надоштанд. Баъди сарнагун намудани фашизм баъзе дигаргунсозиҳои аграрӣ ба амал бароварда шуданд. Бо вуҷуди он масъалаҳои асосии хоҷагии қишлоқ то ҳол ҳал нагардидаанд. Дар шимоли Португалия хоҷагиҳои хурд, дар ҷануб то ҳамин наздикиҳо заминдории калони помешикӣ ҳукмрон буд. Соҳаҳои молии хоҷагии қишлоқ: токдорӣ, боғдорӣ, парвариши дарахти зайтун, ситрус, дар ҷазираҳо банан, ананас, найшакар. Зироати асосии хӯрокӣ: гандум, ҷуворимакка, ҷавдор, шолӣ, лӯбиёгиҳо, карто­шка. Чорводорӣ суст тараққӣ кардааст. Соли 1982 дар мамлакат (ба ҳисоби млн cap) — 1,2 гов, 2,4 хук, 5,2 гӯсфанд буд. Тӯли роҳи оҳан—3,8 ҳазор км (1981). Лисабон бандари асосии баҳрӣ ва аэропорт мебошад, ки аҳамияти байналхалқӣ дорад. Португалия ба хориҷа пӯк, консерви моҳӣ, шароб, нахи пахта бароварда аз хориҷа нефт, мошин, таҷҳизот, металли сиёҳ ме­гирад. Шарикони асосии савдояш — мамлакатҳои «Бозори умумӣ», Анг­лия, РФГ, Франсия, Италия, ИМА. Туризм тараққӣ кардааст. В о ҳ и д и нул эскудо.

Тандурустӣ. Соли 1973 ба ҳар 1 ҳазор аҳолӣ таваллуд 20,1, фавт 11,1,_фавти кӯдакон ба ҳар 1 ҳазор кӯдаки навзод 49,8 нафар буд. Аз касалиҳои сирояткунанда — касалии шуш, тра­хома, арасии шикампеч, табларзаи тиф, гепатит паҳн шудаанд. Каса­лии махав низ мушоҳида мешавад. Тандурустӣ давлатӣ ва хусусист. Соли

1971 дар мамлакат 619 касалхона буд. Соли 1972 дар Португалия қариб 9 ҳазор духтур ( духтур ба 960 нафар аҳолӣ), зиёда аз 5 ҳазор нафар коркуни миёнаи тиббӣ кор мекард. 3 факултети тиббии назди университетҳо кадрҳои тиббӣ тайёр мекунад.

Маориф. Соли 1977 35%-и аҳолии мамлакат бесавод буд. Барои кӯдакони синни аз 3 то 6-сола муассисаҳои томактабӣ ҳастанд. Мактаби ибтидоӣ 6-сола, мактаби миёна 5-сола буда, аз ду сикл иборат мебошад. Ғайр аз ин мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ, мактабҳои касбомӯзӣ низ ҳастанд. Дар Португалия 7 университет ва як институти техникӣ ҳаст. Соли таҳсили 1976/1977 дар онҳо 11,895 студент мехонд. Университетҳои калонтарин: Университети Коимбра (таъсисаш 1290) ва Университети Лисабон (таъсисаш 1290). Дар мам­лакат 4 академия, 45 мактаби олӣ, 26 институти тадқиқоти илмӣ, 37 китобхона, 42 музей ҳаст. Китобхонаи миллии Португалия соли 1796 дар Лисабон таъсис ёфтааст. Музейҳои калон: Музейи миллии санъати қадима, археология ва этнография, санъати муосир, му­зеи нумизматика, санъати халқ ва ғайра.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1974 дар Лисабон чунин газетаву журналҳо нашр мешуд:          газетаи «Аванте»

(«Avante»), органи марказии ПКП; «Диариу ду говерну» («Diario do Governо»), органи ҳукуматӣ; «Диариу ди Лижбоа» («Diario de Lisboa»), «Диариу ди нотисиаш» (Diario de Noticias»), «Диариу популар» («Dia­rio Popular»); бюллетени «Мувименту» («Movimento»), органи Ҳаракати қувваҳои мусаллаҳ, газетаи ҳаррӯзаи католикӣ «Новидадиш» («Novi- dades»), «Пову ливри» («Pova Livrе»), органи партияи халқӣ-демократӣ ва ғайра. Агентии ахбороти миллии-Аженсия ди нотисиаш и ди информасойнш (Agenda de Notisias е de Informacoes), таъсисаш 1974, дар Лисабон ҷойгир аст. Радио ва телевизиони Португалия аз июни 1974 таҳти назорати давлат мебошад. Барномаҳои радио ба забонҳои португалӣ, англисӣ, испанӣ, италиявӣ, немисӣ ва дигар забонҳо бурда мешавад.

Адабиёт. Маҷмӯи сурудҳои кансонеро (португ. cansionero), ки ба охири асри 13 —ибтидои асри 16 тааллуқ дорад, осори қадимаи адабиёти Португалия мебо­шад. Афсонаву ривоятҳои халқӣ ба вақоеъномаҳои Ф. Лолиш (1380— 1460) ва Г. Эапиш ди Азурара (1410— 1474) гирд оварда шудаанд. Дар давраи Эҳё драматургия: Ж. Висенте (тақрибан 1470—тақрибан 1536), Б. Рибенру (тақрибан 1482—1552) , Ф. Сади Мирапда (1481— 1558). А. Феррейра (1528—69) ба ав- ҷи аъло расид. Нуқтаи олии адаби­ёти давраи Эҳьё лирикам Л. ди Ка­моэнс (1524 ё 1525—1580) мебошад, ки ӯ дар достони худ «Лузиада» (1572) (дар бораи саёҳатя Васко да Гама) мардонагн ва қаҳрамопин халқро тараннум кардааст. Дар дав­раи ҳукмронии Испания (1581—1640) таъсири адабиёти испаи ҳис карда мешавад. Дар асарҳои Ф. Лобу (ибтидои асри 17), А. Ж. Силва (1705-1739) рӯҳияи ватандӯстона мушоҳида ме­шавад. Дар миёни асри 18 ғояҳои маърифатпарварӣ инкишоф меёбанд.:

Ҳаракати демократӣ ва зиддифашетии солҳои 30—40 саъю кӯшиши нависандагони реалистиро ба мавзӯи иҷтимоӣ зиёд кард: А. Рибейру (1885—1963), Ж. М. Феррейра ди Каштру (таваллудаш 1898), С. Ж. Перейра Гомиш (1909—1949), А. Редол (1911- 1969), Ф. Намора Гонсалвиш (таваллудаш 1919), М. да Фонсека (таваллудаш 1911), М. ду Насименту (1912—1966). Баъди сарнагун гардидани тартиботи фа­шистӣ соли 1974 нависандагони пешкадам дар офаридани маданияти нави демократӣ иштирок мекунанд.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар Португалия нақшаи рӯи одамон ва ҳайвоноти давраи палеолит (дар Сантягу— ду-Эшкорал) дар харсангҳо, долменҳои бисёри давраи неолит (Алижа, Павия), сафол, вайронаҳои қасабаҳои мустаҳкам кардашудаи лузитанҳо (ҳазораи 1 то мелод), аз румиҳо (асри 2 то мелод— асри 5 м) харобаҳои форуми Конимбриге ва ба ном ибодатхонан Диана дар Эвора, боқимондаи калисоҳои в е с т г о т ҳ о (асри 7) то замони мо боқӣ мондаанд. Осори маданияти сохтмони араб асосан дар биноқои истиқоматии халқи авоми ҷануби мамлакат дида мешавад. Дар Коимбра, Лисабон (асрҳои 11— 12) кӯшку масҷид, калисову дайри услуби романӣ қомат рост меку­нанд. Собиқ қасабаҳои лузитанҳо дар асри 12 ба шаҳрҳое табдил меёбанд, ки онҳо нақшаи вайрон доранд. Дайрҳои асрҳои 12—14 бо усули готика бино ёфтаанд (Алкабаса, Ба­талий). Дар асрҳои 15—16 дар Португалия услуби ба худ хоси «Мануэлино нашъунамо меёбад, ки он дар шакли меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ хусусиятҳои экзотикаи Шарқро дар бар ме­гирад. Барои санъати тасвирии он давра (Н. Гансалвиш, Ф. Фериандиш) ҳақиқат ва рӯҳбаландӣ хос мебошад. Дар давраи ҳукмронии Испания (1581—1640) меъморӣ таназзул мекунад. Санъати ороиши-амалии асрҳои 16—17 бо хусусияти ба худ хос ба куллӣ фарқ мекунад, ни дар он анъанаҳои санъати Европа ва Шарқ (мебел, қолин, матоъ, сафол ва ғайра) дар алоқамандии зич ба кор бурда шудаанд. Аз охири асри 17- ибтидои асри 18 шаҳрсозӣ аз нав тараққӣ мекунад.

Дар санъати тасвирии асри 18-ибтилои асри 19 ба ҷои анъанаҳои бароккои Италия (Ф. Виейра Лузитану) класситсизми академӣ (Ф. Виейра Портузисӣ) меояд. Аз байни рассомони асри

19 рассоми романтик Д. А. Сикейра ва реалист. К. Бордалу Пинейру Шӯҳрати калон доштапд. Дар асри 20 санъати тасвирии реалистона (Ж. Помар, Р. Рибейру) ва графика (А. ди Фрейташ) якҷоя бо кубизм ва рассомии абстракт пеш мерафт.

Мусиқӣ. Маданияти мусиқии Португалия дар асоси маданияти мусиқии халқҳое, ки аз қадимулайём (келтҳо, румиҳо, вестготҳо, арабҳо) дар ин сарзамин ҳаёт ба cap мебурданд, шакл гирифтааст. Мусиқии халқии Португалия анъанаҳои қадима дорад, он бой ва гуногуншакл мебошад. Жанри суруд ва суруду рақс назар ба жанри инструмснталӣ бештар тараққӣ кардааст. Дар сурудҳои давраҳои қадим асосан меҳнат, фаслҳои сол, дину диёнат тараннум мешавад. Шакли аз хама маъмули он — фаду — суруди яккахони лирикӣ мебошад, ки он бо ҷӯршавии гитара иҷро карда ме­шавад; аз рақсҳо рақси вира маъмул аст. Бисёр сурудҳои халқӣ оҳанги рақсӣ доранд. Жанрҳои асосии суруду рақс: шула, малян, маррафа ва ғайра. Асбобҳои мусиқии халқй: гитараи 6-тора, мандалина, даф, ви­ола, ғижжак ва ғайра. Мусиқии касбӣ низ анъанаҳои қадим дорад. Асрҳои 12—13 давраи санъати трубадурҳост. Аввалин капелла дар асри 13 дар дарбор ташкил ёфт. Дар асрҳои 15— 16 мусиқии серовозаи вокалию инструменталӣ хеле тараққӣ мекунад; намояндагони ин жанр: Д. ди Гоиш, М. Кардозу, М. Р. Коэлю. Аз нимаи якуми асри 18 мусиқии Португалия дар зери таъсири мусиқии Италия монда то асри 20 бо ҳамин роҳ пеш мерафт. Бастакорони барҷастаи асри 18: К. Сейшаш, Ф. А. Алмейда (муаллифи ав­валин опера дар Португалия, 1733). Бастакори аз ҳама машҳури опера М. Португал мебошад, ки ӯ зиёда аз 50 опера навиштааст. Бастакорони намоёни асрҳои 19—20: Ж. Виана да Мота, О. да Силва, Л. ди Фрейташ Бранку, Р. Коэлью, Ф. Лопиш Граса ва дигарон. Маркази ҳаёти мусиқӣ Лисабон мебошад, дар он ҷо театри операи «Сан-Карлуш» (таъсисаш 1793), Консерваторияи миллӣ, Академияи мусиқӣ, капеллаи хорӣ «Поли­фония» ва ғайра мавҷуданд.. Шаҳрҳои Пор­ту ва Коимбра низ марказҳои калони мусиқианд.

Театр. Аввалин маълумотҳо дар бораи намоишҳое, ки характери бадеҳагӯй дошт, ба асри 12 тааллуқ дорад. Драматург, актёр ва бастакор Ж. Висонти асосгузори театри миллии Португалия мебошад. Аз охири асри 15 театр ва драматургия тараққӣ мекунанд. Асри 16 дар Лисабон театрҳои омма­нӣ ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи таъқиботи инквизитсия ва сензурои калисо санъати театр дар асри 17 таназзул кард. Болоравии театри мил­ли дар солҳои 20—30 асри 19 ба пойдор гардидани тамоюли романтизм ва бо ба саҳна гузошта шудани пэсаҳои Ж. Б. Алмейда-Гаррета вобаста аст.

Бо ташаббуси Алмейда-Гаррета дар Лисабон Консерваторияи санъати драма, Театри миллии малика Марилтс II (соли 1846) ташкил шуд, ки он яке аз марказҳои маданияти саҳнавии Португалия гардид. Аз чоряки аввали асри 20 театр ба зери таъсири ҷараёни модернистӣ монд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар театрҳои таҷрибавӣ асосан асарҳое намоиш дода мешуданд, ки онҳо аҳамияти проблема­тикӣ доштапд. Танҳо қисми ночизи арбобони театр асарҳои классикони адабиёти ҷаҳонӣ ва миллиро ба саҳна мегузоранд. Дар Лисабон ба ғайр аз Театри миллии малика Ма­риям II театри миллии халқӣ, теат­ри бадеӣ ва ғайра ҳаст.

Кино. Филми аввалин соли 1896 ба нгирифта шуд. Баъди ташкил шудани кинофирмаи «Португалия- филм» (1909) истеҳсоли филмҳо мунтазам шуд. Охири солҳои 20— аввали солҳои 30 режиссерҳои намоёни П. Л. ди Барруш, М. ди Оливейра ва дигарон ба офаридани филмҳо камар бас­танд. Дар давраи диктатураи фашистӣ ва сензураи сахт санъати кинои Португалия қатъ гардид. Дар ин давра асосан филмҳои тиҷоратӣ офарида мешуданд. Танҳо дар баъзе филмҳо — «Дору, меҳнати машаққатнок дар дарё» (1931), «Аникаи нодон» (1942), «Шикор» (1965) режиссёр Оливейра, инчунин филмҳое, ки солҳои 60 режиссёр Ф. Лопиш, Э. ди Суза, П. Роша офариданд саъю кӯшиши нигоҳ доштани мавқеи иҷтимоӣ ва бадеии кинематограф мушоҳида карда мешавад. Соли 1974 дар Португалия қариб 400 кинотеатр буд.

Ад.: Лагутина Е. И., Латин­ский В. А.. Страны Пиренейского по­луострова. Л., 1977; Биро П., Пор­тугалия. Районно-географический очерк М., 1952; Белявский А. М., Амери­канский империализм на Пиренейском полуострове, М., 1961; Куньял А., Путь к свободе, пе.р. с португ., М., 1967; Коломеец Г. Н. Очерки новейшей истории Португалии, М., 1968; Всеоб­щая история искусств, т. 2 (ки. 1), т. 3, М., 1960—1962.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …