Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / ПОРТУГАЛИЯ

ПОРТУГАЛИЯ

ПОРТУГАЛИЯ (Portugal), Республикаи Португалия (Republica Portuguese), давлат дар Чанубу Гарбии Европа, дар нимчазираи Пиреней; он чазирахои Азор ва Мадейраро (дар укёнуси Атлантик), ки аз соли 1976 мухторияти дохили доранд, дар бар мегирад. Португалияро укёнуси Атлантик ихота кардааст. Он дар Шарк ва Шимол бо Испания хамсардад аст. Масохаташ 92 хазор км2, аз он чумла масохати чазирахояш 3,4 хазор км2. Ахолиаш кариб 10 млн нафар (1981). Пойтахташ — шахри Лисабон. Португалия аз чихати маъмури ба 22 округ таксим мешавад, ки 18-тои он дар нимчазира вокеъ буда, ба Португалия музофоти таърихи муттахид мешавад. Дар хайати Португалия аз собик «музофотхои он тарафи бахри» (Макао) мондааст, ки феврали 1976 ба он мухторияти дохили дода шуд. Португалия то хол барои ба Тимори Шарки додани истиклолият худро масъул медонад; июли 1976 ба Индонезия хамрод карда шудани Ти­мори Шарки эълон карда шуд, ки онро Португалия эътироф накард.

portugal

Сохти давлати. Португалия— республика. Мувофики конститутсияи соли 1976 сардори давлат президент, ки у ба мухлати 5 сол интихоб мешавад. Прези­дент дар айни вакт сарфармондехи куввахои мусаллах ва раиси Совети револютсиони низ мебошад, ки он дар масъалахои харби вазифахои органи сиёси ва конунбарорро ба амал мебарорад Хокимияти конунбарор ба парламент — Мачлиси республикави тааллук дорад, ки он ба мухлати 4 сол интихоб мешавад. Хокимияти ичроия ба хукумат тааллук дорад.

Табиат. Сохилхои укёнуси Атлантик паст, кумзор буда чандон качу килеб нестанд. Дар нохияи резишгохои Тежу ва Саду халичак ва эстуарияхо вокеанд. Кисми шимоли Португалия аз куххо иборат, дар кисми гарбии он пахнкухи Месета вокест, ки чандин массивхои кристалли дорад. Нуктаи баланди он 1991 м (к. Эштрела дар каторкухи Серра-да-Эштрела). Дар самти чанубии дарёи Тежу пастии теппадори Португалия вокест, онро пуштакух ихота карда водихои чукури дарёхо бурида мегузаранд. Сарватхои зеризамини:   маъдани охан, мис, волфрам ва уран, бериллий, антратсит, ва ангишти бур, пирит, гил, мармар. Иклимаш субтропикии бахримиёназаминист. Харорати миёнаи январ 7—8°С, июл 25—27°С. Боришоти солона 700—1000 мм дар нохияхои назди сохил, 1000—2000 мм дар кухсор. Дарёаш бисёр, асосан аз оби борон гизо мегиранд, калонтарини онхо: поёноби Мино, Дору, Тежу, Гвадиана. Хокаш дар Шимол кухи — чангалии хокистари, дар марказ ва Чануб бурранг ва дорчини, дар водихои дарёхо аллювиали. 36% территорияи мамлакатро беша пушидааст. Бешаи дарахтони хушкитобовари булут ва сузанбарг бештар пахн шудааст. Аз одами хайвонот гург, рубох, кокум, хорпушти алчазоири, харгуши испани хаст; намудхои гуногуни отряди хояндагон, мушхои паррон зиндаги мекунанд. Оби назди сохил аз мохи бой (равганмохи, анчоус ва гайра).

Ахоли. 90% ахоли португалихо. Ба микдори нам испанихо, англисхо, дар чазирахои Азор португалихо ва дунажодахо низ зиндаги мекунанд. Забони давлати — португали. Аксарияти диндорон — католик. Зичии миёнаи ахоли дар 1 км2 97,7 кас. Аз 3/1 ахоли дар шахрхо зиндаги мекунад. Шахрхои калон: Лисабон, Порту. Мухочирати ахоли ба дигар мамлакатхо хеле анъана шуда мондааст; соли 1974 кариб 2 млн нафар португалихо дар хорича, алалхусус дар Европаи Гарби буданд.

portugal-map

Маълумоти таърихи. Дар территорияи хозираи Португалия инсон хануз дар давраи палеолит маскан карда буд. Дар нимаи дуюми хазораи 1 то мелод ба кисми зиёди мамлакат лузитанхо сокин шуданд. Румихо бар лузитанхо (чанги солхои 197—179, 154—139 то мелод) галаба ба даст оварда дар ин чо ба музофоти румии Лузитания асос гузоштанд. Дар ибтидои асри 5 ба территорияи Португалия свевхо дохил шуда салтанати румихоро бархам доданд. Аз нимаи дуюми асри 6 территорияи Португалия ба хайати давлати вестготхо дохил шуд. Насрони гардонидани ахоли ба инкишофи муносибатхои феодали мусоидат кард, аммо муддати дароз тарзи истехсолоти гуломдори бартари дошт. Солхои 713—718 территорияи Португалияро арабу барбархо забт карданд, он аз соли 756 ба хайати аморати Курдоб (аз соли 920 халифат) дохил шуд. Кисми территорияи Португалияро, ки онро арабхо забт карда бу­данд, асрхои 11—12 португалихо ва испанихо озод карданд, аммо онро королии Кастилия Леони Испания ишгол кард. Аз соли 1143 Португалия королии мустакил шуд. То миёнаи асри 13 территорияи Португалия аз арабхо пурра озод карда шуд. Дар Португалия мутлакият барпо гардид, ки нуфузи калисои католики дар он хеле калон буд. Муносибатхои феодали дар вилоятхои шимол ва чануби Португалия нобаробар инкишоф меёфтанд. Дехконони вилоятхои шимоли дар зери зулми феодалхо, дехконони вилоятхои чануби озод буданд. Муборизаи хокимияти корол бо сепаратизми феодали ба баркароршавии мутлакият оварда расонд, ки он асрхои 15—16 ба авчи инкишофи худ расида буд. Дар натичаи забткорихои мустамликавии асрхои 15—16 ба ном Империю мустамликавии Пор­тугалия барпо гардид. Португалия мустамликахои зиёде, аз он чумла дар Афри­ка (Сеута, Гвинея, Ангола, Мозам­бик), дар Америка (Бразилия), дар Осиё (Малакка, чазирахои Малай), дар Хиндустон (Тсейлон, Гоа ва Диу), дар Хитой (Макао) дошт. Аммо бойгарие, ки дар мустамликахо горат карда шуда буд, ба болоравии истехсолоти Португалия мусоидат накард, чунки феодалони аъёну ашроф ба пешрафти саноати милли хеч рагбат надоштанд. Аз нимаи дуюми асри 16 иктисодиёти мамлакат ру ба, таназзул ниход, таъсири калисо пурзур шуд. Касодии дохили ва истибдод Португалияро сусту нотавон карданд, соли 1581 онро Испания забт намуд. Зулми сиёси ва иктисоди зур шуд. Португалия, ки мачбур буд хамрохи Испания дар чангхо иштирок кунад, аз як катор мулкхои дар Осиё ва Америка вокеъгардидаи худ махрум гашт. Соли 1640 дар натичаи шуриши халки Португалия аз Испа­ния (Испания истиклолияти Португалияро соли 1668 эътироф кард) чудо шуд.

Дар ибтидои асри 18 Португалия ба Англия тобеъ шуд (шартномахои соли 1703 Лисабон ва Метуэн), дар давраи чангхои На­полеон дар зери фишори Англия аз хамрохшави ба ном ба блокадаи континентали, ки онро Франсия аълон карда буд, даст кашид. Франсия дар иттифок бо Испания соли 1807 Португалияро забт кард. Корол ба Бразилия гурехт. Португалихо бо дастгирии кушунхои англис то соли 1811 армияи французхоро аз хоки мамлакат танг карда бароварданд, аммо худ ба тобеияти Англия даромаданд, ки он тартиботи мутлакиятро пеш гириф­та буд. Соли 1820 дар Португалия револютсияи буржуази cap зад. Як катор ислохотхои прогрессиви (бархам хурдани имтиёзхои феодалон, инкивизитсия ва гафра) аълон карда шуд. Соли 1822 конститутсияи либерали кабул гардид, Брази­лия сохибистиклол эълон карда шуд. Реаксияи феодали-клерикали дар иттифок бо ашрофони либерали соли 1826 хартияи конститутсиони барпо кард. Соли 1842 хартистон (тарафдорони хар­тия (1826) диктатураи харби баркарор карданд, ки онро шуриши халкии соли 1846 сарнагун кард. Хукумати чапи Салданя (1851—1856) ислохоти махдуди буржуази гузаронида, як катор чорахои иктисоди ва молияви андешид. Аммо тобеияти иктисоди аз Англия, норасоии ка­питали озод ба пешрафти мамлакат монеъ мешуданд. Соли 1875 Партияи сотсиалисти таъсис ёфт, соли 1876 он Партияи республикавии Португалия ном гирифт. Соли 1909 съезди 1-уми миллии иттифокхои касабаи анархосиндакалхо баргузор шуд. Револятсияи бур­жуази (1910) дар Португалия сохти республикави баркарор кард, аммо бокимондахои замони гузашта, таъсири калисо тобеиятро аз капитали Анг­лия бархам дода натавонист. Португалия дар Чанги якуми чахони аз тарафи Ан­танта иштирок кард. Револютсияи Октябр дар Россия ба болоравии харакати коргари дар Португалия таъсири калон ра­сонд. Соли 1921 Партияи Коммунистии Португалия таъсис ёфт. Сустии харакати коргари ва куввахои демократи, аз нуктаи назари сиёсат суст будани республикачиёни буржуази ба доирахои реаксионии помешикон ва капитали калон барои соли 1926 баркарор намудани диктатураи генерал Кармон (солхои 1928—1951 президенти Португалия буд) имконият дод. Соли 1932 А. Салазар сарвазир шуд. Конститу­тсияи нав (1933) тартиботи фашистиро конуни гардонд. Хаман партияхо, гайр аз «Иттифоки милли» таъсисаш 1930, тамоман манъ кар­да шудаанд. Дар Чанги граждании Испания (1936—1939) Португалия франкистон ва интервентхои Германияю Италияро дастгири намуд. Дар давраи Чанги дуюми чахони ба блоки фашисти ёри расонд, дар охири чанг ба тарафи ИМА майл кард. Соли 1948 ба ном ба «Планк Маршалл» хамрох ва ба блоки НАТО дохил шуд (1949); ба ИМА барои дар чазирахои Азор чойгир кардани базахои харбияш (1948) ичозат дод.

Торумор карда шудани Германияи фашисти ба болоравии харакати -де­мократ мусоидат кард. Хукумат барои ба Мачлиси милли пешниход намудани номзадхои оппозитсия хукук дод, лекин таъкиботро зуртар кард. Солхои 60 баромадхои мехнаткашон ба амал омад, харакати студентон авч гирифт, дар мустамликахо харакати озодихохонаи милли cap шуд. Кушунхои Хиндустон (1961), Гоа, Дамаи, Диуро озод карданд. Хукумати Португалия аз додани истиклолият ба Ангола, Гвинея-Бисау, Мозамбик даст кашид, бар зидди куввахои озодихохонаи милли мубориза мебурд. Дар мамлакат аз сиёсати фашисти ва доирахои хукмрон норозиги меафзуд. Партияи Коммунистии Португалия (ПКП) доир ба муттахид намудани омма фаъолона кор мебурд, ба террори хунин нигох накарда ба корпартоихои коргарони саноати ва хочагии кишлок рохбари мекард, дар баромадхо ба мукобили тартиботи фашисти иштирок менамуд. Дар армия хам норозигии умуми ба амал омад, дар он чо Харакати куввахои мусаллах ташкил ёфт. 25 апрели 1974 дар натичаи баромади куввахои мусаллах хокимияти М. Каэтану сарнагун карда шуд. Со­вет начоти милли ташкил ёфт, ки ба вазифахои хокимияти ичроия ва конунбарорро ба амал мебаровард. Дар миёнаи май Совети давлати — (органи конунбарор) ва Хукумати муваккати барпо шуд, ки ба он иштирокчиёни Харакати куввахои Му­саллах ва намояндагони партияхои гуногуни сиёси, аз он чумла, котиби генералии ПКП А. Кунял ва коти­би генералии Партияи сотсиалисти Португалия М. Соариш дохил шуданд. Доир ба демократикунонии мамлакат тадбирхо андешида шу­данд: ба фаъолияти партияхои сиёси ичозат, политсияи махфи cap дода шуда махбусони сиёси озод, сензура бекор, хукуки мехнаткашон барои барпо намудани иттифокхои касаба эътироф карда шуд. Чангхои мустамликадори боздошта шуданд. До­ир ба худмуайянкунии халкхои мустамликахои Португалия (27. 7. 1974) конун кабул карда шуд. Португалия республикаи сохибистиклоли Гвинея-Бисауро эъти­роф кард, бо куввахои миллии Мо­замбик дар бобати соли 1975 эълон карда шудани истиклолияти он рози шуд. Ин чорабинихо дар шароите ба амал бароварда мешаванд, ки реаксия саъю кушиш дорад просес­си демократикунониро боздорад.

Португалия 9 июни 1974 бо СССР муносибатхои дипломати мукаррар намуд.

Португалия аз соли 1955 аъзои ТДМ мебошад.

Соли 1976 барои демократикунонии минбаъдаи мамлакат, барои дигаргунсозихои ичтимоию иктисоди мубориза давом кард. 28 апрели 1976 консти­тутсияи на в чори гардид, ки он музаффариятхои асосии Револютсияи Португалияро пойдор гардонд. 12 август Совети револютсиони аз нав ташкил карда шуд. Мохи сентябр хукумат программаи бартараф карда шуда­ни мушкилихои иктисодиро эълон кард. Ба баъзе нуктахои ин про­грамма мехнаткашон зид баромаданд, чунки накшахои аз тарафи хукумат кашидашуда бино ба изхороти ПКП музаффариятхои револютсиониро дар зери хатари калон мегузошт. Охирхои декабр парламент лоихаи конунеро, ки хукумати М. Соариш дар бораи плани тараккиёти иктисоди ва бючети давлати барои соли 1977 (коммунистон аз овоздихи даст кашиданд) пешниход кард, маъкул донист. Солхои 1981— 1982 вазъият дар мамлакат нихоят мураккаб буд. Январ 1981 ба сари хокимият Ф. Пинту Балсемау омад, ки он асосан рохи собик кабинети «Алянси демократиро» пеш гирифта, барои бархам додани асосхои конститутсионии револютсияи апре­ли 1974 саъю кушиш намуд. «Альянси демократи» ба комиссияи махсуси Мачлиси Республика лоихаи конунро оид ба аз нав дида баромадани Конститутсияи 1976 (апрел) пешниход кард, ки он ба баркароркунии мавкеъхои иктисоди ва сиёсии капитали калон равона шу­да, пароканда намудани Совети револютсиони ва консентратсияи хокимиятро дар дасти хукумат, аз хисоби махдуд намудани ваколати президенти республика, нигаронида шуда буд.

Дар дохили коалитсияи хукмрон зиддиятхо тезу тунд мегардиданд. Каноти рости ПМСД ба МСД, ки дар «Алянси демократи» таъсири худро зуртар карда буд, наздиктар гардид. Дар зери фишори каноти рост хукумати Ф. Пинту Балсемау аз вазифаи сарвазири ба истефоъ баромад. Мохи сентябр баъди як катор компромиссхои тактики дар дохили ПСД ва «Алянси демокра­ти» кабинети ба нав ташкилшудаи у асосаи максаду мароми каноти

ростро ифода мекард. Оммаи васеи табакахои аколи аз сиёсати сотсиали-иктисодии хар ду хукумати «Алянси демократи» норози буданд. Мохи апрел 400 хазор хизматчиёни идорахои давлати корпартои карданд, мохи декабр дар Лисабон намоиши оммави шуда гузашт. Охири сол вазъият дар мамлакат нихоят тезутунд гардид; ПКП вобаста ба ин вазъият дар бобати истеъфои кабинет, cap додани Манчлиси Республика ва пеш аз мухлат гузаронидани интихоботи парламент таклифхо пешниход намуд, ин таклифхо харчониба дастгири карда шуданд.

Дар сиёсати хоричии худ хукумати Португалия пеш аз хама ба блоки НАТО шарик будани худро нишон дода, маъмурияти ИМА ва манфиати НАТО-ро дар хар як масъалаи асо­сии байналхалки бечунучаро тарафдори мекард. Хамкории харби-сиёсии Португалия дар доираи НАТО, пеш аз хама бо ИМА фаъолтар гардид. Хукумати Ф. Пинту Балсемау ба­рои аз тарафи куввахои мусаллахи ИМА истифода карда шудани базахои харбии мамлакат розиги дод. Дар сиёсати хоричи хукумати Португалия муносибатхои худро бо давлатхои Африка мисли пешина давом медихад. Соли 1981 Португалия бо 125 давлат муносибатхои дипломати дошт.

Партияхои сиёси ва иттифокхои касаба. Партияи сотсиалистии Португалия (ПСП). Таъсисаш 1973. Партияи сотсиал- демократи (ПСД, то октябри 1976— Партияи халки-демократи, ПХД). Таъсисаш 1974. Партияи мар к а з и сотсиа л-д емократи (ПМСД). Таъсисаш 1974. Партияи Коммунистии Португалия (ПКП). Таъсисаш 1921. Конфеде ратсияи умумии мехнаткашони Португалия—Интер синдикали милли. Январи 1977 ташкил шудааст.

Хочаги. Португалия мамлакати аграрист. Тобеият аз капитали хоричи (асо­сан аз ИМА, Англия, РФГ), инчунин харочоти калони харби муддати дароз болоравии иктисодии мамлакатро бозмедошт. Даромади милли дар Португалия (ба хар як нафар ахоли) назар ба даромади миллии мамлакатхои нисбатан тараккикардаи чахони капиталисти чандин маротиба камтар мебошад. 46%-и махсулоти миллии умуми ба сахми саноат рост меояд. Энергетикаи мамлакат асосан ба захираи об асос ёфтааст. Португалия ба хорича волфрам, пирит, маъдани уран экспорт мекунад. Гайр аз он маъда­ни калъаги, мис, охан, ангишт (ант­ратсит ва лигнит) истихроч мешавад. Сохахои саноати бофандаги ва хуроквори яке аз сохахои мухим ва анъанавии саноати аз нав коркардабароянда мебошанд. Кисми зиёди корхонахои ин соха дар сохили укёнуси Атлантик дар районхои Лисабон-Сетубал ва Порту чойгиранд. Дар мамлакат корхонахои саноати металлургияи сиёх, заводхои мису калъагигудози, истехсоли алюминий хаст. Солхои охир саноати мошинсози таракки мекунад. Корхонахои киштисози вакиштитаъмиркуни дар иктисодиёти Португалия роли калон мебозанд. Дар хаволии Лисабон (Маргеира) маркази киштитаъмиркуни хаст, ки он ахамияти байналхалки дорад. Гайр аз он мошинхои дарздузи, велосипед, дастгох, двигатели дизел мебарорад. Саноати химия, истехсоли махсулоти нефт ва химияи нефт инкишоф меёбад. Дар шахри Синиш комплекси калони саноати амал мекунад. Корхонахои саноати газвори пахтагин, пашм, чарму пойафзол бисёранд. Португалия аз чихати винокаши дар чахон машхур гаштааст. Португалия ба хорича равгани зайтун, консерви мохи мебарорад. Он аз чихати истехсол ва экспорти пук дар чахон чои 1-умро мегирад. То Револютсия соли 1974 такрибан аз 5/3 хиссаи дехконон дар хочагии кишлок банд буда, тамоман ва ё кисман замин надоштанд. Баъди сарнагун намудани фашизм баъзе дигаргунсозихои аграри ба амал бароварда шуданд. Бо вучуди он масъалахои асосии хочагии кишлок то хол хал нагардидаанд. Дар шимоли Португалия хочагихои хурд, дар чануб то хамин наздикихо заминдории калони помешики хукмрон буд. Сохахои молии хочагии кишлок: токдори, богдори, парвариши дарахти зайтун, ситрус, дар чазирахо банан, ананас, найшакар. Зироати асосии хуроки: гандум, чуворимакка, чавдор, шоли, лубиёгихо, карто­шка. Чорводори суст таракки кардааст. Соли 1982 дар мамлакат (ба хисоби млн cap) — 1,2 гов, 2,4 хук, 5,2 гусфанд буд. Тули рохи охан—3,8 хазор км (1981). Лисабон бандари асосии бахри ва аэропорт мебошад, ки ахамияти байналхалки дорад. Португалия ба хорича пук, консерви мохи, шароб, нахи пахта бароварда аз хорича нефт, мошин, тачхизот, металли сиёх ме­гирад. Шарикони асосии савдояш — мамлакатхои «Бозори умуми», Анг­лия, РФГ, Франсия, Италия, ИМА. Туризм таракки кардааст. В о х и д и нул эскудо.

Тандурусти. Соли 1973 ба хар 1 хазор ахоли таваллуд 20,1, фавт 11,1,_фавти кудакон ба хар 1 хазор кудаки навзод 49,8 нафар буд. Аз касалихои сирояткунанда — касалии шуш, тра­хома, арасии шикампеч, табларзаи тиф, гепатит пахн шудаанд. Каса­лии махав низ мушохида мешавад. Тандурусти давлати ва хусусист. Соли

1971 дар мамлакат 619 касалхона буд. Соли 1972 дар Португалия кариб 9 хазор духтур ( духтур ба 960 нафар ахоли), зиёда аз 5 хазор нафар коркуни миёнаи тибби кор мекард. 3 факултети тиббии назди университетхо кадрхои тибби тайёр мекунад.

Маориф. Соли 1977 35%-и ахолии мамлакат бесавод буд. Барои кудакони синни аз 3 то 6-сола муассисахои томактаби хастанд. Мактаби ибтидои 6-сола, мактаби миёна 5-сола буда, аз ду сикл иборат мебошад. Гайр аз ин мактабхои миёнаи маълумоти умуми, мактабхои касбомузи низ хастанд. Дар Португалия 7 университет ва як институти техники хаст. Соли тахсили 1976/1977 дар онхо 11,895 студент мехонд. Университетхои калонтарин: Университети Коимбра (таъсисаш 1290) ва Университети Лисабон (таъсисаш 1290). Дар мам­лакат 4 академия, 45 мактаби оли, 26 институти тадкикоти илми, 37 китобхона, 42 музей хаст. Китобхонаи миллии Португалия соли 1796 дар Лисабон таъсис ёфтааст. Музейхои калон: Музейи миллии санъати кадима, археология ва этнография, санъати муосир, му­зеи нумизматика, санъати халк ва гайра.

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1974 дар Лисабон чунин газетаву журналхо нашр мешуд:          газетаи «Аванте»

(«Avante»), органи марказии ПКП; «Диариу ду говерну» («Diario do Governо»), органи хукумати; «Диариу ди Лижбоа» («Diario de Lisboa»), «Диариу ди нотисиаш» (Diario de Noticias»), «Диариу популар» («Dia­rio Popular»); бюллетени «Мувименту» («Movimento»), органи Харакати куввахои мусаллах, газетаи харрузаи католики «Новидадиш» («Novi- dades»), «Пову ливри» («Pova Livrе»), органи партияи халки-демократи ва гайра. Агентии ахбороти миллии-Аженсия ди нотисиаш и ди информасойнш (Agenda de Notisias е de Informacoes), таъсисаш 1974, дар Лисабон чойгир аст. Радио ва телевизиони Португалия аз июни 1974 тахти назорати давлат мебошад. Барномахои радио ба забонхои португали, англиси, испани, италияви, немиси ва дигар забонхо бурда мешавад.

Адабиёт. Мачмуи сурудхои кансонеро (португ. cansionero), ки ба охири асри 13 —ибтидои асри 16 тааллук дорад, осори кадимаи адабиёти Португалия мебо­шад. Афсонаву ривоятхои халки ба вакоеъномахои Ф. Лолиш (1380— 1460) ва Г. Эапиш ди Азурара (1410— 1474) гирд оварда шудаанд. Дар давраи Эхё драматургия: Ж. Висенте (такрибан 1470—такрибан 1536), Б. Рибенру (такрибан 1482—1552) , Ф. Сади Мирапда (1481— 1558). А. Феррейра (1528—69) ба ав- чи аъло расид. Нуктаи олии адаби­ёти давраи Эхьё лирикам Л. ди Ка­моэнс (1524 ё 1525—1580) мебошад, ки у дар достони худ «Лузиада» (1572) (дар бораи саёхатя Васко да Гама) мардонагн ва кахрамопин халкро тараннум кардааст. Дар дав­раи хукмронии Испания (1581—1640) таъсири адабиёти испаи хис карда мешавад. Дар асархои Ф. Лобу (ибтидои асри 17), А. Ж. Силва (1705-1739) рухияи ватандустона мушохида ме­шавад. Дар миёни асри 18 гояхои маърифатпарвари инкишоф меёбанд.:

Харакати демократи ва зиддифашетии солхои 30—40 саъю кушиши нависандагони реалистиро ба мавзуи ичтимои зиёд кард: А. Рибейру (1885—1963), Ж. М. Феррейра ди Каштру (таваллудаш 1898), С. Ж. Перейра Гомиш (1909—1949), А. Редол (1911- 1969), Ф. Намора Гонсалвиш (таваллудаш 1919), М. да Фонсека (таваллудаш 1911), М. ду Насименту (1912—1966). Баъди сарнагун гардидани тартиботи фа­шисти соли 1974 нависандагони пешкадам дар офаридани маданияти нави демократи иштирок мекунанд.

Меъмори ва санъати тасвири. Дар Португалия накшаи руи одамон ва хайвоноти давраи палеолит (дар Сантягу— ду-Эшкорал) дар харсангхо, долменхои бисёри давраи неолит (Алижа, Павия), сафол, вайронахои касабахои мустахкам кардашудаи лузитанхо (хазораи 1 то мелод), аз румихо (асри 2 то мелод— асри 5 м) харобахои форуми Конимбриге ва ба ном ибодатхонан Диана дар Эвора, бокимондаи калисохои в е с т г о т х о (асри 7) то замони мо боки мондаанд. Осори маданияти сохтмони араб асосан дар бинокои истикоматии халки авоми чануби мамлакат дида мешавад. Дар Коимбра, Лисабон (асрхои 11— 12) кушку масчид, калисову дайри услуби романи комат рост меку­нанд. Собик касабахои лузитанхо дар асри 12 ба шахрхое табдил меёбанд, ки онхо накшаи вайрон доранд. Дайрхои асрхои 12—14 бо усули готика бино ёфтаанд (Алкабаса, Ба­талий). Дар асрхои 15—16 дар Португалия услуби ба худ хоси «Мануэлино нашъунамо меёбад, ки он дар шакли меъмори ва хайкалтароши хусусиятхои экзотикаи Шаркро дар бар ме­гирад. Барои санъати тасвирии он давра (Н. Гансалвиш, Ф. Фериандиш) хакикат ва рухбаланди хос мебошад. Дар давраи хукмронии Испания (1581—1640) меъмори таназзул мекунад. Санъати ороиши-амалии асрхои 16—17 бо хусусияти ба худ хос ба кулли фарк мекунад, ни дар он анъанахои санъати Европа ва Шарк (мебел, колин, матоъ, сафол ва гайра) дар алокамандии зич ба кор бурда шудаанд. Аз охири асри 17- ибтидои асри 18 шахрсози аз нав таракки мекунад.

Дар санъати тасвирии асри 18-ибтилои асри 19 ба чои анъанахои бароккои Италия (Ф. Виейра Лузитану) класситсизми академи (Ф. Виейра Портузиси) меояд. Аз байни рассомони асри

19 рассоми романтик Д. А. Сикейра ва реалист. К. Бордалу Пинейру Шухрати калон доштапд. Дар асри 20 санъати тасвирии реалистона (Ж. Помар, Р. Рибейру) ва графика (А. ди Фрейташ) якчоя бо кубизм ва рассомии абстракт пеш мерафт.

Мусики. Маданияти мусикии Португалия дар асоси маданияти мусикии халкхое, ки аз кадимулайём (келтхо, румихо, вестготхо, арабхо) дар ин сарзамин хаёт ба cap мебурданд, шакл гирифтааст. Мусикии халкии Португалия анъанахои кадима дорад, он бой ва гуногуншакл мебошад. Жанри суруд ва суруду ракс назар ба жанри инструмснтали бештар таракки кардааст. Дар сурудхои даврахои кадим асосан мехнат, фаслхои сол, дину диёнат тараннум мешавад. Шакли аз хама маъмули он — фаду — суруди яккахони лирики мебошад, ки он бо чуршавии гитара ичро карда ме­шавад; аз раксхо ракси вира маъмул аст. Бисёр сурудхои халки оханги ракси доранд. Жанрхои асосии суруду ракс: шула, малян, маррафа ва гайра. Асбобхои мусикии халкй: гитараи 6-тора, мандалина, даф, ви­ола, гижжак ва гайра. Мусикии касби низ анъанахои кадим дорад. Асрхои 12—13 давраи санъати трубадурхост. Аввалин капелла дар асри 13 дар дарбор ташкил ёфт. Дар асрхои 15— 16 мусикии серовозаи вокалию инструментали хеле таракки мекунад; намояндагони ин жанр: Д. ди Гоиш, М. Кардозу, М. Р. Коэлю. Аз нимаи якуми асри 18 мусикии Португалия дар зери таъсири мусикии Италия монда то асри 20 бо хамин рох пеш мерафт. Бастакорони барчастаи асри 18: К. Сейшаш, Ф. А. Алмейда (муаллифи ав­валин опера дар Португалия, 1733). Бастакори аз хама машхури опера М. Португал мебошад, ки у зиёда аз 50 опера навиштааст. Бастакорони намоёни асрхои 19—20: Ж. Виана да Мота, О. да Силва, Л. ди Фрейташ Бранку, Р. Коэлью, Ф. Лопиш Граса ва дигарон. Маркази хаёти мусики Лисабон мебошад, дар он чо театри операи «Сан-Карлуш» (таъсисаш 1793), Консерваторияи милли, Академияи мусики, капеллаи хори «Поли­фония» ва гайра мавчуданд.. Шахрхои Пор­ту ва Коимбра низ марказхои калони мусикианд.

Театр. Аввалин маълумотхо дар бораи намоишхое, ки характери бадехагуй дошт, ба асри 12 тааллук дорад. Драматург, актёр ва бастакор Ж. Висонти асосгузори театри миллии Португалия мебошад. Аз охири асри 15 театр ва драматургия таракки мекунанд. Асри 16 дар Лисабон театрхои омма­ни ба вучуд меоянд. Дар натичаи таъкиботи инквизитсия ва сензурои калисо санъати театр дар асри 17 таназзул кард. Болоравии театри мил­ли дар солхои 20—30 асри 19 ба пойдор гардидани тамоюли романтизм ва бо ба сахна гузошта шудани пэсахои Ж. Б. Алмейда-Гаррета вобаста аст.

Бо ташаббуси Алмейда-Гаррета дар Лисабон Консерваторияи санъати драма, Театри миллии малика Марилтс II (соли 1846) ташкил шуд, ки он яке аз марказхои маданияти сахнавии Португалия гардид. Аз чоряки аввали асри 20 театр ба зери таъсири чараёни модернисти монд. Баъди Чанги дуюми чахони дар театрхои тачрибави асосан асархое намоиш дода мешуданд, ки онхо ахамияти проблема­тики доштапд. Танхо кисми ночизи арбобони театр асархои классикони адабиёти чахони ва миллиро ба сахна мегузоранд. Дар Лисабон ба гайр аз Театри миллии малика Ма­риям II театри миллии халки, теат­ри бадеи ва гайра хаст.

Кино. Филми аввалин соли 1896 ба нгирифта шуд. Баъди ташкил шудани кинофирмаи «Португалия- филм» (1909) истехсоли филмхо мунтазам шуд. Охири солхои 20— аввали солхои 30 режиссерхои намоёни П. Л. ди Барруш, М. ди Оливейра ва дигарон ба офаридани филмхо камар бас­танд. Дар давраи диктатураи фашисти ва сензураи сахт санъати кинои Португалия катъ гардид. Дар ин давра асосан филмхои тичорати офарида мешуданд. Танхо дар баъзе филмхо — «Дору, мехнати машаккатнок дар дарё» (1931), «Аникаи нодон» (1942), «Шикор» (1965) режиссёр Оливейра, инчунин филмхое, ки солхои 60 режиссёр Ф. Лопиш, Э. ди Суза, П. Роша офариданд саъю кушиши нигох доштани мавкеи ичтимои ва бадеии кинематограф мушохида карда мешавад. Соли 1974 дар Португалия кариб 400 кинотеатр буд.

Ад.: Лагутина Е. И., Латин­ский В. А.. Страны Пиренейского по­луострова. Л., 1977; Биро П., Пор­тугалия. Районно-географический очерк М., 1952; Белявский А. М., Амери­канский империализм на Пиренейском полуострове, М., 1961; Куньял А., Путь к свободе, пе.р. с португ., М., 1967; Коломеец Г. Н. Очерки новейшей истории Португалии, М., 1968; Всеоб­щая история искусств, т. 2 (ки. 1), т. 3, М., 1960—1962.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …