Петровский Григорий Иванович (4. 2. 1878, Харков —9. 1. 1968, Москва), ходими давлатӣ ва партиявию советӣ. Аз оилаи ҳунарманд. Аъзои Партияи Коммунистӣ аз соли 1897. Соли 1897 ба «Иттифоқи мубориза барои озод кардани синфи коргар»-и Екатеринослав дохил шуда, аъзои Комитети екатеринославии РСДРП гардид. Дар Харков, Николаев, Мариупол, Донбасс корҳои партиявӣ бурд. Солҳои 1900 ва 1903 ҳабс шуд. Соли 1905 яке аз ташкилотчиён ва роҳбарони Совети Екатеринослав ва комнтети корпартоии шаҳр буд. Тобистони 1906 ба Германия ҳиҷрат кард. Соли 1912 депутати Думаи 4-уми давлатӣ интихоб гардид.
Дар Дума ҳамчун намояндаи фраксияи болшевики сиёсати зидди халқии ҳукумати подшоҳиро фош кард. Иштирокчии маҷлисҳои машваратии КМ РСДРП бо коркунони партиявӣ дар Краков (декабри 1912) ва Поропин (сентябри 1913), ба ҳайати КМ кооптасия карда шуда буд. Дар газетаи «Правда» кор карда, соли 1913 ношири расмии он гардид. Ноябри 1914 ҳамроҳи дигар депутатҳои болшевикии Дума ҳабс ва феврали 1915 якумрӣ ба кишвари Турухан бадарға карда шуд. Дар давраи Револютсияи феврали 1917 Комиссари вилояти Ёқутистон буд. Июни 1917 ба Петроград баргашта, дар тайёр кардан ва гузарониданн револютсияи сотсиалистӣ дар Петроград ва Украина (Екатеринослав, Донбасс) иштирок намуд. Вакили Съезди 2-юми Умумироссиягии Советҳо. Солҳои 1917—1919 комиссари халқии корҳои дохилии РСФСР. Солҳои 1919—1938 раиси КИМ-и Умумиукранна.
1922—1937 яке аз раисони КИМ-и СССР, 1937—1938 ҷонишини раиси Президиуми Совети Олии СССР. Аз соли 1940 ҷонишини директори Музой револютсияи СССР. Вакили съездҳои 7,9- 17-уми партия: дар съездҳои 7-ум ва 9-ум номзад ба аъзоии КМ, дар съездҳои 10—17 аъзоя КМ ВКП(б) интихоб гардида буд; солҳои 1926—1939 номзад ба аъзоии Бюрои Сиёсии КМ ВКП(б). Аъзои КМ ва Бюрои сиёсии КМ ПК (б) РССУ буд. Бо 2 ордепи Ленин ва 3 орденҳои дигар мукофотонида шудааст. Дар девори Кремли Майдони Сурхи “Москва мадфун аст.