Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петровский Борис Василевич

Петровский Борис Василевич

Петровский Борис Василевич (таваллудаш 27. 6. 1908, Ессентуки), ҷарроҳи советӣ, ташкилотчии нигаҳдории тандурустӣ ва ходими давлатӣ, акад. АФ СССР (1966) ва АИТ СССР (1957), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968). Аъзои КПСС аз соли 1942. Соли 1930 факултетити тиббии Унститути 1- уми давлатии Москваро хатм кардааст.Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарчарроҳи овакогоспиталҳои армияи амалкунанда (1941—1944) буд. Солҳои 1948— 1965 дар як қатор донишкадаҳои мамлакат Институтҳои тадқиқоти илмӣ ва Унститути Будапешт (1949—1951) дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 1965—1980 вазири нигаҳдории тандурустии СССР.

Корҳои асосии Петровский ба усулҳои бо роҳи ҷарроҳӣ муолиҷа намудани саратони сурхрӯда, иллати дилбахшида шудаанд. Петровский дар СССР аввалин шуда протези клапанҳои дилро бо муваффақият истифода бурд; усулҳои гирифта шинондани гурда, пластикаи бронхҳо ва трахеяро кор карда баромад. Вай мактаби ҷарроҳоиро ташкил намуд. Петровский раиси Ҷамъияти Умумииттифоққи ҷарроҳои (1003), ноиб-президенти Ҷамъияти европоии ҷарроҳони дилу раг (1959), аъзои фахрии бисёр академияҳо ва ҷамъиятҳои илмии хориҷӣ мебошад. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1960), Мукофоти давлатии СССР (1971), сармуҳаррири нашри 3-юми Энсиклопедияи калони тиббӣ, Номзад ба аъзогии КМ КПСС (аз 1966), Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 6—8). Бо 3 орденн Ленин, 3 ордени дигар, якчанд орденҳои хори­ҷӣ ва инчунин медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Хирургическое лечение равеяиЛ сосудов. М., 1949; Хирургическое лече­ние рака пищевода и кардии, М., 1950; Переливание крови в хирургии. М., 1.954; Хирургия средостения, М., 1960; Избр. лекции по клинической хирургии, м., 1968; Хирургия ветвей дуги аорты. М.. 1970 (хамрохи И. А. Беличенко ва В. С. Крылов).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …