Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пайвандак

Пайвандак

Пайвандак, калимаи ёридиҳандаи нутқ буда, аъзои ҷумла ва ху­ди ҷумлаҳоро бо хам мепайвандад. Пайвандакҳо аз рӯи маънои грамматикии худ ба ду гурӯхи калон — пай­васт к у н а н д а  ва  тобеъку­нанда ҷудо мешаванд. Пайвандакҳои пайвасткунанда, ки ҷумлаҳои баробарҳуқуқро алоқаманд мекунанд, се хел мешаванд:

1) Пайвандакҳои паиҳам (ва, у, хам, на-на, чи-чи); 2) хилофӣ (аммо, вале, лекин); 3) ҷудоӣ (гоҳ-гох, хоҳ-хох). Пайвандакҳои тобеъкунанда ҷумлаҳои пайравро бо сарҷумла тобеъ ва алоқаманд намуда, аз рӯи вазифаашон ба чунин хелҳо чудо меша­ванд: тобеъкунандаи сабаб (ки, зе­ро, чунки, азбаски), мақсад (ки, то, то ки, барои он ки), замон (ки, чун, вақте ки, ҳамин ки, ҳангоме ки), тарзи амал (дар ҳолате ки, бе он ки), монандн (чунонки, мисли он ки, гӯё ки), миқдору дараҷа (ба андозае ки, ба қадре ки, ба ҳадде ки), хилофӣ (агарчӣ, гарчанде ки, ҳол он ки, бо вучуди он ки).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …