Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Панфилов Михаил Михайлович

Панфилов Михаил Михайлович

Панфилов Михаил Михайлович (таваллудаш 1915, деҳаи Грачёвкаи райони Ки­нели вилояти Куйбишев) Қахрамони Иттифоқи Советӣ (1943), сержанти калон. Соли 1929 Панфилов баъди хатми мак­таби ибтидоӣ касби дуредгариро ихтиёр намуд. Соли 1938 ба шаҳри Папҷакент омада, дар идораҳои бинокорӣ кор кард. Августи 1941 Панфилов ба армияи амалкунанда рафта, дар муҳорибаи Курск, озод наму­дани Харков ва ғайра иштирок кард. Ҷанговари собиқ полки 1669-уми қиркунандаи артиллерии армияи 7- ум, гвардиячӣ Панфилов ҳангоми аз дарёи Днепр гузаштан қаҳрамонӣ нишоп дод.

5 октябри 1943 дар яке аз участкаҳои фронт душман бо мақсади барҳам додани мавқеи дар соҳили рости дарёи Днепр, дар деҳаи Бабаевка ишғолкардаи аскарони мо ба хуҷум гузашт. Аскарони пиёдаи сершумори душмашро танку самолётҳои он дастгирӣ мекарданд. Ҳангомн яке аз ҳамлаҳо ба сӯи тупи Панфилов як танки «Паланг», ду танки миёнавазн ва як танки сабук равона шуд. Расчёти Панфилов бо чанд тири тӯп як танки миёнавазн ва як танки сабукро нобуд сохт.

Панфилов бо тӯпи танкзани худ аз июл то октябр 1943-юм 3 танк, 2 ав­томашина, 6 пулемёт, 3 батареяи миномёт ва тақрибан 100 нафар гитлерчиёнро несту нобуд кард. Барои ин корнамоӣ Панфилов бо ордени Ҷанги Вата­нӣ (дараҷаи 2) ва бисёр медалҳо сарфароз гардид. Панфилов соли 1944, баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзе (Киев) боз ба фронт меравад. Баъди ҷанг Панфилов ба Тоҷикис­тон баргашта, дар шаҳри Панҷакент вазифаҳои гуногунро адо кард. Панфилов сонитар дар колхлзи ба номи Калинини районини Самарқанд дуредгар буд. Аз соли 1975 дар нафақа.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …