Палата, 1) номи худи органҳои намояндагӣ ё номи қисми таркибии ин ё он органҳои намояндагӣ (масалан, дар СССР дар ҳайати Совети Олии СССР ду Палатаи баробарҳуқуқ — Совети Иттифоқ ва Совети Миллатҳо вуҷуд доранд).
2) Номи баъзе органҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва муассисаҳост (масалан, Палатаи савдою саноат, Палатаи китобҳо). 3) Дар Россияи тореволютсионӣ Палатаи судӣ — органҳои тафтишотии корҳои гражданию ҷиноятӣ, ки мувофиқи ислоҳоти судии соли 1864 таъсис ёфта буд.