Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии исломии ПОКИСТОН

Ҷумҳурии исломии ПОКИСТОН

ПОКИСТОН, Республикаи исломии  Покистон. Покистон— давлат дар Осиёи Ҷанубӣ. Дар Ҷанубу Ғарб бо Эрон, дар Ғарб ва Шимолу Ғарб бо Афғоннстон, дар Шимолу Шарқ бо Хитой, дар Шарқ бо Ҳиндустон ҳамсарҳад аст. Аз Ҷануб онро баҳри Араб иҳота кардааст. Масоҳаташ 803,9 ҳазор км2. Аҳолиаш ,85,6 млн нафар (1982). Пойтахташ шаҳри Исломобод. Территогии Покистон аз ҷиҳати маъмурӣ ба 4 музофот, як гоҳияи федералии Исломобод ва ноҳияҳои қабилаҳо тақсим шудааст. Сохти давлатӣ. Покистор— республикаи федеративӣ. Конститутсияи ҷориаш соли 1973 қабул шудааст. Аз соли 1977 ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия дар дасти Совети ҳарбист; аз соли 1978 генерал Зиёулҳақ президент мебошад, ки дар айни ҳол сардори ҳукумат ва сарфармондеҳ буда, масъалаҳои идораи нигаҳдории тандурустӣ ва танзими аҳолӣ, илм ва техника, идораи музофотҳо ва ноҳияҳои сарҳад дар дасти ӯст.

pakistan

Табиат. Терреторияи Покистон аз Ҷанубу Ғарб ба самти Шимолу Шарқ қариб ба 1500 км кашол шудааст. Қисмҳои шим ва шимолу ғарбии онро кӯҳҳо ва баландиҳо ишғол кардаанд: дар Шарқ ва ҷануб шарқи он ҳамвории пасти Ҳинд воқест.

Дар Ҷанубу Шарқ резишгоҳи дарëи Ҳинд воқест. Ҳамвории Ҳинд аз сатҳи баҳр дар пастии 200 м воқеъ гардидааст, ки релефаш асосан якранг буда, дар баъзе ҷойҳо оббурдаҳо, водӣ, канал ва маҷроҳои хушки дарёҳо дорад. Қисми ғарбии биёбони Тор аз Ҷануб Шарқ ба Покистон дохил мешавад. Дар қисми ҳамвории ҳавзаи дарëи Ҳинд ноҳияҳои табиӣ ва маданию таърихии Панҷоб ва Синд воқеъ гардидаанд. Ҳамвории Ҳиндро кӯҳҳо печонда гирифтаанд. Қисми Ғарб ва Шимол ғарби Покистонро шохаҳои интиҳои Куҳсори- Эрон — Макрон, Киртхар, кӯҳҳои Сулаймон ишғол қардаанд. Дар Шимол силсилаи қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш ва Ҳимолой (нуқтаи баландтаринаш қаторкӯҳи Тириҷмир—7690 м, Ҳиндукуш) тӯл кашидаанд, ки онҳоро водиҳои чуқури дарёҳо аз ҳам ҷудо мекунанд. Покистон канори шимолу ғарбии платформаи Ҳинд ва қисми минтақаи чиндори баҳри Миëназаминро дар бар мегирад. Сарватҳои зериааминиаш нефт, газ, ангишт, маъдани оҳан, марганетс, сурб, руҳ, сулфур, боксит, сурма, барит, намаксант, гач, магнезит, оҳаксанг ва гил.

Иқлимаш дар қисми ҳиёди Покистон тропикӣ, дар Шимолу Ғарб— субтропикӣ, хушки континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ дар водии Ҳинд 12—16°С, дар соҳили баҳри Араб то  20°С, дар кӯҳсори Шимолӣ хунук, дар баландкӯҳҳо то  20°С. Ҳарорати миёнаи июл дар биёбонҳои Ҷануб ва Ҷанубу Шарқ то 35°С, дар соҳили баҳр 29°С, дар кӯҳсор ва суфакӯҳҳои Покистон 20—25°С, дар баландиаш то 5000 м то 0°С. Боришотт солона дар соҳил 150—250 мм, дар Синд —100—200 мм (дар биёбонт Тор то 50 мм), дар водӣ ва суфакӯҳҳои Шимолу Ғарб 250— ; 400 мм, дар Панҷоб ва доманакӯҳҳо 350—500 мм, дар кӯҳсори шимоли мамлакат — 1000—1500 мм. Қисми зиёди территорияи Покистон ба ҳавзаи дарëи Ҳинд мансуб аст. Дар Панҷоб дарëҳои Ҷиноб, Рави, Ҷелам ва ғайра ҳастанд. Ноҳияҳои алоҳидаи биёбони Тор ва қиоми ғарбии Балуҷистон дарё надорад. Барои обёрии заминҳо канали бисёр канда  шудааст. Хокаш дар ҳамвориҳо асосан хокистарранг ва хокистарранги дорчинӣ. Дар Ҷанубу Шарқ, дар биёбони Тор қумзор, хоки қумзори пастхамиҳои байникӯҳии Балуҷистон башӯрзамин табдил меёбад. Дар куҳсор асосан  хоки кӯҳии дорчипӣ, бӯри ҷангалӣ, кӯҳии марғзорӣ мушоҳида мешавад. Майдони зиёд киштукор мешавад (хусусан дар Панҷоб), набототаш -нимбиёбони ва биёбонист. Набототи биёбони Тор ниҳоят камбағал мебошад.

Дар ҳамвории Ҳинд саваннаи нимбиёбонӣ ва биёбонӣ, қад-қади дарëи Ҳинд ва дигао дарёҳо буттазору дарахтзор ва қамишзор, дар резишгоҳи Ҳинд ва қад-қади соҳили баҳри Араб ҷо-ҷо дарахтони мангр мерӯяд. Дар паҳнкӯҳи Эрон саросар буттаҳои хордор мерӯянд. Дар кӯҳҳои Балуҷистон дарахтони писта ва арча ҳаст. Дар кӯҳсори Шимол, дар баландии 1500—3000 м дарахтони баргрез ва сӯзанбарг месабзад. Ҳамагӣ 3%-и терреторияи Покистонро беша пӯшонидааст. Дар водиҳо дар гирду атрофи маҳалҳои аҳолинишин хурмо, меваи ситрусӣ ва ғайра  парвариш мешавад. Қад-қади каналҳо дарахтони тут мерӯянд. Олами ҳайвоноти Покистон бой ва гуногун; юэ, архар ва нахчтр, оҳу, кафтор, шағол, гуроз, гӯрхар ва ғайра. Хояндаҳо, паррандаҳо ва мор ниҳоят бисёранд. Дар дарёи Ҳинд тимсоҳ ҳаст. Баҳри Араб аз моҳӣ бой аст.

Аҳолӣ. Покистон давлати сермиллат буда, аксарияти аҳолии он панҷобиҳо мебошанд. Ба ғайр аз он дар Покистон паштунҳо, балуҷҳо, браҳуиҳо, дар интиҳои Шимол халқҳои кӯҳистон — кхо ва кӯҳистониҳо зиндагӣ мекунанд. Дар шаҳрҳо гуҷаротиҳо, раҷастаниҳо (асли баромадашон аз Ҳиндустон), порсҳо ва дигар ҳаёт ба сар мебаранд. Забони расмӣ — урду (муаққатан инчунин — англисӣ). Зиёда аз 98%-и аҳолӣ пайрави дини ислом; инчунин пайравони ҳиндутя, насрония, зардуштия низ ҳастанд. Аҳолӣ дар мамлакат ниҳоят нобаробар ҷойгир шудааст. Агар зичии аҳолӣ ба ҳисоби миёна дар 1 км2 205 кас бошад, пас дар Балуҷистон дар 1 км2 ҳамагӣ 7 кас рост меояд. 25%-и аҳолӣ дар шаҳрҳо иқомат мекунад. Шаҳрҳои калон: Қарочӣ, Лоҳур, Лайалпур, Ҳайдаробод, Равалпинди, Мултон, Пешовар, Исломобод.

Очерки таърихӣ. Одам дар терреторияи Покистон ҳанӯз охирҳои давраи якуми байни яхбандиҳо маскан карда буд. Дар давраи неолит дар водиҳои дарёҳо зироат ривоҷ ёфт. Дар ҳазораи 3 то мелод дар водии дарёи Ҳинд ва шохобҳои он аввалин давлатҳо ба вуҷуд омаданд. Дар асрҳои 7—6 то мелод мувофиқи анъалаҳои буддоия дар территорияи Покистон аввалин давлатҳои ориёни Ҳинд—Мадра, Гандҳара, Совира ва дигар барпо гардиданд. Охири асри 6 то мелод қариб тамоми заминҳои водии Ҳинд ва шохобҳои он ба ҳайати империяи қадимаи форсҳо — Ҳахоманишиён дохил карда шуд. Солҳои 327— 325 то мелод заминҳои ҳавзаи Ҳиндро (то соҳилҳои дарёи Биаз) Искандари Мақдунӣ забт кард. Баъди вафоти Искандар (323 то мелод) он заминҳо ба ҳайати империяи Маврия ҳамроҳ карда шуданд. Ибтмдот асри 2 то мелод дар территорияи Покистон давлати Юнону Ҳинд барпо гардид. Асрҳои 1—3 мелод ҳавзаи Ҳинд ба давлати Қушониён дохил буд.

Асрҳои охириии то милод ва асрҳои аввали милод давраи нашъунамои маданияти ҷамъияти ғуломдорӣ дар ҳавзаи Ҳинд буд. Баъди заволи давлати Кушониён ноҳияҳои ғарбии Покистони ҳозира ба ҳайати империяи Сосониён, ноҳияҳои шарқӣ ба империяи Гуптҳо ҳамроҳ карда шуд. Дар нимаи дуюми асри 5 дар ин ҷо ҳокимияти хионитён ё ҳайтолиҳо (то миёнаи асри 6) пойдор шуд, шаҳри Шакала (ҳозира Сиалкот) пойтахти онҳо гардид. Асрҳои 6—7 дар территорияи Покистон якчанд давлати нахустини феодалӣ барпо шуд. Ибтидои асри 8 арабҳо Синд ва қисми ҷануб Панҷобро забт карданд. Баробари истилои арабҳо дили ислом ҳам васеъ паҳн шудан гирифт. Соли 750 баъди торумор гардидани Хилофати Умавиён Синд ба давлати мустақил табдил ёфт. Дар ибтидои асри 10 Мултон ҳамчун мулки мустақил ҷудо шуд. Дар ибтидои асри 11 дар ҳавзаи Ҳинд Ғазнавиён, охири асри 12 Ғурриён, ибтидои асри 13 салтанати Деҳлӣ пойдор шуд. Сарфи назар аз ҷангҳои пай дар ҳам, исёнҳои феодалон ва тохтутозҳои бешумори аҷнабиён (муғулҳо дар асриҳои 13—14, Темур охири асри 14), ки ба болоравии қувваҳои истеҳсолкунанда ҳаматарафа монеъ мешуданд, шаҳрҳои калони ҳавзаи Ҳинд (Лоҳур, Мултон, Пешовар, Татта ва дигар) ба марказҳои муҳими иқтисодӣ ва маданӣ табдил ёфтанд; ин шаҳрҳо дар муносибатҳои тиҷоратии давлатҳое, ки дар Ғарб ва Шимоои Ҳннд воқеъ гардида буданд, роли калон мебозиданд. Ин шаҳрҳо дар давраи Темуриёни Ҳинд, баъди таназзули салтанати Деҳлӣ низ аҳамияти худро то ибтидои асри 18 гум накарданд. Дар натиҷаи зӯр шудани истисмори феодалон охири асри 17— ибтидои асри 18 деҳқонон ва табақаҳои поёни аҳолии мамлакат шӯриш бардоштанд, дар ин шӯриш сикхҳо роли асосӣ бозиданд. Дар миёнаи асри 18 территорияи Покистониҳоро амири Афғонистон Аҳмадшоҳи Дурронӣ зери даст кард. Соли 1765 сикхҳо Лоҳурро забт карданд. Дар Панҷоб якчанд мулки сикхҳо барпо шуд, ки Раяҷит Сингх (солҳои 1799—1839 ҳукмронӣ кардааст) ин мулкҳоро ба давлати ягона муттаҳид кард. Охири асри 18 дар Синд ва Балуҷистон дар натиҷаи суст шудани ҳокимияти шоҳони Дуронӣ якчанд мулкҳои феодалӣ оа вуҷуд омадалд. Мустамликадорони Англия соли 1843 Синд, солҳои 1845—1849 Панҷоб, 1854, 1876, 1879, 1893 Балуҷистонро забт намуда, қабила ва мулкҳои паштунҳои шарқиро ба худ тобеъ карданд. Дар баробари таназзули феодализм барои тараққӣ кардани капитализм имконият фароҳам омад, аммо зулму истибдоди мустамликавӣ ба пешрафти ин промессҳо монеъ мешуд. Дар ибтидои асри 20 ҳаракати миллии озодихоҳонаи халқҳо ба худ тамоюли револютсионии демократӣ гирифт, аввалин ташкилотҳои револютсионӣ-демократӣ ва коргарӣ ташкил шуданд; солҳои 30 ғояҳои сотсиалистӣ торафт бештар паҳн гардиданд. Муборизаи яроқноки халқҳо дар территорияи Покистон (шӯриши хурҳо дар Синд —1896—1908; шуриши қабилаҳои паштун—1919—21; шӯриши Пешовар—1930; шӯришҳои Балуҷистон солҳои 1897—1900,1915—1916,1925,1927— 1928) пойдевори ҳокимияти мустамликадоронро суст мекарданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) мустамликадорони Англия соли 1947 маҷбур шуданд, ки истиқлолияти  Ҳиндустонро эътироф кунанд. Собиқ Ҳиндустони Британня ба ду давлат— Ҳиндустон ва Покистон ҷудо карда шуд. 14 августи 1947 Покистон давлати соҳибистиқлол эълон гардид. 1 майи 1948 СССР бо Покистон муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монд.

Аз давраи ҳокимиятдории Англия ба Покистон иқтисодиёти қафомонда мерос монд. 90% аҳолӣ дар қишлоқ мезист. Солт 1948 саноати фабрикӣ ҳамагӣ 1,4%-и даромади миллии мамлакатро дод. Дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт монополияҳои Англия ҳукмрон буданд. Аз рӯи дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ қисми шарқии Покистон аз қисми ғарбии он хеле қафо мемонд. Мақсади асосии ҳаёти сиёсии Покистон мубориза барои муайян намудани роҳи тараққиёти мамлакат, суръат ва усулҳои гузаронидани ислоҳот, барҳам додани мероси мустамликавӣ ва мустаҳкам кардани исттқлолияти мамлакат буд.

То соли 1954 дар ҳаёти сиёсии Покистон Лигаи мусулмонҳо ҳукмрон буд; фаъолияти он ба мустаҳкам кардани мавқеи заминдорони калони Покистои Ғарбӣ ва буржуазияи калони мусулмонӣ равона карда шуда буд. Чунин сиёсат норозигии оммаи васеи аҳолиро ба миён овард. Охири соли 1947 ҳаракати коргарӣ авҷ гирифт; соли 1948 Партияи Коммунистии Покистон таъсис ёфт. Ҳаракатт деҳқонон, алалхусус дар Покистони Шарқӣ вусъат ёфт. Ошӯбҳои деҳқонон доираҳои ҳукмронро барои қабул кардани якчанд қонунҳои аграрӣ маҷбур кард.

Дар натиҷаи ҳал нагардидани масъалаи асосии тараққиёти Покистон табақаҳои васеи аҳолӣ аз Лигаи мусулмонҳо дур шуд; дар дохили он муборизаи фраксиояӣ авҷ гирифта охири солҳои 40— ибтидои 50 аввалин партияҳои оппозитсионии буржуазии демократӣ ташкил шудаяд.

Торафт зиёдтар шудани мушкилоти иқтпсодӣ ва алҳол боқӣ мондани таъсири мононолияҳои Англия норозигтт қисми ҳарбиёни ватандӯстро ба миён овард. Марти 1951 иштирокчиёни оппозитсияи армия ҳабс карда шуданд. Партияи коммунистӣ ва ташкилотҳои демократӣ дучори таъқиб гардиданд. Дар доираи табақаҳои ҳукмрон ҳам мубориза тезу- тунд шуд. 16 октябри 1951 сарвазири Покистон Алихон кушта шуд.

Баҳори 1953 дар Покистони Ғарбӣ шӯрише сар зад, ки он мавқеи доираҳои ҳукмронро хеле суст кард. Моҳи декабри 1953 дар Покистони Шарқӣ Фронти муттаҳидаи партияҳои оппозитсионӣ ташкил шуд, он моҳи марти 1954 ба Лигаи мусулмонҳо зарбаи ҳалокатовар расонд. Бо сардории А. К. Фазлулҳақ ҳукумати Фронти муттаҳида ташкил шуд. Доираҳои ҳукмрони Покистон бо мақсади нигоҳ доштани ҳокимият Покистони Шарқиро дар ҳолати фавқулодда эълон карданд; 30 майи 1954 ҳукумати Фронти муттаҳнда пароканда шуд, 5 нюни 1954 фаъолияти Партияи коммунистӣ дар Покистони Шарқӣ, 24 июл дар Покистони Ғарбӣ манъ карда шуд. 24 октябри 1954 Покистони Ғарбӣ низ дар ҳолати фавқулодда эълон гардид. Соли 1954 Покистон ба СЕАТО, 1955 ба муоҳидан Бағдод (аз 1959 СЕНТО) дохил шуд. Интихобот ба Маҷлими муассисони Покистон (июни 1955) дар бобати торафт паст шудани обрӯю эъттбори доираҳои ҳукмрон шаҳодат медод. Бо мақсади дар сари ҳокимият мондан пешвоёни Лиган мусулмонҳо ба ҳаракати миллии халқи Бангола гузашт карданд. Соли 1954 забони банголӣ дар баробари забони урду забони давлатии Покистон эълон карда шуд. 29 феврали 1956 Маҷлиси муассисон конститутсияи Покистонро қабул кард, ки мувофиқи он 20 марти 1956 Покистон Республикаи Федеративии Исломии Покистон эълон гардид.

Коалитсияи пешвоёни рости Фронти муттаҳида бо Лиган мусулмонҳо, ки ба Фронти муттаҳида дохил мешуданд, боиси норозигии партияҳои чап ва марказӣ гардид. Сентябри 1956 ҳукумати коалитсионӣ — Авоми лиг— Партияи республикавӣ барпо гардид. Аммо ин ҳукумат ҳам аз ҳалли масъалаҳои муҳим баромада натавонист. Коргарон ба таври оммавӣ корпартоӣ мекарданд, ҳаракати деҳқонӣ ва миллӣ авҷ гирифт. Дар баробари он муборизаи гурӯҳҳои гуногуни доираҳои ҳукмрон зуртар шуд. Дар чунин вазъияти басо мушкил 7—8 октябри 1958 табаддулоти ҳарбӣ шуд, конститутсия бекор, фаъолтяти партияҳои сиёсӣ манъ карда шуд. 27 октябрт 1958 сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ М. Айюбхон президент шуд. Дар натиҷаи табаддулот мавқеи буржуазтяи калон ва помешикон мустаҳкам гардид. Соли 1962 конститутстяи нав қабул шуд. Солҳои 1962 ва 1965 Айюбхон боз президент интихоб гардид. 4 марти 1961 байни Покистон ва СССР оид ба ҳамкорӣ дар ҷустуҷӯи нефт ва газ шартнома ба имзо расид. Тирамоҳи 1965 байни Покистон ва Ҳиндустон боз низоъ хеста ба задухӯрди яроқнок мубаддал гашт. Ҳукумати Советӣ 4 ва 17 сентябри 1965 ба Покистон ва Ҳиндустон барои барқарор намудани амният ва беҳтар кардант муносибатҳо таклифҳои дӯстона пешниҳод кард; бо ташаббуси Иттифоқи Советӣ 4—10 январи 1966 дар Тошкент вохӯрии президенти Покистонв а сарвазири Ҳиндустон шуда гузашт; декларатсияи дар Тошкент ба имзо расидан онҳо барои хушӣ ба хушӣ ҳал намудони низоъ роҳ кушод.

Задухӯрди яроқноки соли 1965 бо Ҳиндустон ба иқтисодиёти Покистон зарари калон расонд. Солҳои 1966—1969 дар мамлакат ҳаракати коргарӣ, студентӣ ва миллӣ вусъат ёфт. 25 марти 1969 М. Айюбхон ҳокнмиятро ба генерал М. М. Дҳёҳон супурд, дар мамлакат боз тартиботи ҳарбӣ барқарор шуд.

Моҳи декабри 1970 бори якум дар таърихи Покистон интихоботи умуми шуда гузашт. Дар он партияҳое, ки бо программаи дигаргунсозиҳои демократӣ баромад мекарданд, ғолиб баромаданд: дар Покистони Шарқӣ Авоми лиг бо роҳбарии Муҷибурраҳмон ва дар Покистони Ғарбӣ партияи халқии Покистон (Партияи халқӣ) боз роҳбарии 3. А. Бҳутто. Роҳбарияти Авоми лиг талаб намуд, ки ҳокимият ба ихтиёри Маҷлиси миллӣ дода шуда дар конститутсия ҳуқуқи Покистони Шарқӣ ҳамчун мухторияти регионалӣ қайд карда шавад. Саркашии доираҳои ҳукмрони Покистон аз ин талабот ба бӯҳрони тезутунди сиёсӣ оварда расонд. 26 мартп 1971 ҷавобан ба таҳқиру ҷазодиҳии ҳукуматдорони Покистон (территортят Покистони Шарқӣ) Респӯбликаи Халқии Бангладешк соҳибистиқлол эълон карда шуд. Муҳоҷирати миллионҳо нафар гурезагон аз Покистони Шарқӣ ба Ҳиндустон муносибатҳои Покистону Ҳиндустонро ниҳоят тезутунд намуда, ба задухӯрди калони яроқноки тарафайн (декабри 1971) оварда расонд. 16 декабри 1971 қушунҳои дар Дакка истодат Покистон таслим шуданд. Баъди ду рӯз дар ғарби мамлакат ҳам амалиётҳои ҳарбӣ қатъ гардиданд. 20 декабрт 1971 Яҳёхон ба истеъфо баромад, ба сари ҳокимият 3. А. Бҳутто омад. Президенти Покистон Бҳутто ва сарвазири Ҳиндустон И. Ганди дар Симла (1972) бо ҳам вохӯрда, ин масъалаи ҷанҷолиро осоишта ҳал карданд.

Ҳукумати 3. А. Бҳутто солт 1972 як қатор дигаргунсозиҳои прогрессивӣ гузаронд, банкҳот хусусӣ, ширкатҳои суғурта ва ғайра миллӣ кунонида шуданд. Ҳолати ҳарбӣ бекор, фаъолияти партияҳои демократӣ ва ҷамъиятӣ қонунӣ шинохта шуд. 10 апрели 1973 конститутсияи нав қабул шуд (14 августи 1973 ба ҳукми қонун даромад); дар республикаи федеративии Покистон музофотҳо ба мухторияти васеъ соҳиб шуданд. Августи 1973 Фазлуллоҳ Чоудҳури президенти Покистон интихоб ва Бҳутто сарвазир шуд. Дар сиёсати хориҷии Покистон дигаргуниҳо рӯй доданд. (Покистон аз ҳайати СЕАТО, Иттиҳоди Британия баромад, бо РСВ, РДГ ва РХДК муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монд, 1972). Марти 1972 президенти Покистон 3. А. Бҳутто ба СССР ташриф овард, ки он дар кори беҳтар шудани муносибатҳои ҳар ду давлат аҳамияти муҳим дошт. Чанде баъд аз ташрифи президент дар бобати мубодила дар соҳаи маориф, илм, маданият, санъат ва спорт, доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ, обороти мол дар солҳои 1973—1975 байни СССР ва Покистон шартномаҳо ба имзо расиданд. Ташрифи расмии сарвазири Покистон 3. А. Бҳутто (октябри 1974) ба Москва ба ннкишофи минбаъдаи муносибатҳои судманди байни Покистон ва СССР ва мӯътадил гардидани вазъият дар Осиёи Ҷанубӣ мусоидат кард.

Соли 1977 муборизаи байни партияҳо ниқоят шиддат гирифт. Кор ба дараҷае расид, ки роҳбарияти партияи Иттиҳоди миллии Покистон, ки соли 1977 дар натиҷаи муттаҳид шудани якчанд партияҳои оппозитмионӣ таъсис ёфта буд, натиҷаи интихоботи Маҷлиси Халқиро эътироф накард ва ҳукуматро ба қаллобӣ муттаҳам намуда, истеъфои 3. А. Бҳутторо талаб кард. Охири марти 1977 Маҷлиси Халқӣ Бҳутторо боз сарвазир интихоб карда буд, ки мамлакат ғарқи бӯҳрони шадиди сиёсӣ гардид — баъзе моддаҳои конститутсия аз эътибор соқит дониста шуд, дар мамлакат вазъияти ҳарбӣ ҷорӣ карда шуд, парламент пароканда гардид ва дар чунин шароит ба сари ҳукумат ҳарбиён омаданд. Сардори штаби қӯшунҳои хушкигард генерал Зиёулқақ тамоми ҳокимиятро ба даст гирифта тартиботи сахти қарбӣ ҷорӣ кард ҳатто президент акнун наметавонист бе маслиҳати ҳарбиён дар масъалаи муносибатҳои хориҷии Покистон қароре барорад. Августи с. 1977 Комиссияи махсуси ҳукуматӣ ба тафтиши таҳрифи қонунҳои интихобот шурӯъ карда худи ҳамон моҳ 3. А. Бҳутто ва якчанд роҳбарони Партияи халқии Покистонро ба қабс гирифт. 3. А. Бҳутто ба қатл мақкум карда шуд ва роҳбарони бисёр давлатҳо авфи ӯро илтимос карда бошанд ҳам Зибулҳақ илтимоси касеро ба инобат нагирифта 4 апрели 1979 3. А. Бҳутторо ба дор кашид. Соли 1978 таъқиботи шадиди муқобилони сиёсати ҳарбиён давом кард, бисёр ходимони пешқадами мамлакат шуданд. Январи 1978 3иёулҳақ Шӯрои мушовирон ном чизе ташкил дод, ки он дарвоқеъ вазифаи ҳукумати муваққатиро иҷро менамуд. Гарчанде Зиёулҳақ аз рӯзе ба сари ҳокимият омаданаш интихоботи нав ва ташкили ҳукумати гражданиро ваъда дода бошад ҳам то ба ҳол ин корро накардааст. Баръакс, таъқиботро зӯртар карда зӯрию худсариро ба ниҳоят расонд ва сентябри 1978 президент Чоудҳуриро ба истеъфо бароварда худаш президент шуд. Дар сиёсати дохилӣ тартиботи таъқибу таъзиқи ваҳшиёнаи ватанпарварон ҷорӣ шуда бошад, дар сиёсати хориҷӣ Зиёулҳақ бо мамлакатҳои ашаддии империалистӣ, пеш аз ҳама, бо ИМА, инчунин бо роҳбарони моҷароҷӯи Хитой забон як карда, Покистонро ба манбаи дасисакориҳои империалистон табдил дод ва дар ниқояти кор Покистон барои ҳамсояҳои худ — РДА ва Ҳиндустои хавфи ҷиддӣ гардид. Гарчанде Зиёулҳақ борҳо забонан изҳор кард, ки бо ҳамсояҳои худ, аз ҷумла бо РДА бо эътидол муносибат хоҳад кард, вале амалан ноҳияҳои сарҳади Покистонро ба қароргоҳи душманони РДА табдил дод. Дар оғози соли 1986 Зиёулҳақ бекор карда шудани ҳолати ҳарбиро, ки дар таърихи мамлакат хеле дуру дароз (бештар аз 8 сол) буд, расман эълон намуд. Вале ин амали сохтакорона буда, мақсадаш рӯпӯш кардани режими ҳарбист.

flag_of_pakistan

Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Аз 5 июли 1977 фаъолияти партияҳои сиёсӣ маҳдуд карда шудааст. Партияи халқии Покистон (ПХП), соли 1967 таъсис ёфтааст. Тарафдори дигаргунсозиҳои буржуазӣ-демократӣ. Л и г а и м усулмонони Покистон (ЛМП), соли 1906 таъсис ёфтааст. Манфиати буржуазияи калон ва помешиконро ифода мекунад. Ҷамоати Исломия (ҶИ), солт 1941 таъсис ёфтааст. Партияи рости мусулмонӣ. Т а ҳ р и- қи истиқлол (ТИ), соли1 969 таъсис ёфтааст. Тарафдори буржуазияи миллатпараст. Партияи сотсиалист и и П о к и с т о н, соли 1972 таъсис ёфтааст. Тарафдори дар  Покистон сохтани сотсиализм. Лигаи мусулмоноги умумипокистон (ЛМУ), соли 1969 таъсис ёфтааст. Тарафдори буржуазия ва заминдорони калон. Ду лигаи мусулмонон ҳамроҳи 5 партияҳои оппозитсионӣ блоки иттиҳоди миллии Покистонро ташкил кардаанд. П а р т и я и миллии демократӣ (ПМД), солт 1975 таъсис ёфтааст. Тарафдори дигаргунсозиҳои демократӣ ва сиёсати озоди хориҷӣ. Партияи Коммунистии Покистон, соли 1948 таъсис ёфтааст, аз соли 1954 то соли 1972 манъ шудааст. Конфедератсияи умумипокистонии меҳнат, соли 1948 таъсис ёфтааст. Ф е д е р а т с и яи миллии иттифоқҳои касабаи Покистон,соли 1963 таъсис ёфтааст. Совети иттифоқҳои касабаи умумипокистон, соли 1967 таъсис ёфтааст. Федератсияи миллии прогрессивии коргарӣ, соли 1971 таъсис ёфтааст. Федератмияи коргарони Покистон, соли 1966 таъсис ёфтааст. Федератсияи муттаҳидаи к о р г а рӣ, соли 1969 таъсис ёфтааст. Федератсияи иттифоқҳои касабаи Покистон, соли 1970 таъсис ёфтааст. Федератсияи иттифоқҳои касабаи миллии коргарии Покистон,1968 таъсис ёфтааст.

Иқтисодиёт. То соли 1947 хоҷагӣ дар территорияе, ки ҳозир ба ҳайати Покистон дохил аст, дар шароити мустамлика будани Ҳиндустон ташаккул меёфт. Дар натиҷаи ҳукмронти дуру дарози империализми Англия мамлакат дар давраи ташкил ёфтани давлати соҳибистиқлоли Покистон дар зинаи ниҳоят поёни тараққиёти иқтисодӣ меистод.

Покистон баъди мустақил шудан дар инкишофи иқтисодиёт ба муваффақиятҳои муайяне ноил гардид, вале бо вуҷуди он мамлакати сусттарақикардаи аграрӣ мебошад, ки дар он хоҷагии бисёрукладӣ бартарӣ дорад. Дар иқтисодиёти Покистон уклади хусусии капиталистӣ ва давлатӣ-капиталистӣ мавқеи асосиро ишғол менамоянд.

Солҳои 1972—1974 бо мақсади беҳтар намудани вазъияти иқтисодӣ ва пурзӯр кардани роли сектори давлатӣ ҳукумати Покистон чандин ислоҳоти иқтисодӣ ва маъмурӣ гузаронд (банк ва ширкатҳои суғуртавӣ, як қатор корхонаҳот калони саноати вазнин, заводҳои равған, киштигардии баҳрӣ миллӣ кунонида шуданд; фурӯши нефт ва маҳсулоти нефт, экспорти пахтаро давлат ба дасти худ гирифт). Ба гузаронидани ислоҳоти аграрӣ шурӯъ намуд.

Соҳаҳои асосии хоҷагӣ дар ихтиёри сектори хусусианд. Дар иқтисодиёти Покистон гурӯҳҳои мононолистӣ роли калон мебозанд; корхонаҳои калони саноатӣ, ширкатҳои тиҷоратӣ ва бинокорӣ дар дасти онҳост. Дар соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ кашхтали хориҷӣ ҳукмрон мебошад.

Хоҷагии қтшлоқ. Сарфи назар аз гузаронида шудани як қатор ислоҳоти аграрӣ ва ҳавасмандкунии муносибатҳои капиталистӣ дар хоҷагии қишлоқ, дар сохти аграрии Покистон то хол боқимондаҳои феодализм — замлндорпп помещпкӣ, истфодаи қитъаҳои хурди замин аз тарафи деҳқонон бо иҷорагирии бағоят гарону хонахаробкунанда боқӣ мондааст. Ислоҳоти аграрии марти 1972 ба маҳдуд кардани андозаи заминҳои хусусӣ равона карда шуда буд. 24%-и территорияи Покистон киштзор аст, 2,8%-аш беша мебошад. 57,4% территорияи мамлакат заминҳои партов аст. Аз заминҳои киштшаванда дар як сол ду ҳосил гирифта мешавад. Дар мамлакат гандум, ҷав, зироати равғандеҳ, аз зироати техникӣ пахта, найшакар, ҷуворимакка, тамоку кишт мешавад. Шоликорӣ, обчакорӣ, боғдори ва ғайра нағз инкишоф ёфтааст. Дар соҳаи чорводорӣ парвариши чорвои корӣ бартарӣ дорад; солҳои охир парвариши чорвои гӯшту ширдеҳ ба роҳ монда шудааст. Дар районҳои хушку камбориш асосан гӯсфанд, буз ва уштур парвариш карда мешавад. Аз баҳр моҳӣ сайд мекунанд.

Саноат. Дар давраи мустамликавӣ Покистон чанд фабрикаи бофандагӣ, заводҳои қанд, осиёб, устохонаҳои роҳи оҳан ва механикӣ дошт. Дар давраи истиқлолият бо қувваи капитали хусусии миллӣ ва давлатӣ саноати сабук ба роҳ монда шуда, асосҳои саноати вазнин гузошта шуданд.

Солҳои 1968—1970 дар Покистон 3289 корхона буд. Саноати майда хеле пеш рафт, косибию ҳунарманди то алҳол роли калол мебозанд. Ба саҳми саноати маъдан ҳамагӣ 0,5 маҳсулоти умумии миллӣ рост меояд. Истеҳсоли гази табиӣ аҳамияти калон дорад. Соли 1974 дар мамлакат 9 кони газ буд. Истихроҷи нефт начандон ривоҷ ёфтааст, нефти Покистон талаботи мамлакатро қонеъ гардонда наметавонад. Аз соли 1961 СССР дар ҷустуҷӯ ва истихроҷи нефту газ ба Покистон ёрӣ мерасонад. Ба миқдори начандон зиёд ангишт, намаксанг, гач, инчунин хромит истеҳсол мекунад, ки қисми зиёди он экспорт мешавад. Энергетика дар иқтисодиёти Покистон яке аз ҷойҳои охиринро ишғол мекунад. Нахустин стансияи электрии атомӣ (132 Мвт) дар наздикиҳои Қарочӣ сохта шудааст.

Дар давраи истиқлолият саноати бофандагӣ, хусусан саноати газвори пахтагин тараққӣ кард. Соли 1974 Покистон 146 фабрикаи газвори пахтагӣ дошт; фабрикаҳои матои пашмин, шоҳибофӣ ва трикотаж низ дорад. Марказҳои асосии бофандагӣ: Қарочӣ, Ҳайдаробод, Лайалнур, Мултон, Лоҳур. Дар саноати хӯрокворӣ истеҳсоли қанд (соли 1974 24 заводи қанд буд) ҷои намоёнро ишғол мекунад. Корхонаҳо, фабрикаҳои шоликӯбӣ, ордкашӣ, равғанкашӣ, консерв, тамоку бисёранд. Бо ёрии Иттифоқи Советӣ дар наздикиҳои Қарочӣ заводи металлургӣ сохта шуд. Соли 1974 дар Ландхи ва Токсила заводҳои пуриқтидори мошин ба кор сар кард.

Саноати химия асосан барои қонеъ гардондани талаботи хоҷагии қишлоқи мамлакат хизмат мекунад. Саноатн пуриқтидори семент дорад. Якчанд заводи маснуоти резинию техникӣ, шиша ва ғайра кор мекунад. Лайалпур, Гуҷранвала, Лоҳур, Мултон, Равалпинди, Ҳайдаробод марказҳои муҳими саноатианд. Дар соҳаи ҳунармандӣ ба ғайр аз матоъҳои зебову нафис, инчунин маснуоти чармӣ ва металлӣ, молҳои спортӣ, сафолот, асбоби ҷарроҳӣ ва ғайра истеҳсол мешавад.

Н а қ л и ё т. Тӯли роҳи оҳан 8823 км (1982). Шоҳроҳи асосӣ аз водии Ҳинд гузашта районҳои асосии саноатиро бо бандари Қарочӣ мепайвандад. Дарозии роҳи автомобилгард 57,5 ҳазор км. Флоти тиҷоратӣ миллӣ кунонида шудааст он талаботи боркашонии мамлакатро қонеъ намегардонад. Қисми зиёди борро ширкатҳои хориҷӣ мекашонанд. Боркашонии дохилӣ ва байналхалқии авиатсионӣ зуд меафзояд; Қарочӣ аэропорти байналхалқӣ дорад.

Савдои хориҷӣ. Мамлакат ба хориҷа асосан газвори пахтагин, калоба, пахта, чарм, пойафзол, молҳои спортӣ бароварда аз хориҷа гандум, мошин ва таҷҳизот, металлҳои сиёҳ, нефт, маҳсулоти нефт, молҳои химиявӣ, дастгоҳ, локомотив, вагон, нурӣ, қоғаз ва ғайра мегирад. Шарикони асосии савдояш: ШМА, Япония, Британияи Кабир, РФГ, Эрон, Хптой. Воҳиди пул — рупия.

Нигаҳдории тандурустӣ. Бино ба маълумоти ташкилоти Умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ соли 1971 дар Покистон ба 1 ҳазор аҳолӣ 50,9 таваллуд, 18 фавт; ба 1 ҳазор кӯдаки навзод 142 фавт рост омад. Сабабҳои асосии фавт: вараҷа, касалии сил, инфексияи рӯда, нағзак, дифтерия. Махав, трахома, касалиҳои ҷимоӣ ва пӯст дар саросари мамлакат паҳн шудаанд. Аҳолии районҳои кӯҳӣ ва водиҳо гирифтори касалии вараҷаанд. Аз гелминтозҳо аксаридоз ва гименолепидоз бештар паҳн гардидаанд. Сари чанд вақт вабо авҷ мекунад. Касалиҳои дилу раг, гурда, омосҳо бештаранд. Солҳои 70 дар Покистон 2588 муассисаи табобатии дорои 42,6 ҳазоо кат (қариб 1,0 кат ба 1 ҳазор аҳолӣ) буд; дар мамлакат 21,2 ҳазор духтур (1 духтур ба 6 ҳазор аҳолӣ), 377 духтури дандон ва қариб 8 ҳазор корманди миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонад. 6 коллеҷи тиббӣ духтур, 9 муассиса корманди миёнаи тибби тайёр мекунад.

Маориф. Системаи ҳозираи маорифи халқи Покистон аз мактаби ибтидоии 5-сола, мактаби миёнаи поёнӣ (синфҳои 6—8), мактаби миёна (сннфи 9—10) ва коллеҷҳои мобайнӣ

(синфҳои 11—12) иборат мебошад. Ба мактаби ибтидои кӯдакон аз синни 6-солагӣ қабул мешаванд. Таълими писаракон ва духтаракон ҷудо мебошад. Таълим дар мактаби ибтидоӣ ва миёна ба забони урду мегузарад, аз синфи 3-юм забони англисӣ бурда мешавад. Таълими асосҳои дини ислом дар программаҳои дарсии синфҳоя 1—8 ҳамчун фанни ҳатмӣ дохил карда шудааст; дар айни ҳол математика ва фанҳои табиатшнносӣ низ предметҳои ҳатмӣ буда, ҳатто ба программаи таълимии мактабҳои анъанавии мусулмонӣ дохил гардидаанд. Соли таҳсили 1969/1970 дар мактабҳои ибтидоии Покистон Ғарбӣ 4,2 млн, дар мактабҳои миёна 1,3 млн талаба мехонд. Соли 1972 таълими талабаҳои синфҳои 1—8 бепул эълон карда шуд. Соли 1974 дар системаи маориф ислоҳоти нав шуд.

Соли 1973 дар Покистон 8 университет буд. Университети Панҷоб дар Лоҳур (таъсисаш 1882), Университети Исломобод (1965), Университети Қарочӣ (1951), Университети Пешовар (1950), Университети Синд (Ҳайдаробод, таъсисаш 1947, ба Қарочӣ соли 1951 кӯчонида шуд) Университети Балуҷистон (Кветта, 1970), Университети хоҷагии қишлоқ (Лоҳур, 1961). Соли таҳсили 1970/1971 шумораи студентон қариб 105 ҳазор буд. Таълим дар университетҳо пулакӣ буда, асосан ба забони англисӣ бурда мешавад. Китобхонаҳои калонтарин: Китобхонаи Университети Панҷоб, Китобхонаи оммавии Панҷоб (дар Лоҳур), Китобхонаи Университети Қарочӣ. Музейҳои калон: Музеи миллии Университети дар Қарочӣ (таъсисаш 1950), Музен Лоҳур (таъсисаш 1864), Музеи Пешовар (таъсисаш 1906), Музеи археология дар Равалпинди (таъсисаш 1928).

Матбуот, радио, телевизион. Соли 1971 _дар Покистон 1202 номгӯй нашрияи даври, аз он ҷумла 91 газетаи ҳаррӯза, 19 газетае, ки ҳафтае 2 маротиба ва 260 газетаи ҳафтаина нашр мешуд. Натарияҳои даврӣ ба забонҳои урду, англисӣ, синд, гуҷаротӣ, пашту, панҷобӣ, форсӣ, арабӣ, балуҷӣ, браҳуӣ мебароянд. Газетаҳои калонтарин «Занг», ба забони урду нашр мешавад; «Доон» («Dawn»), аз с. 1942 мебарояд ва «Пакистан таймс» .(«The Pakistan Times»), аз соли 1946 нашр мешавад, ҳар ду ба забони англисӣ:          «Имрӯз», «Машриқ», «Навон вақт», «Мусовот» ба забони урду нашр мешаванд. Агентиҳои ахбороти: «Ассошиэйтед пресс оф Пакистан» (таъсисаш 1948), «Пакистап пресс интернэшонал» (таъсисаш 1952), «Юнайтед пресс оф Пакистан» (таъсисаш 1948) ва дигар.

Соли 1947 дар Лоҳур ва Пешовар 2 радиостансия буд. Соли 1973 бошад дар Қарочӣ, Ҳайдаробод, Мултон, Лоҳур, Равалпинди, Кветта ва Пешовар радиостансияҳо амал мекарданд. Барномаҳои радио ба 24 забон: _ба забонҳои урду, англисӣ, банголӣ, кашмирӣ, стнд, пашту, балуҷӣ, арабӣ, форсӣ, суахилӣ ва дигар забонҳо бурда мешавад.

Якумин стансияи таҷрибавии телевизион соли 1964 дар Лоҳур ба кор даромад, солҳои 1967—1969 дар Қарочӣ ва Равалпинди — Исломобод низ стансияҳои телевизион сохта шуданд. Ҳамаи стансияҳо таҳти назорати Корпоратсияи телевизионии миллӣ (таъсисаш 1967) мебошанд.

Адабиёт. Адабиёти Покистон аз соли 1947 дар асосии адабиёти миллии урду, синд, панҷобӣ, пашту, гуҷаротӣ, балуҷӣ, банголӣ (то соли 1971) ва мероси умумии эҷодиёти даҳонакии халқ ва мадании халқҳои Ҳиндустони Шимолӣ ривоҷ меёбад. Солҳои 50—60 ба забон ва лаҳҷаҳои гурӯҳҳои хурди этникӣ (браҳуӣ ва дигар) адабиёти хаттӣ ба вуҷуд омад. Эҷодиёти даҳонакии халқ ва адабиёти хаттие, ки дар тӯли асрҳо аз тарафи халқҳои Ҳиндустон ба вуҷуд омадааст, мероси умумии адабии ҳам Покистон ва ҳам Ҳтндустон ба ҳисоб меравад.

Барои адабиёти охири солҳои 40 пурзӯр шудани анъанаҳои динию обшинагӣ хос мебошад. Аммо ба ин анъанаҳо нависавдагоне, ки солт 1949 ба Ассосиатсияи нависандагони пешқадами Покистон муттаҳид шуданд, муқобилат нишон доданд. Роҳбари ин Ассосиатсия А. Н. Қасмӣ (таваллудаш 1916) буд, ҳукумат дере нагузашта фаъолияти онро манъ кард. Соли 1955 дар асоси он Ассосиатмияи нависандагони оҷодфикр ба вуҷуд омад, аммо он ҳам дер амал накард. Дар баробари ташкил шудани Республикаи Халқии Бангладеш (1971) марҳилаи нави таърихи адабиёт ба забони банголӣ оғоз меёбад.

Дар адабиёти Покистон равияи реалистӣ ва романтикӣ ҳукмрон гардиданд. Солҳои 50—60 ҷараёнҳои гуногуни модернистӣ паҳн мешаванд. Аз миёнаҳои солҳои 60 таъсири ғояҳои маоистӣ ва динию шовинистӣ ҳис карда мешавад. Дар ин давра ба тарҷумаи асарҳои адабиёти ҷаҳон аҳамияти калон дода мешавад. Асарҳои классикони рус ва советӣ Л. Н. Толстой, А. С. Пушкин, И. С. Тургенев, Н. В. Гогол, М. Горкий, Н. А. Островский, М. А. Шолохов, В. В. Маяковский, К. Г. Паустовский ва дигарон тарҷума шуданд.

Шоирони намоёни урду: Ҷош Малеҳободӣ (таваллудаш 1896), Файз Аҳмади Файз (таваллудаш 1911), А. Н. Қасмӣ, Зоҳири Кашмирӣ (таваллудаш 1919), Эҳсон Дониш (таваллудаш 1914), Фориғи Бухороӣ, Қатил Шифоӣ, Ҳабиб Ҷолиб, Абдуматини Ориф. Жанри наср — роман ва ҳикоя тараққӣ мекунад. Намояндагони номии он: С. Ҳ. Манто (1912— 1955), Ғулом Аббос (таваллудаш 1909), Мирзо Адиб (таваллудаш 1914), Иброҳим Ҷалис, Шавкат Сиддиқӣ, Хадича Мастур ва дигарон.

Адабиёти «оммавӣ» — романҳои детективӣ ва мӯсулмонӣ (М. Ислом, Раис Аҳмади Ҷаъфарӣ, Насими Ҳиҷозӣ, Рашид Ахтар) нтҳоят васеъ паҳя шуданд. Мирзо Адиб, Аскар Батт, Бано Қудсия ва дарон дар соҳаи драматургия мақоми хосе доранд. Саид Абдуллоҳ, Саид Вакар Азим, Муҳаммадсодиқ, Абуллайси Сиддиқӣ, Шавкати Сабзаворӣ, Мумтоз Ҳусайн, Вазир Оғо дар соҳаи танқиди адабӣ қувваозмоӣ мекунанд. Ба забони урду журналҳои адабии «Нукуш», «Фунун», «Афкор», «Адаби латиф» ва ғайра нашр мешавад.

Эҷодиёти нависандагони Сияд (Шайх Аёз, Абдурраззоқ, Ҳории Дилгир, Г. Ҳ. Балуҷ, Анҷами Ҳалоӣ Муҳаммадҳасани Соз, Ҷамолиддини Абрӯ ва дигарон) дорои ғояҳои ватандӯстона мебошанд. «Бюрои адабии Синдэ» дар кори ҷамъоварӣ ва нашри эҷодиёти даҳонакии халқи Синд кори зиёде мебарад.

Назми пашту низ ба муваффақиятҳо ноил гардидааст: Саидраҳони Зуҳаилӣ (1886—1963), Самандархони Самандар (таваллудаш 1901), Амир Ҳамзаи Шнивори (таваллудаш 1907), Санавбар Ҳусайни Моманд ва дигарон. Назм танҳо баъд аз ташкил шудани Покистон ривоҷ меёбад; намояндагони пешқадами он: Мастур Абдулкарим (1908—1961), Ҳофизмуҳаммади Идрис (таваллудаш 1915), Валимуҳаммадхони Тӯфон (таваллудаш 1919), Аҷал Хаттак (таваллудаш 1925), Саид Мирмаҳмади Шоҳмаҳдӣ (таваллудаш 1926), Қаландар Мооданд (та таваллудаш 1930) ва дигарон. Драматургия ва танқиди адабӣ ба забони пашту суст тараққӣ кардааст.

Асарҳои нпвисандагони Панҷоб дар журналҳои «Панҷобӣ» (аэ 1951), «Панҷ дарё» (аз 1958), «Панҷоби адаб» (аз 1963) чоп мешаванд. Нашри адабиёти классикиро Академияи Панҷоб (таъсисаш 1956) ба ҷо меорад. Шоирони насли калон Фақирмуҳаммади Фақир, Саид Фирӯз ва дигарон пайрави формализманд. Насли нави шоирон, аз ҷумла Афзал Рандҳава, Аҳмади Роҳӣ, Мунир Ниёзӣ дар асри таъсири адабиёти ғарбанд. Наср (Афзали Эҳсон) ва адабиётшиносӣ (Мирзомақбули Бадахшонн, Шарифи Кунҷакӣ, Муҳаммадосифхон) ташаккул меёбад.

Адабиёти балуҷӣ аз солҳои 60—70 ташаккул меёбад. Шоирон Гулхон Носир (таваллудаш 1914), Озод Ҷамолуддин (таваллудаш 1918), Муҳаммадҳусайни Анқо шоирони ватанпарваранд. Асарҳои Абдулҳакими Ҳақгӯ (таваллудаш 1912), АбдурраҳнМи Собир (таваллудаш 1919), Муҳаммадисҳоқи Шамим (таваллудаш 1923) дар журналҳои «Уман» ва «Навои ватан» чоп мешаванд. Намояндагони адабиёти гуҷарот: насрнависон Адиб Қурайшӣ, Солик Лапатиа, Муҳаммад Адиб, шоирон Шама Пурбандорӣ, Тавфиқ Хатир, Ҷаъфар Мансур.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ аз территорияи Покистон харобаи қасабаҳои аҳолинишини давраи энеолит (ҳазораи 4—3 то м), ки бинову иморати онҳо аз санг ва хишти хом бино гардидаанд, ёфт шуданд. Ғайр аз он зарфиёти сафолин нақшу нигордор, асбоби ороиши металлӣ, муҷассамаҳои гилини занон ва ҳайвонот ёфт шуданд. Ёдгориҳое, ки аз замони давлати Кушониён боқи мондаанд (ибодатхонаҳо, ҳайкалтарошӣ, ҳайкалҳои Буддо, тасвироти девор ва ғайра), дар бобати маданияти баланди меъморӣ ва санъати тасвирии ҳамон давра шаҳодат медиҳанд. Баъди асри 11 маданияти Покистон дар зери таъсири дини ислом (бо хишти пухта ва қаламакорӣ бино шудани масҷид, манора, мақбараҳон сернақшунигор) ривоҷу равнақ кард. Асрҳои 16—17 дар замони ҳукмронии Бобуриҳо ба миқдори зиёд биноҳои олиҷаноби боҳашамат (масҷиди Шоҳҷаҳон, мақбараи Мирзо Исохон ва ғайра) сохта шуда, санъати минётур ба дараҷаи олӣ расид. Дар шаҳрҳо косибию ҳунармандӣ нашъунамо кард. Дар асри 18 баъди инқирози империяи Темуриёни Ҳинд ва дар натиҷаи ҳуҷумҳои истилогароии Эрон, Афғонистон ва мамлакатҳои Европа дар ҳаёти маданӣ, алалхусус дар меъморӣ ва санъати тасвирӣ таназзули калон рӯй дод. Баъди ташкил шудани Покистон (1947) дар мамлакат кори сохтмон равнақ ёфт, шаҳрҳои нав, пойтахти нав — Исломобод бунёд гардид. Ҳозир дар Покистон меъморӣ ва санъати тасвири хеле тараққӣ кардааст. Рассомони насли калон (С. X. Асгарӣ, X. Шариф) дар эҷодиёти худ анъанаҳои минётури қадимаро нигоҳ медоранд. Рассомони насли ҷавои (А. Ислом, М. Башир, М. Кибриё) дар Европа таълим гирифта, зери таъсири равияи формалистӣ мондаанд. Санъати халқӣ ба амсоли кандакорӣ, кулолгарӣ, қолинбофӣ, кашидадӯзӣ, заргарӣ, кандакории чӯбу устухон дар авҷи тараққиёт мебошад. Сангтарошӣ, юрмадӯзӣ, аз қамиш ва навда бофтани сабад, бурё ва ғайра низ аз қадимулайём хеле ривоҷ ефтааст.

Мусиқӣ. Мусиқии Покистон аз замонҳон пеш дар асоси мусиқии Ҳиндустон, Эрону Афғонистон тараққӣ кардааст. Мазмуни мусиқии касбӣ (ё ки классикӣ), воситаҳои тасвир ва техникаи иҷрои он ниҳоят мураккаб ва бой мебошад.

Солҳои 60—70 асри ҷорӣ бо таъсири мусиқии Европа шакл ва жанрҳои нав (суруд, мусиқии киго) ба вуҷуд омаданд. Дар ин соҳа бастакорон Хуршед Анвар, Маҳдӣ Зоҳир, Суҳайл Роно ва дигарог кор мекунанд. Мактаби мусиқии Қарочӣ навозандагони касбӣ тайёр мекунад. Дар Покистони Советӣ санъати миллӣ амал мекунад, ки фаъолияти он ба тарғиботи комёбиҳои соҳаи Мусиқӣ ва рақс равона карда шудааст.

Кино. Баъд аз ташкил шудани Покистог хроника ва филмҳои кӯтоҳметрюки ҳуҷҷатӣ ба навор гирифта мешуданд. Соли 1948 аввалин филми бадеи  «Тери Яад» (реж. Д. Сардори Лаъл) таҳия карда шуд. Аксарияти филмҳо филмҳои тиҷоратии мелодрамаи сентименталист. Филмҳои «Рӯзо мерасад» (1958, режиссёр А. Кордор), «Нидо» ва «Симо» (ҳар ду 1967, режиссёр Ш. Малик) ҳамчун истисно филмҳои реалистонае мебошанд, ки масъалаҳои муҳими ҳаётро инъикос мекунанд. Аз соли 1970 инҷониб на танҳо ба забони панҷобӣ ва урду, инчунин ба забони синд, пашту, гуҷаротӣ ва ғайра филмҳо ба навор гирифта мешаванд. Дар Лоҳур ва Қарочӣ киностудия ҳаст. Ходимони намоёни кино: Л. Ахтар, И. Шаҳзод, М. Анвар, Ш. Ара, Алоуддин, М. Алӣ, Нишо, Надим, Сайқа. Соли 1072 дар Покистон 100 филми бадеӣ офарида шуд; соли 1973 дар мамлакат 350 кинотеатр кор мекард.

Лд.: Компанцев И. М., Пакистан и Советский Союэ, М., 1970; Питхава- л л а М., Пакистан. Географический очерк. Пер. с англ., М., 1952; Фридланд В. М., Между Гималаями и Аравийским морем, М., 1968; Га н к о в с к и й Ю. В., Г о р д о н-П о л о н с к а я Л. Р., История Пакистана, М., 1961; Пакистан. Справ., М., 1966; Глебов Н., Сухочёв А., Литература урду, М., 1967; Москаленк о В. Н., Проблемы современного Пакястана, М., 1970; Короцкая А. А. Архитектура Пакистана, дар кит.: «Всеобщая история архитектуры», т. 2, М., 1973.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …