Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Паҳлуштноварҳо

Паҳлуштноварҳо

Паҳлуштноварҳо (Amphipoda), як қатори ҳайвонҳои бемӯҳраро гӯянд, ки ба зерсиинфи харчангшаклҳои олӣ (Маlacostraca) мансубанд. Онҳо дар баҳру обҳои ширин зиндагӣ мекунанд. Андозаашон аз 0,5 то 25 см. Пои Паҳлуштноварҳо 6 ҷуфт буда, ҳар кадом якҷуфтӣ ғалсама дорад. Паҳлушиновар ҳайвонҳои ҷудоҷинсаанд; наринаи онҳо аз модинаашон калонтар аст. Фардҳои ҷавони Паҳлушиновар аз фардҳои болиғ кам фарқ мекунанд. Қариб 7 ҳазор наму­да тон дар баҳр ва обҳои ширини кулу дарёҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар ҳамаи чашмаю дарё ва кулу обанборҳои Тоҷикистон дучор меоянд, вале хеле кам таҳқиқ шудаанд. Аз Паҳлуштноварҳои Тоҷикистон фақат биология ва экологияи Gammarus lacustris, ки дар Зӯркӯл, Яшилкул ва дигар кӯлҳои Помир, инчунин ҳавзаи дарёи Зарафшон зиндагӣ мекунад, омухта шудааст. Тарзи ҳаётгузаронии Паҳлушиновар гуногун аст. Онҳо дар байни обсабзҳою гидроидҳо зиндагӣ мекунанд; баъзеашон дар таг ё рӯи об шино меку­нанд. Паҳлушиноварҳо хӯроки бисёр моҳиҳои саноатӣ (гулмоҳӣ, гӯлмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра), тюлену кит ва паррандаҳо мебошанд. Баъзе намудҳои Паҳлушиноварҳо зарароваранд. Масалан СЬе1ига ЬегеЬгапз ин- ШООТХ.ОИ чубин ва баъзе намудх,ои чинси Саттагиз,  тӯрҳои моҳидориро хурда нобуд мекунанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …