Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Осеби ҷисмони

Осеби ҷисмони

Осеби ҷисмони, мувофиқи ху­қуқи ҷиноятии советӣ аз тарафи як шахс ба шахси дигар расондани зарари ҷисмониро гӯянд, ки боиси оқибатҳои вазнин мегардад. Аз рӯи дараҷаи зарарнокӣ Осеби ҷисмониро ба вазнин, каме вазнин ва сабук ҷудо мекунанд. Осеби вазнини ҷисмонӣ Осеби ҷисмониест, ки қасдан расонда шуда, барои ҳаёти ҷабрдида хавфнок мебошад. Кур, кар ё шал шудани одам ё қобилияти ко­рии худро гум кардани ягон узви ӯ, бемории рӯҳӣ ё вайрон шудани саломатӣ, маҳрум шудан камаш аз сеяки қобилияти меҳнатӣ, қатъи ҳамл, ба қадди барқарорнашававда шакли аслии рӯйро гум кардани ҷабрдида аз ҷумлаи Осеби ҷисмонии вазнинанд.

Ҷинояткор барои чунин кирдор аз 3 то 10 сол ҷазо мебинад. Агар чунин Осеби ҷисмониии вазнин боиси марги ҷабрдида ё бои­си азобу уқубати ӯ гардад ва ё аз тарафи ресидивисти махсусан хавфнок содир карда шавад, ҷинояткор аз 5 то 12 сол ҷазо мебинад (моддаи 111 Кодекси ҷиноятии  Pеспубликаи Советии Cотсиалистии  Тоҷикистон). Осеби ҷисмонии каме вазнин Осеби ҷисмониест, ки қасдан ра­сонда шуда, барои ҳаёт хавфнок нест, вале дар натиҷаи он саломатии ҷабрдида вайрон шуда, сеяки қобилияти меҳнатиаш (беш аз 4 ҳафта) гум ме­шавад. Ҷинояткор барои чунин гуноҳ то 3 сол аз озодӣ маҳрум карда ё ба корҳои ислоҳкунӣ то як сол ҷазо до­да мешавад.

Агар ҳамин гуна Осеби ҷисмонӣ боиси озор ё азобу уқубати ҷабрдида гардад ва ё аз тарафи ресидивис­ти махсусан хавфнок содир гардад, ҷинояткор то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад (моддаи 112 Кодекси ҷиноятии  Pеспубликаи Советии Cотсиалистии  Тоҷикистон) Осеби ҷисмонии сабук Осеби ҷисмониест, ки низ қасдан расонда шуда, боиси муваққатан вайрон шудани саломатӣ аз 7 шаборӯз то 4 ҳафта мегар­дад ё ҷабрдида бо андозаи нисбатан кам қобилияти меҳнатиашро гум мекунад. Ин гуна ҷиноят Осеби ҷисмонии са­бук ҳисоб шуда, ҷиноятқор то 1 сол ба корҳои ислоҳкунӣ ҳукм мешавад ва ё ба маблағи то сад сӯм ҷарима медиҳад (моддаи 115 Кодекси ҷиноятии  Pеспубликаи Советии Cотсиалистии  Тоҷикистон).

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …