Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Ортиқбоев Абдуллоҷон

Ортиқбоев Абдуллоҷон

Ортиқбоев Абдуллоҷон (таваллуд 25. 9.1925, шаҳри Конибодом), ҳодими ҳарбӣ, генерал-майор. Аа оилаи коргар. Аъзои КПСС аз с. 1947. Дар мактаби миёнаи ба номи Наримонови Кони­бодом таҳсил кардааст. 10 феврали 1943 комиссариати Харбии Конибодом Ортиқбоевро ба сафи Ар­мияи Советӣ даъват намуд.

Ҳамчун аскари сурх дар шаҳри Самарқанд дар полки тирандозӣ хизмат карда, баъд ба Омӯзишгоҳи қӯшунҳои пиёдагарди шаҳри Тошкент фиристода шуд, ки онро феврали 1945 ба охир расонда офисер гардид. Аз апрели 1945 дар қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат кардааст. Маълумоти олии ҳарбӣ дорад. Дар курсҳои ҳайати фармондеҳӣ ва оперативӣ таҳсил намудааст.

Дар сарҳад дар вазифаҳои фармондеҳӣ, корҳои шта­б ва оперативӣ — ҷонишини сардор ва сардори заставаи сарҳад, офисе­ри комендатураи сарҳад, штаби қӯшунҳои сарҳадии Округи ҳарбии Осиёи Миёна ва ғайра буд. Дар тарбияи сарҳадчиёни ҷавон саҳми арзанда  дорад. Аз соли 1970 ҷонишини сардори қӯшунҳои сарҳадии округи Байрақи Сурхдори Осиёи Миёна. Бо орде­на Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …