Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Ораши Камонгир

Ораши Камонгир

Ораши Камонгир, номи паҳлавонест аз лашкари Манучеҳр, ки тирандози моҳире буд. Қиссаи Ораш яке аз қадимтарин достонҳои ҳамосии халқҳои эронист. Дар Авесто («Тиштр-яшт») аз Ораш ва аз кӯҳи Айнрйо-Хшута ба сӯи Хванвант тир андохтани ӯ ёд шудааст. Тирро Аҳуромаздо, Митра (Меҳр) ва эзидони дигар то дар кӯҳи Хвапвант фуруд омаданаш раҳнамоӣ кар­данд. Номи Ораш дар Авесто ба шакли Ерехшо омадааст.

Маънои луғавии ин калима таъин нагардидааст. И. С. Брагинский (Из истории таджикс­кой народной поэзии, Москва, 1956) мӯтақид аст, ки калимаи тоҷикии «арғушт» ба Ерехшо марбут аст. Ҳақиқатан дар арғушт—рақси мардонаи тоҷикӣ, ҳаракату амалиёти шахси тирандозро пеши назар меоварад. Дар манбаъҳои баъдина — осори паҳлавӣ, асарҳои таърихии арабӣ ва форсӣ – тоҷикӣ қиссаи Ораш муфассалтар баён гардидааст, ки хулосааш ин аст: Подшоҳи Турон — Афросиёб Манучеҳрро дар қалъаи Табаристон 10 сол муҳосира кард, вале мағлуб кар­да натавонист.

Манучеҳру Афросиёб муоҳидаи сулҳ баста, ба қароре омаданд, ки ҷанговаре ба сӯи шарқ тир биандозад ва ҷое, ки он тир фуруд ояд, сарҳади Эрону Тӯрон бошад. Паҳлавоне аз лашкари Манучеҳр ба­рои тир андохтан интихоб гардид. Ин паҳлавон 0раш буд. Вай мувофиқи ривояту достонҳо, ба Сиёвуши «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ монандӣ дорад. Кӯшиши ӯ дар андохтани тир барои барқарор намудани сулҳ дар байнп ду кишвар будааст.

Дар ин роҳ ӯ ҷони худро нисор менамояд: тамоми қуввату равони худро дар андохтанн ин тир сарф кард ва тани беҷонаш ба замни афтод. Тири ӯ мувофиқи ривоятн «Муҷмал-ут-таворих» дар ағбаи Муздурон — байнй Марву Сарахс фуруд омад. Дар манбаъхои дигар ҷои афтодани тири Ораш Фарғона, соҳили дарёи Омӯ, наздики Самарқанд ё Суғд аст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ қиссаи Ораш наомадааст. Ва­ле Фирдавсӣ паҳлавону ҷанговареро тасвир намуда, ӯро ба Ораш монанд ме­кунад. Образи Ораш дар адабиёти форс- тоҷик ҳамчун рамзи фидокорӣ ва ватандӯстӣ роҳ ёфтааст.

Адабиёт: Ал-Бируни Абурейхан Мухаммед и б н Ахмед, Памят­ники минувших поколений, Ташкент, 1957.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …