Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Опарин Александр Иванович

Опарин Александр Иванович

Опарин Александр Иванович (2. 3. 1894, Углич — 21. 4. 1980, Моск­ва), биохимики назарияест оид ба пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин, академики Академияи Фанҳои СССР (1946; аъзо-корреспондент 1939), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Соли 1917 Университети Моск­варо хатм карда, дар якчанд донишкадаҳои олӣ ва институтҳои тадқиқоти илмӣ кор кардааст. Солҳои 1942— 60 мудири кафедраи биохимияи растаниҳои Университети давлатии Москва. Опарин соли 1935 якҷоя бо А Н. Вах Институти би­охимияи Академияи Фанҳои СССР-ро ташкил намуд; то соли 1946 ҷонишини директор ва директори ҳамин институт буд.

Соли 1948—55 академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биологии Академияи Фанҳои СССР. Опарин асосҳои биохимиявии коркарди маҳсулоти растаниҳо, таъсири ферментҳо ба растаниҳо ва ғайраро омӯхтааст. Ӯ исбот кард, ки биокатализ бунёди технологияи истеҳсоли як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад. Опарин ба би­охимияи техникӣ дар СССР асос гузошт. Опарин аввалин шуда оид ба проб­лемаи пайдоиши ҳаёт дар рӯи Замин машғул шуд ва соли 1924 асари худ «Пайдоиши ҳаёт»-ро (русӣ) нашр кард.

Мувофиқи ақидаи ӯ ҳаёт дар рӯи Замин дар натиҷаи таҳаввули пайвастҳои карбон пайдо шудааст. Президенти Ҷамъияти байналхалқӣ оид ба омӯзиши пайдоиши ҳаёт (аз соли 1970), аъзои фахрии Академияи Фанҳои Булғория, Республикаи Демократии Германия, Куба, Испания ва Италия, аъзои Академики табиатшиносони «Леополдина»-и Германия.

Опарин лау­реати Мукофоти ленинӣ (1974), Мукофоти ба номи А. Н. Бах; дорандаи медали тиллоии ба номи И. И. Меч­ников ва медали тиллоии ба номи М. В. Ломоносов (1979). Бо 5 ордени Ленин, 2 ордени дигар, инчунин ордеҳои хориҷӣ ва медалҳо мукофотонида шудааст. Комитети иҷроияи Ҷамъияти байналхалқӣ оид ба омӯзиши пайдоиши ҳаёт соли 1977 медали тиллоии ба номи Опаринро таъсис намуд.

Асос: Изменение действия энзимов в растительной клетке под влиянием внешних воздействий, Москва, 1952: Возникновение жизни на земле, Москва, 1957; Жизнь, её природа, происхождение и развития, Москва, 1968.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …