Оқғоза, деҳаест дар Совети посёлкавии Кирови pайони Вахш, вилояти Қӯрғонтеппа. Территорияи совхози ба номи С. М. Киров. Аз деҳа то маркази Совети посёлкавии 10 километр, то район 2 километр; роҳ асфалтпӯш.
Аҳолиаш 1725 нафар (1981), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, тоторҳо, русҳо ва ғайра. Мактаби миёна, клуб, китобхона, пункти тиббӣ, магазин, чойхона дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — пахтакорӣ, боғу токдорй, обчакорӣ. Заминҳо аз канали Дарахтзор обёрӣ мешаванд. Деҳа соли 1938 бунёд ёфтааст.