Маълумоти охирин

Обхокиҳо

Обхокиҳо (Amphibia), синфи ҳайвоноти мӯҳрадоре, ки ҳам дар об, ҳам дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Тахминан 2850 намудашон маълум буда, ба 3 қатор тақсим мешаванд: Обхокиҳои бепой, Обхокиҳои думдор ва Обхокиҳои бедум. Дар ҳама ҷо, бештар дар ҷангалҳои тропикӣ паҳн шудаанд. Дар СССР намояндаҳои ду қатор — Обхокиҳои думдор (10 намуд) ва бедум (23 намуд) ва дар Тоҷикистон танҳо 2 на­муд аз қатори Обхокиҳои бедум (ғук ва қурбоққа) зиндагӣ мекунанд.

Ҳамаи Обхокиҳо чун моҳиҳо дар об тухм мегузоранд, чунки тухм ва ҷанини онҳо дар хушкӣ инкишоф ёфта наметавонад. Аз тухм кирмина ба вуҷуд меояд. Инкишофи кирмина бо метаморфоз анҷом меёбад, яъне дар процесси инкишоф баъзе хусусиятҳо (масалан, ба воситаи ғалсама нафас кашидан)-и он, ки ба моҳиҳо шабоҳат дорад, барҳам хӯрда ба ҳайвони болиғ, ки ба воситаи шуш, пӯст, пардаи луобии ком нафас мегирад, табдил меёбад.

Бадани Обхокиҳои бопой дароз аст; онҳо пой ва дум надоранд. Обхокиҳои думдор бадани дароз, думи бақувват, пойҳои беқуввату кӯтоҳ доранд. Обхокиҳои бедум ду ҷуфт пой доранд; дар ҳушкӣ ҷаҳида ҳаракат мекунанд; дар об бо ёрии пойҳои ақиб, ки дар аксари намудашон пардаи шиноварӣ доранд, шино меку­нанд.

Бадани ҳамаи Обхокиҳо бо пӯсти бараҳнаи намнок ва пур аз рагҳои хун пӯшида шудааст. Ҳарорати баданашон бо ҳарорати муҳити берунӣ вобаста аст, яъне онҳо ҳайвони сардхунанд. Дилашон секамерагӣ ва дукамерагӣ (дар самандарҳои бешуш) аст. Ғизои Обхокиҳо  ҳайвоноти бемӯҳра, бештар ҳашарот ва кирминаи онҳо мебошавд. Аксари Обхокиҳо фоиданоканд, чунки зараррасонҳои хоҷагии қишлоқро нест мекунанд. Ачдодони Обхокиҳо моҳиҳои қадимаи панҷаболанд.

Тасвир дар саҳ. 256—257.

Адабиёт: Банников А. Г., Д а р е в с к и й И. С. ва дигар. Земноводные пре­смыкающиеся СССР, Москва, 1971; Жизнь жи­вотных, том 4. ҷилди. 2, Москва, 1969.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …