Маълумоти охирин

Обрӯ

Обрӯ, нуфуз, эътибор, ҳукм, дар соҳахои гуногуни ҳаёти ҷамъият аз тарафи умум эътироф шудани нуфузи шахс ё ташкилот; иродаи тағйири таърихии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба нормаҳои мавҷуда тобеъ гардондани ахлоқи одамон. Обрӯ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятию истеҳсолӣ зоҳир гашта, бо тағйири ин соҳаҳо доираи татбиқи он дигар мешавад.

Дар ҷамоаи ибтидоӣ тартиботи ҷамъиятӣ ихтиёран риоя мешуд. Дар ҷамъияти ғуломдорӣ ҷои Обрӯи ахлоқиро зӯроварӣ гирифт. Дар асрҳои миёна Обрӯи худо ва ашхоси «муқаддас» эътироф шуда, аҳамияти махсус пайдо кард. Аҳкоми дин низ ба ҳамин Обрӯ такя мекард. Инкишофи табиатшиносӣ дар давраи Эдё боиси танаазули нуфузи дин дар байни омма гардид.

Материалистони асрҳои 17—18 (Т. Гоббс, П. Голбах ва дигар) эътирофи кӯр-кӯронаи Обрӯи шахсро инкор карда, таълим медоданд, ки Обрӯ бояд ба хирад ва ҳикмати муътабари шахс асос ёбад. Тараққиёти минбаъдаи капитализм соқибихтиёрии шахсро тақозо кард. Дар зами­ни империализм ин талабот дар фалсафаи буржуазӣ ду омили хосро дарбар мегирад: а) ташвиқи наза­рияи авторитаризм (яъне бечунучаро парастидани шахси баргузида), б) нигилистона рад карда­ни ҳама гуна Обрӯ ва эътироф кардани «озодии мутлақи шахс». Ин омилҳои шаклан мухолиф ва мазмунан алоқаманд дар эҷодиёти аксар файласуфони буржуазӣ (Ф. Ницще, А. Бергсон, К. Ясперс) ифода ёфтаанд.

Марксизм-ленинизм чунин Обрӯро эътироф мекунад, ки дар мубориза барои озодии меҳнаткашон маъмул гашта бошад. Дар шароити муборизаи синфи Обрӯи партияҳои сиёсӣ ва доҳиёни онҳо меафзояд. Карл Маркс Ф. Энгельс, Владимир Илич Ленин дар назди инсонияти тараққипарвари ҷаҳон Обрӯ ва нуфузи беамсол пайдо карданд. Дар ҷамъияти сотсиалистӣ Обрӯи ҳақиқиро ба туфайли меҳнати самараноки ба нафъи ҷамъият, рафтори намунавӣ ноил гаштан мумкин аст.

«Бо интизоми о ҳ а н и н,— навишта буд Владимир Илич Ленин,— дар вақти меҳ­нат, бо бечуну чаро итоат намудан ба иродаи як шахс, ба иродаи роҳбари советӣ дар вақти меҳнат» (Асос, ҷилди 27, саҳифаи 286) Обрӯи худро баланд бардоштан мумкин аст. Марксизм-ленинизм, дар айни ҳол қатъиян бар зидди «эътиқоди беандоза», «таъзими хурофотомез»-и Обрӯи шахс, бар зидди шахспарастӣ мебарояд (нигаред Маркс Карл и Энгельс Фридрих, Сочинение, том 37, саҳифаи 384 ва том 34, с. 241).

Дар ҷамъияти мо ҳамаи тағйироти сиёсӣ ва ғоявие, ки ба манфиати партия ва халқ аст, боиси тадриҷан баланд шудани Обрӯ ва эътибори КПСС ва роҳбарони партияю ҳукумат мегарданд. Нуфуз ва эътибори ҳодими барҷастаи партиявию давлатии советӣ ва ҳаракати байналхалқнии ком­мунистӣ, ленинчии матин Михаил Сергеевич Горбачев дар арсаи байналхалқӣ тасдиқи ин фикр аст.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …