Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Обанбор

Обанбор

Обанбор, (водохранилище) толоби сунъиест, ки бо мақсади ҷамъ кардану нигоҳ дошта­ни об ва дар хоҷагии халқ истифода бурдани он сохта мешавад. Обанборро одатан дар сойҳо, водии дарёҳо, инчунин дар чуқурихои табиӣ месозанд. Аҳамияти Обанбор барои танзими ҷараёни оби сой ва дарёҳо, обёрии заминҳо, аз об таъмин кардани махалҳои аҳолинишин ва корхонаҳои саноатӣ, ГЭС-ҳо, ривоҷ додани моҳипарварӣ, беҳтар намудани шароити киштигардӣ, пешгирии обхезӣ ва ғайра хеле калон аст.

Масохати Обанборҳо аз дахҳо га то чандин ҳазор километр2 ва ҳаҷмашон аз садҳо хазор метр3 то садхо километр3 мешавад. Танзими ҷараёни оби Обанборро ба шабонарӯзӣ, хафтаина, мавсимӣ ва бисёрсола ҷудо мекунанд. Ҳангоми танзи­ми шабонарӯзию хафтаина махалҳо, корхонаю ГЭС-ҳо аз об таъмин карда мешаванд. Дар вақти танзими мав­симӣ обҳои дар фасли сербориш ҷамъ кардашударо дар айни камии об сарф мекунанд. Дар мавриди танзими бисёрсола бошад, оби солҳои серобӣ ғуншударо дар солҳои камобӣ истифода мебаранд. Ҳар як Обанбор чунин сатҳ ва хаҷмхо дорад: сатҳи мӯътадили об (СМО) — сатҳи баландест, ки дарғот онро муддати дароз нигоҳ дошта, дар айни ҳол кори мӯътадили тамоми иншоотро таъмин кар­да метавонад; сатҳи тезгузари об (СТО) — сатҳи аз хама баландтаринест, ки он аз сел ва обхезии дарё

ба вуҷуд меояд ва оби ин сатҳро дер нигоҳ намедоранд, то ки ба иншоот осебе нарасонад; сатхи ҳаҷми беманфиат (СҲБ)—сатҳи пасттаринест, ки онро танҳо дар шароити истифодаи мӯътадили иншоот роҳ додан мум-кин аст (нигаред тасвир).

Баробари cap шудани сохтмони Обанбор дар табиат ва хоҷагии ҳамон гирду атроф (киштзорҳо, маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳо ва роҳҳои нақлиёт) як қатор дигаргуниҳо ба амал меоянд, робитаҳои иқтисодӣ, хоҷагӣ, ҳолати санитарию гигиенӣ ва ғайра тағйир меёбанд. Таъсири Обанбор ба иқлим низ дар баробари зиёд шудани массаи об торафт меафзояд. Обанборҳои калон ба иқлими минтақахои камбари наздисоҳилӣ, ки аз 3—10 километр иборатанд, таъсири ба назар намоён мерасонанд.

Дар СССР қариб 1000 Обанбори ҳаҷми ҳар кадом беш аз 1 миллион метр3 ва аз он ҷумла 150 Обанбори ҳаҷми хар яке беш аз 100 миллион метр3 мавҷуд аст. Бо мақсади обё­рии киштзорҳои беканор ва бисёр заминҳои навкорам дар нохияҳои чанубии мамлакат Обанборҳои Қайроққум, Чордара, Мингечаур, Тӯхтагул ва ғайра, барои аз об таъмин намудани шаҳрҳо ва корхонаҳои саноатӣ Обанборҳои Иванковск, Можайск, Ириклинск, Магнитогорск ва ғайра, барои гидроэнер­гетика Обанборҳои Братск, Красноярск сохта шудаанд. Дар Осиёи Миёна ҳам Обанборҳои бисёре бунёд гардида­анд. Танҳо дар ҳавзаи дарёҳои Сир ва Аму 56 Обанбор ҳаст, ки ҳаҷми умумии оби онҳо 46,4 километр3 ва ҳаҷми манфиатдорашон 31,6 километр3 буда, аз он ҷумла қариб 50 Обанбор пурра барои обёрии заминҳои хоҷагии қишлоқ истифода мешавад. Дар территорияи Тоҷикистон аксари Обанборҳо ба ҳавзаи дарёҳои Сир, Вахш ва Зарафшон мансубанд ва оби онҳоро асо­сан барои обшор намудани заминҳо кор мефармоянд (нигаред ҷадвал).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …