Маълумоти охирин

Нутрия

Нутрия, қундузи о б ӣ (Муocastor coypus), ҳайвони ширхӯри мӯинадорест аз хояндаҳо. Зоҳиран ба калламуши калон монанд буда, рангаш қаҳвагии бӯртоб аст, ки рахши хокистарӣ дорад. Ватанаш Америкаи Ҷанубӣ. Дарозии баданаш 5—65 сантиметр, думаш 32—48 сантиметр. вазнаш 5—14 килограмм. Дар CССP Нутрия асосан ба шароити Закавказия, кишвари Краснодар, Осиёи Миёна мутобиқ шудааст. Ба РСС Тоҷикистон соли 1949 50 cap Нутрияро ба обанбори мамнӯъгоҳи Полвонтуғай cap дода буданд, ки ба шароити маҳал хеле хуб мутобиқ гардид.

Дар натиҷаи сукунати табиӣ, Нутрия қариб дар ҳамаи обанборҳои ҳавзаи Вахш, қисми ҷануби Қӯрғонтеппа то сарҳадҳои Афгонистон, инчунин поёноби дарёҳҳои Кофарниҳону Панҷ (якҷоя бо дарёи Яхсу) ва обанборҳои поёноби дарёи Аму паҳн шуд. Нутрия ҳаёти нимхушкию нимобӣ ба cap мебарад. Дар соҳил лонаи чуқур кофта зиндагӣ мекунад.

Даромадгоҳи лонааш аз зери об аст. Дар хоҷагии нутрияпарварии Ҷилиқӯл оид ба парвариши нимозоди Нутрия таҷриба мекунанд. Дар ин ша­роит саршумори асосии Нутрия (дар фаслҳои гарми сол) дар обанборҳо зист мекунанд. Тирамоҳ онҳоро дошта қисми зиёдашонро барои муина мекушанд ва боқимондаашонро то баҳори оянда дар катакҳо барои наслзиёдкунӣ нигоҳ медоранд. Минбаъд хоҷагии нутрияпарварӣ ба парвариши катакии Нутрия мегузарад. Нутрия растаниҳои обӣ ва назди соҳилро мехӯрад. Бештар лух, най, себаргаи обӣ (рдест) ва ғайраро ғизо мекунад. Нутрияи болиғ дар як шаборӯз то 1,5—2 килограмм ем, алаф, мева ва ғайра мехӯрад. Нутрия дар 5 моҳ болиғ мешавад, даври ҳамлаш 128—133 рӯз. Соле се маротиба насл медиҳад, аз ду то 10 бача мезояд.

Адабиёт: Елисеев В. Г. (ва дигар, Раз­ведение нутрий в Таджикистане. М. 1959; Чернишев В. И., Аклиматизация нутрии в Таджикистане, Душанбе. 1959; Ильина Е. М., Звероводство, Москва, 1975.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …