Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Новелла Агостино

Новелла Агостино

Новелла (Novella) Агостино (28.09.1905, Генуя — 15.09.1974, Рим), ходими ҳаракати коргарии Италия ва байналхалқӣ. Соли 1923 котиби Федератсияи сотсиалистони Генуя интихоб шуд. Аъзои Федератсияи коммунистони навони Италия (ФКЧИ, аз соли 1923) ва Партияи Коммунистон Италия (ПКИ, аз 1924). Коргари ме­таллист буд. Солҳои 1924—1926 котиби Комитети вилоятии ФКЧИ-и Лигурия, аъзои КМ ФКЧИ, ҷонишини котиби иттифоқҳои касабаи металлистони Генуя. Соли 1927 суди  фашисти Новгородро ба муддати 4 сол ҳабс маҳкум кард.

Солҳои 1931—1932  котиби КМ ФКҶИ. Соли 1932 ба Франсия ҳиҷрат намуд. Аз соли 1932 аъзои  КМ ПКИ. Солҳои 1934—1936 котиби КМ  ФКЧИ. Соли 1935 вакили Конгресси 7-уми Интернатсионали Коммунистӣ  ва Конгресси 6-уми Интернатсионалӣ коммунистии ҷавонон. Солҳои 1940— 1943 аъзои бюрои хориҷии КМ ПКИ, аз 1943 аъзои Роҳбарияти ПКИ. Иштирокчии Ҳаракати Муқобилат. Солҳои 1944—1949 котиби федератсияи ПКИ ва  дар Рим, Генуя, Комитети вилоятии  ПКИ дар Ломбардия ва Лигурия, 1947—1949 аъзои Котиботи ПКИ; 1949—1955 котиб, 1957—1970 Котиби генералии Конфедератсияи умумииталиявии мещнат. Солҳои 1957—1970 аъзои Совети генералӣ, 1958—1970 аъзои Комиҷроияи федератсияи умумиҷахонии иттифоқҳои касаба (ФУИК). Солҳои 1959—1961 раиси ФУИК. Аз соли 1966 аъзои Бюрои сиёсии ПКИ. Солҳои 1948—1970 де­путати парламент буд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …