Нормушк (Euonymus), як ҷинси растаниҳои хазонрез ва ҳамешасабзи буттагӣ ё дарахтист; мансуби норму шкиҳо; барги соддаи рӯ ба рӯ, гули дуҷинсаи 4—5 аъзогӣ (баъзан тоқа-тоқа) ва ғӯзамева дорад. Бештар аз 200 намудаш маълум аст. Қариб ҳамаи намудҳои Нормушк заҳрноканд.
Дар бешаҳои СССР қариб 20 намудаш мерӯяд. Е. verrucosus (ниг. pacм) ва Е. europaeus, ки дар қисми Европоии СССР (аз ҷумла дар Қрим ва Кавказ) мерӯянд, аҳамияти хоҷагӣ доранд. Решаю поли онҳо гуттаперча доранд. Чӯби Нормушк сабуку сахт буда, дар дуредгарӣ ва харротӣ истифода мешавад. Аз меваи Нормушк дору ва ранг тайёр мекунанд. Бисёр намудҳояш аз қадим чун растении ороишӣ парвариш мешавад.