Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Нимейер Оскар

Нимейер Оскар

Нимейер (номи пуррааш Нимейер Суарис Филю Nimejer Soares Fil-ho) Оскар (таваллуд 15. 12. 1907, Рио- де-Жанейро), меъмори Бразилия.

Аъзои Партияи Коммунистии Бра­зилия. Мактаби санъати миллии Рио-де-Жанейроро хатм намудааст (1934). Яке аз асосгузорони мак­таби меъмории муосири Бразилия.

Дар лоиҳаҳои Нимейер тамоми имкониятҳои конструксияҳои оҳану бетон ва материалҳои дигар пурра ба назар гирифта шу­даанд. Дар асоси лоиҳаҳои меъмор биноҳое ба вуҷуд меоянд, ки хеле шинам, ба релефи маҳал мувофиқ ва назаррабоянд: банки Боависта (1946), госпитали «Америкаи Ҷанубӣ» (1953), меҳмонхонаи «Насионал» (1970)— ҳама дар Рио-де-Жаяейро; Музеи санъатҳои нафиса Дар Кара­кас, Венесуэла, (1955—56). Аз соли 1957 дар сохтмони пойтахти нави Бра­зилия шаҳри Бразилия иштирок дорад. Биноҳои ҳукуматӣ, маъмурӣ ва истиқоматии ин ҷо бо шаклҳои аҷоиби худ фарқ мекунанд. Нимейер аъзои Президиуми Совета Умумиҷаҳонии Сулҳ, лауреати Мукофоти байнал- халқии ленинӣ «Барои мустаҳкам кардани сулҳи байни халқҳо» (1963). Бо «Медали тиллоии Сулҳ» (1970) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …