Нишалло, як навъ ширина. Тайер намудани Нишалло аз якчанд амалиёт иборат аст: аввал бехро майда карда ба зарфи обдор меандозанд ва 20-30 дақиқа меҷӯшонанд, баъд дар деги мис аз шакару об қиём мепазанд. Оби бехро ба деги равғаннарасида андохта, бо чилчӯб мезананд. Баъди пайдо шудани кафк сафедаи тухмро низ ҳамроҳ намуда, латзаниро давом медиҳанд. Сипас, тадриҷан қиёмро низ ба дег рехта хеле вақт то пайдо шудани кафки сафед бо белча меомезанд. Қиёму кафкро ҳар қадар зананду бо ҳам омезанд, ҳамон қадар Нишалло болаззат гашта, ба тезӣ лб ҷудо намекунад. Нишалло дар байни мардуми мо аз асрҳои миёна маъмул буда, онро ҳалвопазҳо дар арафаи иди Наврӯз, тӯйҳо ё дигар маросимҳо мепухтанд. Нишалло ҳоло дар фабрикаҳои қаннодӣ тайёр карда мешавад.
Адабиёт: Аминов С., Ванукевич А., Таомҳои тоҷикӣ, Душанбе, 1987.