Маълумоти охирин

Николаи II

Николаи II (Николай Александ­рович Романов, 18. 05. 1868, Цар­ское Село, ҳозира шаҳри Пушкин —17. 07. 1918, Екатеринбург, ҳозира Сверд­ловск), охирин императори Россия (1894—1917), писари Александри III. Николаи II ҳимоятгари манфиати ашрофони иртиҷоӣ буд. Дар давраи ҳукмронии Николаи II капитализм дар Россия тараққӣ кард. Ҳукумати подшоҳӣ маҷбур шуд, ки ба буржуазияи калон наздик шуда, ҳокимияти ашро- Фонро пойдору мустаҳкам созад ва барои бо роҳи буржуазӣ – тараққӣ кардани мамлакат шароит фародам оварад. Бинобар ин ҳукумати _подшодҳӣ ислоҳоти Думай давлатӣ ва аграрии Столипини гузаронид. Дар ин давра ҳаракати револютсионӣ авҷ гирифт. Ҳукумати Николаи II намоиши коргарони Петербургро (9 январи 1905) бераҳмона тирборон кард. Вай дар таърих ҳамчуя «Николаи хунхор» машҳур аст. Дар давраи авҷи револютсияи якуми рус Николаи II маҷбур шуд, ки Манифести 17 октябри 1905-ро барорад. Дар манифест ташкил кардани Думай қонунгузор, озодиҳои буржуазӣ-демократӣ ва ғайра ваъда карда мешуд. Бо фармони Николаи II  Револютсия 1905-1907 буғӣ, режими таъқибот ва реасия барқарор карда шуд.

Ҳукумати подшоҳӣ сиёсати империалистӣ ва мкстамликадориро пеш гирифт. Ҷанги русу япон (1904-1905) бо шикасти Россия анҷом ёфт. Николаи II  кӯшиш кард, ки ба Германия наздик шавад, вале ин кӯшиш бенатиҷа баромад. Бинобар ин Россия бо Антанта иттифоқи ҳарбӣ ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1914-1918) дохил шуд. Николаи II  аз августи 1915 дар Ҷанги якуми ҷаҳон сарфармондеҳи олии армияи рус буд. Ӯ дар натиҷаи ғалабаи Револютсияи буржуазӣ- демократии феврал 2 (15) марти 1917 ба фоидаи бародараш Михаил Александрович тарки тахту тоҷ кард, вале Михаил дар зери фишори қувваҳои револютсионӣ тахту тоҷро қа­бул накард. Револютсия ҳукумати подшоҳиро сарнагун кард. 17 июли 1918 Николаи II ва аҳли оилааш бо қарори Президиумн совети Вилоятии Урал дар Екатеринбург парронда шуд. Николаи II мисли дигар шоҳони рус нисбат ба халқҳои ғайрирус, аз ҷумла халқҳои Осиёи Миёна сиёсатеро мегузаронд, ки он тараққиёти иқтисодии онҳоро боздошта, мамлакатро ба манбаи ашёи хоми саноатн Россия табдил медод. Халқҳои Осиёи Миёна, ба монандн дигар халқҳои ғайрирус, мардуми «бегонаҷинс» номида мешуданд. Ҳукумати Николаи II як миллатро ба миллати дигар ҷанг меандохт, онҳоро ваҳшиёна истисмор, хору залил ва таҳқир мекард. Маданияти миллии халқҳои Осиёи Миёнаро поймол менамуд. Шӯршиҳои халқҳои Осиёи Миёна маҳз натиҷаи ҳамин бедодгариҳои буржуазияи рус ва зулму истисмори ҳукуматдорони маҳаллӣ буд, ки золимонро Николаи II низ ҳимоят мекард.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …