Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Николаев Алексей Василевич

Николаев Алексей Василевич

Николаев Алексей Василевич (таваллуд 19.08. 1897, деҳои Казакии уез­ди Данков, губ. Рязан, ҳозира вилояти Липетск), хокшиноси советӣ, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1961). Аъзои КПСС аз соли 1960. Соли 1926 факултети ге­ологию географияи Унститути давлатии Москваро хатм кардааст. Солҳои 1926—1936 хокшинос ва агрохимики Стансияи таҷрибавӣ ва муассисаҳои илмии Москва, Сочи ва Лонинград 1936—1951 мудири лаборатория ва ходими калони илмии Стансияи хокшиносиву мелиоративии Вахш, 1951 —1968 роҳбари сектори физика ва механикаи хок дар назди Институти тадқиқоти илмии хокшносии Тоҷикис­тон, 1968—1978 ходими калони илии ва аз 1978 мушовири институти номбурда. Оид ба масъалаҳои хусусияти физикии хок, самарабахшии режими об, обмонӣ, тралспиратсияи оби зироати хоҷагии қишлоқ ва ғайра тадқиқоти илмӣ бур­дааст. Николаев муаллифи якчанд методҳои омӯзиши хусусиятҳои физикии хок, инчунин ихтироъкори асбобҳои наҷи транспирометр, колеометр ва ғайра мебошад. Бо медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: К теории поливных режимов сельскохозяйственных культур, Сталинабад, 19Э6; Теория полипных режимов, Д., 1979; Учет воды при бороздковом по­ливе, «Хлопководство», 1979, №» 3.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …