Маълумоти охирин

Нижвон

Нижвон қисми барҷастаи сари девори бино. Нижвон девори биноро аз барфу борон муҳофкзат мекунад ва ҳамчун ҷузъи ороишии бино ба ҳисоб меравад (кандакорӣ ва нақшунигор мешавад). Кандакорон, наққошон ва меъморон дар сохтани Нижвот маҳорату санъат ба кор мебурданд. Бештари Нижвонҳои мадрасаҳо, масҷидҳо, ҳаммомҳо ва баъзе хонаҳои истикоматӣ намунаи олии санъати меъморӣ ва наққошӣ буданд. Пештар Нижвонҳо асосан аз чӯб, хишт ва фа­нер сохта мешуданд (дар берун ва даруни бино). Ҳоло Нижвонҳо бештар аз оҳану бетон бунёд мешаванд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …