Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Неъматов Нӯъмон Неъматович

Неъматов Нӯъмон Неъматович

Неъматов Нӯъмон Неъматович (таваллудаш 05. 03. 1927, Хуҷанд, ҳозира Ленинобод), археолог ва муаррихи советии тоҷик. Доктори илмҳои таъ­рих (1969), профессор (1972). Аъзо-корр. АФ РСС Тоҷикистон (1978). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз 1947. Соли 1948 факултети таърихи Институти педа­гогии Ленинободро хатм кардааст. Аз соли 1953 кормади калони илмии сектори археологияи Институти таърихи АФ Тоҷикистон, аз 1971 мудири сектори таърихи маданияти ҳамин институт.

Аз соли 1954 сардори гурӯҳи археологии шимоли То­ҷикистон, аз 1974 сардори Экспедитсияи археологии комплексии шимоли Тоҷикистон. Тадқиқоти Неъматтов ба масъалаҳои археологияи қадим ва асрҳои миёнаи Тоҷикистон, таърих ва таърихи маданияти халқи тоҷик ва умуман Осиёи Миёна бахшида шудаанд. Неъматов аввалин муҳаққиқи давлати қадими Истаравшан буда, таҳти рохбарии ӯ ҳафриёти димнаи пойтахти Истаравшан Бунҷикат, ёд- горҳои атрофи он, харобаҳои дигар шаҳрҳои Истаравшан давом дорад.

Дар ин ҷо осори санъати меъморӣ, наққошӣ, ҳаккокӣ, аз ҷумла шоҳасарҳои маданияти оламшумул кашф шудаанд. Хизмати Неъматов дар омӯхтани археологияи Хуҷанд ва Ӯротенпа низ калон аст. Дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои хаттӣ ва маълумотҳои археологӣ бисёр масъалаҳои таърихи сиёсӣ, маданӣ ва иқтисодию иҷтимоии Осиёи Миёна, аз ҷумла Хуҷанду Истаравшанро ҳал кард. Ӯ яке аз муаллифони асари сеҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик», «Таърихи РСС Тоҷикистон», ҷилди махсуси ЭСТ «РСС Тоҷикистон» ва як қатор асарҳои регионалӣ ва байналхалқӣ оид ба маданияти Осиёи Марказӣ ва ғайра буда, 6 рисола ва зиёда аз 250 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таълиф кардааст.

Неъматов— иштирокчии Симпозиуми байналхалқӣ оид ба археология ва ма­данияти кушонӣ (Душанбе, 1968), Конгресси XIII байналхалқии илмҳои таърих (Москва, 1970), Конгрес­си XIII байналхалқии  таърихи илм (Москва, 1971), Конференсияи илмии байналхалқӣ «Ал-Форобӣ ва тамаддуни дунё» (Москва, 1975), Кон­ференсия атиқашиносони мамлакатҳои сотсиалисти «Эйрена» (Ере­ван, 1976), Конгресси X байналхалқии антропологҳо ва этнологҳо (Деҳлӣ, 1978), Конференсияи байналхалқии «1000-солагии Абуалӣ Ибни Сино» (РДГ, Ҳалле, 1980), Симнозиуми ШМА — СССР оид ба археологияи Шарқи Наздик, Осиёи Миё­на ва Ҳиндустон (Кембриҷ, 1981), Симпозиуми Ҳиндустон — СССР оид ба археологияю таърихи қадими Осиёи Миёна ва Ҳиндустон (Оллоҳобод, 1982) ва ғайра мебошад.

Неъматов дар тайёр намудани мутахассисони археология ва таърихи маданият дар Тоҷикистон саҳми калон мегузорад.

Бо медал, Грамотаи Фахрӣ ва Грамотаҳои Президиуми Советӣ Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Уструшава в древности и раннем средневековье, «Труды АН Таджикской ССР». т. 55, Сталинабад, 1957; Средневе­ковый Шахрнстан (Материальная куль­тура Уструшаны, в. 1), Д., 1966 (хамро- хи С. Г. Хмельницкий); Кашфиёти Паи- чакенти кадим, Д., 1969 (хамрохи А. Ча- лилов); Асрори Истаравшан. Д., 1972; Уртакурган и Тнрмиэактепа (Материаль­ная культура Уструшаны, в. 2), Д., 1973 (хамрохи У. П. Пулодов, С. Г. Хмель­ницкий); Государство Саманидов (Маве­ра ннахр и Хорасан в 9—10 вв.). Д., 1977.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …