Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Назаров Ӯтақора

Назаров Ӯтақора

Назаров Ӯтақора (1899, деҳаи Хоҷамулки ҳозира pайони Шӯрчии РСС Ӯзбекистон—1953 деҳаи Бошқалъаи pайони Қабодиёни вилояти Қӯр- гонтеппа), коркуни партиявӣ ва советӣ, дар байни аҳолӣ бо номи Ӯта­командир машҳур аст. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1928. Вақте ки қисмҳои Армияи Сурх ба Қабодиён омаданд, Назаров ба онҳо роҳбалад шуд. Соли 1924 ӯ аз 10 нафар одамони маҳалли отряди фидоиён ташкил карда, дар торумори дастаҳои босмачиён фаъолона иштирок намуд. Дар рафти мубориза сафи от­ряд то ба 70 кас афзуд. Отряди фи­доиён бо сардории Ӯтакомандир ва қисмхои Армияи Сурх дар амалиёти зидди босмачиёни Шаҳртуз, Тӯлхар, Қабодиён, Айваҷ ва ғайри иштирок кардааст. Назаров дар торумор кардани дастаҳои босмачиёни Ӯтамбек, Иброҳимбек қаҳрамониҳо нишон додааст. Ӯ бо ордени Байрақи Сурх, ме­далҳо, яроқ, тухфаҳои қиматбаҳо шудааст. Яке аз Совети қишлоқ pайони Қабодиёни вилоляти Қургонтеппа мавсум ба Назаров аст. Дар колхози «Коммунизм»-и pайони Қабодиён барои Назаров ҳайкал гузоштаанд.

Ад.: Барои ғалабаи Советҳо, Сталинобод, 1961.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …