Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Назарияи хатоҳо

Назарияи хатоҳо

Назарияи хатоҳо, як фасли статистикаи математикист, ки ба ин- тихоби қиматҳои саҳеҳи бузургиҳои тақрибӣ, инчунин ҳисоб кардани ха­тои андозагириҳо машғул аст. Ҳангоми такроран чен кардани ҳамон як бузургӣ, одатан натиҷаҳои гуно­гун ҳосил мешаванд, зеро ҳар як андозагирӣ хатои муайяне хоҳад дошт. 3 намуди асосии хатоҳо: системавӣ, дағал ва тасодуфӣ мавҷуданд.

X а т о ҳ о и  системавӣ ҳар дафъа натиҷаи ҳисоб (ченкунӣ)-ро ё зиёд мекунад ё кам ва ба сабабҳои муай­ян (нодуруст гузоштани асбобҳои ченкунӣ, тағйир ёфтани муҳит ва ғайра) пайдо мешаванд ва ба натиҷаҳои ченкунӣ ба таври мунтазам таъсир расонда, онҳоро як зайл тағйир ме­диҳанд. Ҳисоби хатоҳои системавӣ аз доираи статистикаи математикӣ берун аст. Хатоҳои да ғ ал хангомӣ ҳисобу китоби ғалат, нодуруст хондани нишондоди асбоб ва ғайра ҳосил мешаванд. Натиҷаҳои ченкуниҳо, ки хатои дағал доранд аз нати­ҷаҳои бо усули дигар ҳосилшуда ба андозаи калон фарқ хоҳанд кард ва аз ин рӯ ҳамеша ба назар намоён мебошанд. Хатоҳои тасодуфӣ дар натиҷаи сабабҳои тасодуфие ба амал меоянд, ки ба андозагириҳои ҷудогона таъсир мерасонанд. Назарияи хатоҳо танҳо  хатоҳои дағал ва тасодуфиро меомӯзад. Вазифаҳои асосии Назарияи хатоҳо инҳоанд: ҷустуҷӯи қонунҳои тақсимоти хатоҳои тасодуфӣ, тақвими қимати тақрибии бузургиҳои ченшавандаи номаълум аз рӯи натиҷаҳои якчанд андозагири, муқаррар намудани хатои тақвим ва бартараф намудани хатоҳои дағал.

Ад.: Линник Ю. В.. Метод наимен­ших квадратов и основы математико-ста­тической теории наблюдений, 2 изд.. М.. 1962; Болшей Л.Н., Смирнов Н. В., Таблитсы математической статисти­ки, 2 над.. М., 1968.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …