Насонов Дмитрий Николаевич (10. 7. 1895, Варшава — 21. 12. .1957, Ленинград), патофизиологи советӣ, аъзо-корреспондент АФ СССР (1943), академик АИТ СССР (1945). Писари Н. В. Насонов. С. 1919 баъди хатми Университети Петроград дар ҳамон ҷо ва дар Институти умумииттифоқии тибби тақрибавӣ (1933—50) кор кардааст. Аз соли 1935 профессор Университети давлатии Ленинград, 1957 директори Институти цетологияи АФ СССР. Иштироки комплекси Голҷиро (аппарати тӯршакли дохилиҳуҷайра — органоиди ҳуҷайра, ки шаклгирии мудохилаҳои гуногуни дохилиҳуҷайравӣ ба он алоқа дорад) дар секресия ва экскресиям ҳуҷайра нишон
дод. Мафҳуми паранекрозро пешпиҳод намуда, назарияи ангезиш ва вайроншавиро (бо ҳамроҳии В. Я. Александров) таҳия кард. Ақидаи Н. Б. Введенскийро оид ба сиришти ангезиш инкишоф дода, ягонагии тағйироти функционалӣ ва структуриро дар парабиоз исбот намуд ва назарияи гузаронидани импулси асабиро кор карда баромад. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943).
Асос: Избранное. тр., Москва—Ленинград, 1963.