Нансен (Nansen) Фритоф (10. 10. 1861, работи Стуре-Фрёен, наздикии Кристиания, ҳозира Осло,—13. 05.1930, работи Люсакар, наздикии Осло), сайёҳ, уқёнусшинос, арбоби ҷамъиятии Норвегия, яке аз тадқиқотчиёни Арктика. Аз соли 1897 профессори Университети Кристиания (ҳоло шаҳри Осло), аъзои фахрии АФ Петербург (аз 1898). Соли 1888 якумин шуда бо лижа қисми ҷануби Гренландияро тай намуд ва тамоман яхпӯш будани ноҳияҳои дохилии онро муайян кард. Тобистони 1893 бо мақсади омӯхтани Қутби Шимоли дар киштии «Фрам» аз Норвегия баромад; сентябри 1896 «Фрам» дар қисми шимолу ғарбии чазираҳои Новосибир байни яхҳо монда, баробари ҳаракати онҳо то наздикии ҷазираи Шпитсберген шино карда омад.
Соли 1895 Нансен ҳамроҳи яке аз иштирокчиёни экспедитсия Ф. Я. Иогансен «Фрам»-ро тарк карда, бо мақсади гузаронидани тадқиқоти илмӣ ба Ҷаниби қутб роҳ гирпфт, вале то 86°14′ а. ш. расида маҷбур шуд ба Замини Франтс Иосиф баргардад. Зимистон дар ҷазираи Ҷексон монда, тобистони 1896 дар киштии экспедитсияи Англия Ф. Чексов ба Норвегия баргашт. Дере нагузашта киштии «Фрам» низ расида омад. Ҳангоми дрейфи «Фрам» Нансен як қатор мушоҳидаҳои океанографӣ ва метеорологӣ гузаронда, исбот кард, ки ақидаи тунукоба будани уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ нодуруст аст, пайдоиш ва сохти массаи оби он, таъсири гардиши шаборӯзии Заминро ба ҳаракати яхҳо аниқ кард.
Соли 1900 Нансек дар экспедитсияе, ки он ҷараёнҳои уқёнуси Яхбастаи Шимолиро меомӯхт, иштирок кард. Соли 1902 дар Кристиания Лабораторияи марказии океанографӣ ташкил намуд. Ӯ яке аз ташкилотчиён ва аъзои Совети байналхалқии оид ба омӯзиши баҳрҳост. Соли 1913 Нансех бо киштӣ (қад қади соҳили уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ) то резишгоҳи дарёи Енисей омад, сипас саёҳаташро дар қисми ҷанубии Сибири Шарқӣ ва Шарқи Дур давом дод.
Пас аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914— 1918) Нансех комиссари олии Лигаи Мил- латҳо оид ба масъалаҳои асирони ҳарбӣ таъин шуд ва дертар (1921) яке аз ташкилотчиёни ёрӣ ба гуруснагони Поволжия гардид. Ба якчанд объектҳои географии Арктика ва Антарктика, аз ҷумла ба ҷазира ва димоға дар галаҷазираи Замини Франс объектҳои географии Арктика ва дар нимҷазираи Таймир ва ғайра номи Нансен дода шудааст. Нансен барои фаъолияти инсонпарварии худ сазовори Мукофоти нобелии сулҳ гардид (1922).
Ас.: В страну будущего. П.. 1915; «Фрам» в Полярном море. М., 1956.
“Ад.: Таланов А., Нансен, М.. I960; Нансен-Хей ер Л., Книга об оттсе, пер. с норв., Л., 1971.