Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Набиев Раҳмон

Набиев Раҳмон

Набиев Раҳмон ( 05 . 10.1930 та­валлуд шудааст), ходим партиявӣ ва давлатии советӣ, котиби якуми, КМ Партияи Комунистии Тоҷикистон, аъзои Ко­миссияи марказии тафтишоти КМ КПОС. Депутати Совети Олии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (аз даъвати нӯҳуми ин ҷониб), депу­тати Совети Олии РСС Тоҷикистон (аз даъвати шашӯм ин ҷониб). Дар оилаи деҳқон дар деҳаи Шайхбурҳони райони Хуҷанд, ҳозира вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1946 ҳамчун ҳисобчии колхози  ба номи Жданови райони Ленинобод cap кардааст. Со­ли 1949 Техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод ва соли 1954 Инсти­тути ннженерони ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи Тошкентро хатм намуда, соҳиби маълумоти оли гардидааст. Раҳмон Набиев дар солҳои 1954—1955 саринженери МТС-и райони Исфисор, солҳои (1956—1960) аввал саринженер, баъд директори Стансияи таъ- мири техникаи райони Хуҷанд, сардори Саруправленияи Вазорати хоқҷгии қишлоқи  РСС Тоҷикистон, ҷонишини раиси Иттиҳодияи республикавии «Тоҷикселхозтехника» шу­да хизмат кардааст. Котиби якумн КМ ПК Тоҷикистон ра­фик Р. Н. Набиев (дар мобайн) ва вазири энергетикаю электриконии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ рафиқ П. С. Непорожний (аз рост) ҳамроҳи дигар ходимони партиявию советии Тоҷикистон дар маросими поягузории ГЭС-и Сангтуда. 1983. Раҳмон Набиев аа соли 1 9 6 1 дар иҷрои вазифаҳои масъули партиявӣ мебошад: аввал ҷонишини мудири шӯъба, сонӣ мудири шӯъбаи КМ ПК То­ҷикистон, инспектори Бюрои Осиёимиёнагии КМ KПСС, инспектор, му­дири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи КМ ПК Тоҷикистон. Солҳои 1071—1973 вазири хоҷагии қишлоқи республи­ка таъин гардид. Аз июли 1973 то апрели 1982 Раҳмон Набиев Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон буд. Моҳи апрели 1962 котиби якумн КМ ПК Тоҷинистон интихоб шуд. Дар съездҳои 25 ва 26 КПСС аъзои Комиссияи марказии тафтишоти КПСС интихоб гардид. Раҳмон Набиев тамоми саъю ҳаракат, ғайрату кӯшиш, таҷрибаю дониш ва маҳорати худро дар роҳи ба ҳаёт гузаронидани қарорҳои Съезди 26 КПСС ва Пленумҳои минбаъдаи КМ КПСС, дар роҳи гул-гулшукуфии иқтисодиёт, илму маданият, боз ҳам беҳтар шудани некуаҳволии моддию маънавии меҳнаткашони республика, тарбияӣ коммунисти онҳо, мустаҳкам кардани дустӣ ва ягонагии интернатсиоиалии халқҳои мо сарф месозад. Барои содиқона иҷро кардан и хизматҳои Партияи Коммунистӣ ва Давлати Советӣ бо орденҳои Ленин ва Револютсияи Ок­тябр,  се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотопида шудааст. Ос.: Ифтихори халқ «Садои Шарқ»,№ 4, 1978; Тоҷикистони Советӣ, Д., 1983; Бо роҳи прогресси илмию техникӣ, «Коммунисти Тоҷикистон», № 1, 1984; Советский Таджикистан, М.. 1982; В семе братских народов (Таджикистан за 60 лет), «Партийная жизн», N5 17, 1982; В общем строю — к единой тсели, «Ком­мунист», № 18, -1982; Рол ленинской натсионалной политики КПСС в созда­нии материално-технической базы раз­витого сотсиализма (на примере Тадж. ССР), «Вопросы истории КПСС». № 12, 1982; Светлый пут моей отчизны (О се­годняшнем дне Сов. Таджикистана), «Со­ветский воин», № 24, 1983.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …