Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ленинобод

Ленинобод

ЛЕНИНОБОД – ин шаҳр ва маркази маъмурии вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон буд. Номи Ленинободро солҳои 1936 – 1991 ба худ касб кардааст. Баъди соҳиб шудани мустақилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Ленинобод ба номи таърихии кӯҳани худ яъне ба шаҳри Хӯҷанд баргардонида шуд.

Ленинобод

Ленинобод дар даромадгоҳи водии Фарғона воқеъ мебошад. Аз байни шаҳр дарёи Сир ҷорист. Аз марказ то стантияи роҳи оҳани Ленинобод 11 километр ва то шаҳри Душанбе 341 км. Ленинобод ба воситаи роҳҳои мошингард, роҳи оҳан ва ҳавоӣ бо дигар шаҳрҳои мамлакат пайваст аст. Масоҳати умумии Ленинобод 0,2 ҳазор километри мураббаъ мебошад. Аҳолиии шаҳри Ленинобод 180 ҳазор нафар дар соли 2017 ва 31 ҳазор нафар дар соли 1900 – ум буда иборат аз тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо ва намояндагони миллатҳои дигар.

Иқлими Ленинобод континентӣ буда, тобистонаш гарм ва зимистонаш хунук. Ҳарорати миёнаи январ -0,9° С, июль 28° С. Миқдори боришоти солона 159 мм.

khujand-iqlim

Иқтисодиёт: Ленинобод дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ба яке аз марказҳои калони иқтисодӣ ва мадании Тоҷикистон табдил ёфта буд. Соҳаҳои асосии саноат: бофандагӣ, коркарди металл, бинокорӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ. Соли 1980-1990 дар Ленинобод зиёда аз 25 корхонаи саноатӣ мавҷуд буд. Комбинати шоҳибофии Ленинобод яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии СССР буда, 80% шоҳии Тоҷикистон (зиёда аз 45 навъ ва 500 номгӯи матоъ)-ро истеҳсол мекард.

Қасри Арбоб ( 1980 с.)
Қасри Арбоб ( соли 1980)

Соли 1981 комбинати консерви шаҳр 53 млн. қуттии консерв баровард, ки ин миқдор бо тамоми консерви корхонаҳои Россия (1913) баробар буд. Дар шаҳр комбинатҳои шир, равған, масолеҳи бинокорӣ, заводҳои тухми кирмак, шиша, «Торгмаш» (зарфҳои каҳвапазӣ, термостатҳо ва ғайра), истеҳсоли зарфҳои сирдор, «Газаппарат», таъмири автомобил, истеҳсоли маснуоти оҳану бетонӣ, нон, матбаа, фабрикаҳои мебелсозӣ, пойафзолдӯзӣ ва ғайра низ ҳастанд. Маҳсулоти саноати шаҳр ба Булғория, РХМ, Куба, Руминия, Венгрия, Муғулистон, Афғонистон, Алҷазоир, Эфиопия, Ҳиндустон, Гвинея, Сомали ва ғ. фиристода мешавад.

Маориф: Соли таҳсили 1981/82 дар шаҳр 22 мактаби миёна, 3 мактаби 8-сола, 3 техникум, 3 омӯзишгоҳ (мусиқӣ, педагогӣ, тиббӣ), 6 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ буданд, ки 25 ҳазор нафар хонанда ва 4723 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Яке аз аввалин донишкадаҳо — Институти давлатии педагогии ба номн С. М. Киров, Институти такмили ихтисоси муаллимон, Филиали Институти политехникии Тоҷикистон, шӯъбаи ИН Тоҷикистон мавҷуданд.

Сурати бинои Опера Балет дар ш. Ленинобод

Фарҳанг ва ташкилотҳо:  Ленинобод қасри маданият, театри мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин, театри халқӣ, 8 клуб, 24 кинотеатр ва дастгоҳи кино, 16 китобхона, боғи ботаникии АФ РСС Тоҷикистон хонаю боғи пионерон, ст. техникҳо ва табиатшиносони ҷавон, музей кишваршиносӣ, 14 муассисаи табобатӣ, 6 дорухона, 25 пункти тиббӣ дорад. Дар Ленинобод комбинати хизмати маишӣ, 4 меҳмонхона, 203 нуқтаи савдо, хӯроки умумӣ ва ғ. кор мекарданд.

Таърих: Ленинобод яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна буда, дар ҳазораи 1 то мелод ба вуҷуд омада, соли 329 то мелод онро Искандари Мақдунӣ ишғол кард. (Ниг. Искандарияи Aқсо). Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ дар Ленинобод осори маданияти асрҳои 6-4 то мелод ёфт шуд. Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ шаҳр дар нимаи дуюми асри 7 бо номи Хуҷанд машҳур буд. Дар асри 7 ба хилофати араб, асри 13 ба муғулҳо, нимаи дуюми асри 14 ва асри 15 ба Темуриён ва асри 16 ба Шайбониён, баъд ба хонҳои Қӯқанд тобеъ буд. Шаҳрро борҳо истилогарони аҷнабӣ хароб намуданд. Сокинони шаҳр бар зидди ғоратгарон каҳрамонона ҷангиданд.

Дар асри 13 бо сардории қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ба лашкари Чингиз муқобилияти сахт нишон дода шуд. Шаҳр чун маркази савдо, ҳунармандӣ машҳур буд. «Роҳи бузурги абрешим» ба Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Эрон, Шарқи Наздик, Хитой ва ҳавзаи баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт.

Видеои ш Ленинобод

24 май 1866 ба шаҳр аскарони подшоҳи Россия даромаданд ва он ба ҳайати Россия дохил шуд. Ин воқеа аҳамияти прогрессивӣ низ дошт. Минбаъд ба Хуҷанд инқилобиён ва равшанфикрони рус омаданд, ки онҳо дар инкишофи шуури синфӣ ва худогоҳии маҳаллӣ таъсир гузоштанд. 4 июли 1916 мардуми Хуҷанд ба муқобили сиёсати мустамликадории Россияи подшоҳӣ ва феодалҳои маҳаллӣ шӯриш бардоштанд, ки он дар тамоми Осиёи Миёна паҳн гашт. Дар ҷараёни муборизаҳои синфӣ инқилобчиёни машҳур ба майдон омаданд. 24 ноябри 1917 Ҳокимияти Советӣ дар Хуҷанд ғалаба кард.

Дертар шаҳр аввал ба ҳайати РСС Ӯзбекистон ва аз 2 октябри соли 1929 ба РСС Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Соли 1936 бо талаби меҳнаткашон шаҳр Ленинобод ном гирифт. Ленинобод зодгоҳи як зумра шахсони бузурги таърихист.

Ленинобод - Хучанд
ш. Ленинобод (2015с.)

Бузургон: Олимон -мунаҷҷим ва риёзидон Абумаҳмуди Хуҷандӣ (а. 10), ҷуғрофияшинос ва Сайёҳ Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов (1842-1925), шоирон Маҳастии Хуҷандӣ (а. 12), Камоли Хуҷандӣ (а. 14), Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф (1825-87), Тошхӯҷаи Асирӣ (1864-1916), Абдуллои Файёз (1847-1934) ва дигарон арбобони илму маданият ин ҷо касби камол кардаанд.

Дар давраи советӣ чанд насли ходимони партиявию давлатӣ, олимон, нависандагон ва санъаткорон, қаҳрамонони меҳнат ба воя расидаанд.

Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а. 14) ва боқимондаи қалъаи шаҳр — Ӯрда (асрҳои 7—8) аз ёдгориҳои таърихӣ ва меъморӣ мебошанд. Дар соҳили рости дарёи Сир ҳайкали В. И. Ленин қомат афрохта буд вале дар солҳои истиқлолият ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шуд. Дар Ленинобод инчунин ҳайкали ёдгории ҷанговарони ленинободӣ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шаҳид шудаанд ва ҳайкали ёдгории муборизони барпо памудани Ҳокимияти Советӣ дар Хуҷанд мавҷуд мебошанд.

Ленинобод дар харита

Адабиётҳои истифодашуда.: Фёдорова Т. Я., Шаҳрҳои Тоҷикистон, д., 1971; Ҳайдаров Г. X., Краткий очерк истории Ленинабада, Д., 1965.  Ҳ. Очилов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …