Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЗТАРИБ Мулло Абдулмаҷид

МУЗТАРИБ Мулло Абдулмаҷид

personМУЗТАРИБ Мулло Абдулмаҷид (1844, Бухоро — 1896/97, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Дар Бухоро таҳсил намуда, ҳамчун шоир дар муҳити адабии ин шаҳр ба камол расидааст. Тазкиранависон Возеҳ» Мӯҳтарам ва Садриддин Айнӣ («На­мунаи адабиёти тоҷик») Музтарибро ҳамчун шахси фозилу донишманд ва шоири хуштабъ тавсиф намудаанд. Муҳтарам дар шоирӣ ӯро «соҳиби тарзи ҷадида номидааст. Музтариб яке аз мухлисони Аҳмади Дониш ва Шо­ҳин будааст. Meроси адабии Музтариб асо­сан аз қасида, ғазал, мусаммат ва рубоӣ иборат аст, ки намунаҳои онҳо дар маҷмӯаю баёзҳо ва тазкираҳои асрт 19 ва 20 бисёр ба назар мерасанд. Девон надорад. Маҳорати шоирии Музтариб дар ғазалиёти ҳаҷвӣ ва мутоибот, дар шеърҳои лирикии ишқӣ, ки равону содда сурудааст, зоҳир мегардад. Музтариб дар ҳаҷвиёт аз калимаю таъбироти гуфтугӯии мардум истифода намудааст. Дар ғазалиёт ва ҳаҷвиёту мутоиботи Музтариб мазмуну оҳангҳои шикоят аз замон ва камбизоатию тангдастии худ, норозигӣ аз ҳасудону бадгӯёнаш мушоҳида мешаванд.

Ҳ. Самадов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …