МУЗТАРИБ Мулло Абдулмачид (1844, Бухоро — 1896/97, хамон чо), шоири точик. Дар Бухоро тахсил намуда, хамчун шоир дар мухити адабии ин шахр ба камол расидааст. Тазкиранависон Возех» Мухтарам ва Садриддин Айни («Намунаи адабиёти точик») Музтарибро хамчун шахси фозилу донишманд ва шоири хуштабъ тавсиф намудаанд. Мухтарам дар шоири уро «сохиби тарзи чадида номидааст. Музтариб яке аз мухлисони Ахмади Дониш ва Шохин будааст. Meроси адабии Музтариб асосан аз касида, газал, мусаммат ва рубои иборат аст, ки намунахои онхо дар мачмуаю баёзхо ва тазкирахои асрт 19 ва 20 бисёр ба назар мерасанд. Девон надорад. Махорати шоирии Музтариб дар газалиёти хачви ва мутоибот, дар шеърхои лирикии ишки, ки равону содда сурудааст, зохир мегардад. Музтариб дар хачвиёт аз калимаю таъбироти гуфтугуии мардум истифода намудааст. Дар газалиёт ва хачвиёту мутоиботи Музтариб мазмуну охангхои шикоят аз замон ва камбизоатию тангдастии худ, норозиги аз хасудону бадгуёнаш мушохида мешаванд.
Х. Самадов.