Маълумоти охирин

МУЗЕИ ОСИЁ

muzeyМУЗЕИ ОСИЁ, муассисаи тадқиқоти илмии шарқшиносӣ, маҳзани дастнависҳо ба забонҳои Шарқ ва китобҳои оид ба шарқшиносӣ. Соли 1818 дар назди Академияи Фанҳои Петербург таъсис ёфтааст. Ба коллексияҳои он тангаҳои Шарқ, дастнависҳо ва дигар материалҳое, ки дар аҳди Пётри I дар Кунсткамера ҷамъ оварда шу­даанд, асос гузоштаанд. ҳанӯз соли 1917 музей китобхонаи беҳамто буд. Дар Музеи Осиё шарқшиносони барҷаста Б. А. Дорн, С. Ф. Олденбург, В. В. Бартольд, И. Ю. Крачковский, В. М. Алексеев ва дигар кор кардаанд. Баъди Револютсияи  Кабири  Сотсиалистии Октябр, соли 1921, баробари дар назди Музеи Осиё ташкил ёфтани Коллегияи шарқшиносон он ба маркази муттаҳидкунандаи тамоми шарқшиносони Ленинград табдил ёфт. Соли 1930 дар заминаи Музеи Осиё бо ташаббуси Коллегияи шарқшиносон ва ‘як қатор муассисаҳои шарқшиносӣ Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ба вучуд омад.

Адабиёт: Л и в о т о в а О. Э., Основная литература об Азиатском музее — Инс­титуте востоковедения Академия Наук Союз Советских Сотсиалистических Республик (1776— 195«), дар маҷмӯаи «Очерки по истории русского востоковедения», сборник 2, Москва, 1956; Дансиг Б. М., Изучение Ближнего Востока в России, Москва, >1968; Базиянц А., Кузнецова Н., Кулагина Л., Азиатский музей — Институт востокове­дения Академии Наук Союз Советских Социалистических Республик (1818—1968), Москва, 1969.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …