Маълумоти охирин

МУЗЕИ ОСИЁ

muzeyМУЗЕИ ОСИЁ, муассисаи тадкикоти илмии шаркшиноси, махзани дастнависхо ба забонхои Шарк ва китобхои оид ба шаркшиноси. Соли 1818 дар назди Академияи Фанхои Петербург таъсис ёфтааст. Ба коллексияхои он тангахои Шарк, дастнависхо ва дигар материалхое, ки дар ахди Пётри I дар Кунсткамера чамъ оварда шу­даанд, асос гузоштаанд. хануз соли 1917 музей китобхонаи бехамто буд. Дар Музеи Осиё шаркшиносони барчаста Б. А. Дорн, С. Ф. Олденбург, В. В. Бартольд, И. Ю. Крачковский, В. М. Алексеев ва дигар кор кардаанд. Баъди Револютсияи  Кабири  Сотсиалистии Октябр, соли 1921, баробари дар назди Музеи Осиё ташкил ёфтани Коллегияи шаркшиносон он ба маркази муттахидкунандаи тамоми шаркшиносони Ленинград табдил ёфт. Соли 1930 дар заминаи Музеи Осиё бо ташаббуси Коллегияи шаркшиносон ва ‘як катор муассисахои шаркшиноси Институти шаркшиносии Академияи Фанхои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР ба вучуд омад.

Адабиёт: Л и в о т о в а О. Э., Основная литература об Азиатском музее — Инс­титуте востоковедения Академия Наук Союз Советских Сотсиалистических Республик (1776— 195«), дар мачмуаи «Очерки по истории русского востоковедения», сборник 2, Москва, 1956; Дансиг Б. М., Изучение Ближнего Востока в России, Москва, >1968; Базиянц А., Кузнецова Н., Кулагина Л., Азиатский музей — Институт востокове­дения Академии Наук Союз Советских Социалистических Республик (1818—1968), Москва, 1969.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …