Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУСОЕВ Абдулло

МУСОЕВ Абдулло

personМУСОЕВ Абдулло (таваллуд 1922, деҳаи Саричашмаи pайони Шӯрообод, вилояти Кӯлоб), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, донандаи се ордени шараф, ефрейтор. Соли 1943 ба фронт рафта, дар собиқ полки 515-уми тирандозии дивизияи Байрақи Сурхдори 134-уми Вердинск ҷангид. Мусоев барои шуҷоат ва корнамоиҳои ҷангиаш октябри 1944 ордени Шараф (дараҷаи 3), марти 1945 ордени Шараф (дараҷаи 2) ва маи 1945 ордени Шараф (дараҷаи 1) гирифт. Мусоев соли 1945 аз ҷанг баргашта ва то ҳол дар системаи савдо кор мекунад.        Л. П. Сечкина.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …