Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУШТОҚИИ ДЕҲЛАВӢ

МУШТОҚИИ ДЕҲЛАВӢ

nophotoМУШТОҚИИ ДЕҲЛАВӢ Шайх Ризқуллоҳ ибни Саъдуллоҳ (1492, Деҳлӣ —1581, ҳамон ҷо), шоир ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон. Пас аз таҳсили илм ба тариқати тасаввуф афтода, шогирди чанд тан аз шайхони замонаш шудааст. Муштоқии Деҳлавӣ забони санскритро омӯхтааст. Ӯ ба форсию ҳиндӣ ашъор дошта, дар аксари айвои шеър қувваозмоӣ карда, хусусан дар маснавию Faзал маҳорати хуб доштааст. Ба ҷуз ашъори парокандааш, ки дар тазкираву баёзҳо сабт шудааст, аз осори ӯ боз «Таърихи Сикандари Лурӣ», «Ҷут наранҳан» (ба забони санскрит) ва «Воқеоти Муштоқӣ» — дар таърихи подшоҳони Деҳлӣ ва шарҳи ҳоли худаш то имрӯз боқӣ мондаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …