Маълумоти охирин

МУСАММАН

sherМУСАММАН (арабӣ —ҳаштгона, хаштоӣ), навъе аз санъатҳои лафзии шеъри форс-тоҷик, ки ҳаштхона ё ҳашти дар ҳашт низ меноманд. Мувофиқи ин санъат шеъри ҳаштмисраиро ба ҳашт порчаи тараннумӣ чунон тақсим мекунанд, ки ҳар мисраъ дар арзу тӯл як хел хонда мешавад:

Ин гуна шеър агар аз шаш мисраю (ё байту) шаш порча иборат бо­шад — мусаддас, аз чор мисраю (ё байту) чор порча иборат бошад — мураббаъ номида мешавад. Ғайр аз ин дар адабиёти форс-тоҷик бо но­ми мусамман, мусаддас ва мураб­баъ шаклҳои шеърӣ ҳам вуҷуд доранд. Нигаред Мусаммат.

С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …