Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРОФИАИ МАЪМУРӢ

МУРОФИАИ МАЪМУРӢ

murofiai-mamuriМУРОФИАИ МАЪМУРӢ, 1) дар маънои васеаш татбиқи нормаҳои маъмурию ҳуқуқӣ ва ҳалли корҳои шахсӣ аз тарафи органҳои иҷроия ва маъмурии ҳокимияти давлатӣ; 2) дар маънои маҳдудаш доираи нор­маҳои ҳуқуқии органҳои давлатӣ доир ба ҳалли масъалаҳои маъмурию ҳуқуқӣ.

Вазифаи Мурофиаи маъмурии советӣ таъмини қонунияти сотсиалистӣ дар идоракунии давлат, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳуқуқии гражданҳои сове­тӣ мебошад. Мурофиаи маъмурӣ меъёри муайян надорад. Гражданҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, органҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор иштирокчии Мурофиаи маъмурӣ  шуда метавонанд. Онҳо мувофиқи қонун ҳуқуқ ва ӯҳдадории муайян доранд. Мурофиаи м.аъмурӣ мунтазам инкишоф ёфта, ба қисматҳои зер ҷудо мешавад: cap кардани корҳои маъмурӣ бо ташаббуси органҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ  гражданҳо, ки баъд ба органҳои дахлдор фиристода мешавад; тадқиқ ва ҳал кардани моҳияти кор, ки муҳимта- рин ҷиҳати Мурофиаи маъмурӣ мебошад; иҷрои қарор (ҳукм) оид ба кор, ки ба зиммаи органи қарорбароварда ё худ ба органҳои дигари идоракунӣ (мили­сия, маъмурияти муассиса, ташкилот ва ғайра) гузошта мешавад. Мӯҳлатҳои мурофиавиро бояд риоя кард. Ба тарафҳои иштироккунандаи Мурофиаи маъмурӣ имкон дода мешавад, ки бо ҳамаи материалҳои кор шинос шаванд, маълумотҳои нав талаб кунанд, гувоҳу шоҳид даъват намоянд. Бояд дар асоси тартиби муқарраркардаи қонун қарор бароварда шавад. Тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки аз болои қарори дар Мурофиаи маъмурӣ бароварда шикоят кунанд.

Инкишоф ва такмили минбаъдаи Мурофиаи  маъмурӣ дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР бо демократӣ гардидани аппарати давлатӣ алоқаи мус­таҳкам дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …