Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОҲИДАҲОИ ЖЕНЕВА

МУОҲИДАҲОИ ЖЕНЕВА

muohidai-jenevaМУОҲИДАҲОИ ЖЕНЕВА, Кон­венсияи Женева (12 августи 1949), чор конвенсияи байналхалқие, ки дар бораи ҳимояи қурбониёни ҷанг қабул шудааст: 1) оид ба беҳтар намудани вазъияти ярадорон ва беморон дар армияҳои амалкунанда; 2) дар бораи беҳтар намудани вазъияти ярадорон, беморон ва ҳарбиёне, ки дар баҳр дучори фалокати киштиҳо гардидаанд; 3) роҷеъ ба муносибат нисбат ба асирони ҳарбӣ; 4) оид ба муҳофизати аҳолии гражданӣ дар давраи ҷанг. Муоҳидаҳои Женева давом ва инкишофи Муоҳидаҳои Гаага (1899 ва 1907) мебошанд. Муоҳидаҳои Женева принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқии имрӯзаро мустаҳкам намуданд: ҷангҳо ба муқобили қувваҳои мусаллаҳи душман бурда мешаванд; амалиётҳои ҳарбӣ ба муқобили аҳолии гражданӣ, беморон, яра­дорон, асирони ҳарбӣ ва ғайра манъ аст. Муоҳидаҳои Женева  ҳангоми эълон кардани ҷангҳо ё cap задани ҳар як низои ҳарбӣ истифода мешаванд. Нуктаҳои Муоҳидаҳои Женева  барои давлатҳои бетараф низ ҳатмист. Қатли барқасди ярадорон, беморон, асирони ҳарбӣ, аҳолии осоишта, шиканҷаю муносибатҳои ғайриинсонӣ нисбат ба онҳо, ба таври маҷбурӣ дар армияи душман кор фармудани асирони ҳарбӣ, бандӣ кардани шахсони гаравӣ ва ғайра дағалона вайрон шудани нуқтаҳои Муоҳидаҳои Женева  мебошад. Президиуми Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР Муоҳидаҳои Женеваро (17 апрели 1951) бо баъзе иловаю эзоҳот эъти­роф намуд.

Иштироки Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон РССУ,  Республикаи Советии Сотсиалистии Болгария РССБ ва дигар давлатҳои сотсиалистӣ дар Му­раттаб сохтани ҳуҷҷатҳои Муоҳидаҳои Женева  имкон дод, ки ба он як қатор дасту- руламалҳои прогрессивӣ дохил кар­да шавад.

Давлатҳои империалистӣ нормаҳои Муоҳидаҳои Женеваро мутассил вайрон мекунанд (масалан, Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар давраи ҷангҳои таҷовузкоронаи худ ба муқобили Ветнам, Лаос, Кампучия).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …