Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУОХИДАХОИ ЖЕНЕВА

МУОХИДАХОИ ЖЕНЕВА

muohidai-jenevaМУОХИДАХОИ ЖЕНЕВА, Кон­венсияи Женева (12 августи 1949), чор конвенсияи байналхалкие, ки дар бораи химояи курбониёни чанг кабул шудааст: 1) оид ба бехтар намудани вазъияти ярадорон ва беморон дар армияхои амалкунанда; 2) дар бораи бехтар намудани вазъияти ярадорон, беморон ва харбиёне, ки дар бахр дучори фалокати киштихо гардидаанд; 3) рочеъ ба муносибат нисбат ба асирони харби; 4) оид ба мухофизати ахолии граждани дар давраи чанг. Муохидахои Женева давом ва инкишофи Муохидахои Гаага (1899 ва 1907) мебошанд. Муохидахои Женева принсипхои асосии хукуки байналхалкии имрузаро мустахкам намуданд: чангхо ба мукобили куввахои мусаллахи душман бурда мешаванд; амалиётхои харби ба мукобили ахолии граждани, беморон, яра­дорон, асирони харби ва гайра манъ аст. Муохидахои Женева  хангоми эълон кардани чангхо ё cap задани хар як низои харби истифода мешаванд. Нуктахои Муохидахои Женева  барои давлатхои бетараф низ хатмист. Катли баркасди ярадорон, беморон, асирони харби, ахолии осоишта, шиканчаю муносибатхои гайриинсони нисбат ба онхо, ба таври мачбури дар армияи душман кор фармудани асирони харби, банди кардани шахсони гарави ва гайра дагалона вайрон шудани нуктахои Муохидахои Женева  мебошад. Президиуми Совети Олии Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР Муохидахои Женеваро (17 апрели 1951) бо баъзе иловаю эзохот эъти­роф намуд.

Иштироки Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР, Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон РССУ,  Республикаи Советии Сотсиалистии Болгария РССБ ва дигар давлатхои сотсиалисти дар Му­раттаб сохтани хуччатхои Муохидахои Женева  имкон дод, ки ба он як катор дасту- руламалхои прогрессиви дохил кар­да шавад.

Давлатхои империалисти нормахои Муохидахои Женеваро мутассил вайрон мекунанд (масалан, Штатхои Муттахидаи Америка дар давраи чангхои тачовузкоронаи худ ба мукобили Ветнам, Лаос, Кампучия).

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …