Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУНШАОТ

МУНШАОТ

navishtajotМУНШАОТ (арабӣ — навиштаҷот), навиштаҷоти адабӣ ва мукоти- баест, ки муншиён тасниф кардаанд. Асоси муншаот мактуб аст: мактубҳои арбобони давлат, илму адабиёт, намояндагони санъат ва мукотибаи шахсӣ. Бештари Муншаот аз намунаҳои мукотибаи арбобони дав­лат, ёрлиқоту маношир, санадҳои никоҳу талоқ, харидуфурӯш иборатанд. То ба рӯзҳои мо Муншаоти олими файласуф Муҳаммади Ғазолӣ (асри 11) Айнулқузоти Ҳамадонӣ (асри 11), Рашиди Ватвот (асри 12), Абдурраҳмони Ҷомӣ (асри 15), Абдулқодири Бедил (асри 17) ва дигар расидаанд. Мукотибаҳои манзуми Асирӣ ва Ҷавҳарӣ навъе аз Муншаот мебошанд. Дар адабиёти қадими Юнон, Рим Муншаот жанри адабӣ буд. Мактуботи Сисерон, Го­расий, Сенека, Плинии Хурд аз лавҳаҳои адабӣ иборат буда, дар ада­биёт ҳамчун «мактуби кушод» маъ- луманд. Дар адабиёти асримиёнагии Европа жанри адабии Муншаот ривоҷ ёфт. Масалан, «Мактубҳои одамони машҳур»-и И. Рейхтлин (1514). Дар ада­биёти франсавӣ асари Монтескё «Мактубҳои форсӣ» (1721) машҳур аст. Дар адабиёти рус асарҳои Александр Сергеевич Пушкин «Романи мактубҳо» (1829), Ф. М. Достоевский «Одамони камбағал» (1845); дар адабиёти Озарбойҷон асари М. Ф. Охундов «Се макту­би шоҳзодаи ҳинд Камолуддавла ба шоҳзодаи эронӣ Ҷалолуддавла…» (1864—65) ҳамчун Муншаот мавқеи калон доранд. Муншаот дар адабиёти советӣ ҳам гоҳо истифода мешавад. Намунаи он асари Одил Қутуй «Мактубҳои нофиристода» аст.         З. Хасанова.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …