Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / МУНҶОҚТЕППА

МУНҶОҚТЕППА

munchokteppa2МУНҶОҚТЕППА димнаи шаҳри қадимист (асрҳои 4—9) дар территорияи колхози ба номи Ленини вилояти Қӯрғонтеппа.

Солҳои 1951—52 А.М. Манделштам ва С. Б. Певзнер ҳафриёт гузаронида, се қабати археологиро кашф намуданд, ки шартан Мунчоқ I-III  ном гирифт. Сатҳи Мунчоқтеппа  чоркунҷа буда, тақрибан 160Х X160 метр аст. Дар қабати Мунчоқ II биноҳои чоркунҷа (5,20X5,40 метр) кушода шуданд, ки бо гунбазҳои атиқаи бесутун пӯшида буданд. Дар қабати Мунчоқ-III осори биноҳое ба назар мерасанд, ки эҳтимол иқоматгоҳ ё ибодатгоҳ бошанд. Ҳангоми ҳафриёт сарсутун ва пояи сутуни сангӣ ёфт шуд. Аз ҳамаи қабатҳои археологӣ маснуоти гуногуни сафолӣ, чархҳои дастии са­фолӣ ва сангин ресмонресӣ, корду доси оҳанӣ, зарфҳои шишагӣ ва тан­гаҳо ёфт шуданд. Ин бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки Мунчоқтеппа  маконн калони деҳқонон будааст. Дар натиҷаи ҳафриёти Мунчоқтеппа оид ба таърихи маданияти Тахористони Шимолӣ аввалин маълумотҳо ба даст омаданд.

В. С. Соловев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …