Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУМИЁКУНӢ

МУМИЁКУНӢ

balzamirovanieМУМИЁКУНӢ, маҷмӯи чорабиниҳост барои муддати дароз аз нобудшавӣ эмин доштани мурда (майит). Барои аз пӯсиш ва вайроншавӣ ни- гоҳ доштан тамоми бофтаҳои ҷасадро бо маҳлулҳои антисептикӣ ва консервасиякунанда тар мекунанд. Мумиёкуниро ба мақсади таълимӣ, илмӣ, инчунин барои нигоҳ доштани ҷасади ашхоси барҷаста истифо­да мебаранд. Ин кор бо ду усул ба ҷо оварда мешавад. Яке аз онҳо ҷасадро барои муваққатан, дигаре ба­рои дуру дароз нигоҳ доштан имконият медиҳад. Дар замонҳои қа­дим бо ёрии моеи растаниҳои гуногуне, ки дорои хосияти аз пӯсиш нигоҳдорандаанд, ба ҷо оварда мешуд. Асосгузори Мумиёкунӣ мисриёни қадим буданд, ки мувофиқи одати динӣ майитро нагуронида, мумиё мекар- данд. Тарзи аниқи Мумиёкунии мисрӣ то замони мо омада нарасидааст, фа- қат маълум аст, ки баъди тоза кардани узвҳои дарунӣ ва майнаи май­ит онро тар карда, ба матои махсус печонида, ширеш, санг молида, мехушконидаанд. Ин усул ранг ва ҳаҷми майитро зуд тағйир медод, вале ҷасад садҳо сол нобуд нашуда боқӣ мемонд. Дар асрҳои миёна Мумиёкуниро танҳо бо мақсади дар дахма ни­гоҳ доштан ё ба ҷои дур бурда гӯронидани майит истифода мебур- данд. Барои Мумиёкунӣ намаки симоб, пайвастҳои маргимуш, намаки руҳ, маҳлули глисерин, асетати калий, спирт ва дигар моддаҳои антисептикиро ба воситаи найчаҳои хунгузар ба организми майит мефиристоданд. Ҳангоми тармими мақбараи Ҳазрати Шоҳ (шаҳри Ӯротеппа) якчанд ҷасади мумиёӣ ёфт шуд, ки онҳо аз вуҷуд дошгани одати Мумиёкунӣ дар Осиёи Миёнаи асримиёнагӣ шаҳодат медиҳанд. Дар асри 19 моеъҳои гуногун истифода мешуданд. Охири асри 19 аз формалин истифода мебурдагӣ шуданд. Мах- сусан усули Н. Ф. Мелников-Разведенков (1893) диққати олимонро ба худ ҷалб намуд, ки мувофиқи он бофтаҳои майитро бо маҳлули фор­малин фиксасия намуда, бо спирти 96°, маҳлули глисерин, асетати ка­лий тар карда, ҷасадро муддати да­роз бетағйир нигоҳ доштан мумкин аст. Соли 1924 олимони советӣ В. П. Воробёв ва Б. И. Збарский усули нави Мумиёкуниро кор карда баромаданд (минбаъд С. Р. Мардашев такмил дод), ки он барои Мумиёкунии ҷасади Владимир Илич Ленив ва Г. Димитров бомуваффақият истифода шуд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …