Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Мӯъминова Назокат

Мӯъминова Назокат

Мӯъминова Назокат (таваллуд 30. 06. 1925, деҳаи Унҷии ҳозира pайони Ху­ҷанд, вилояти Ленинобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Аъзов КПСС аз соли 1951. Солҳои 1940—1945 колхозчии колхози ба номи М. Горкий, pайони Колхозобод, 1945—1949 сардори звено, 1949—1953 бригадир, 1953—1954 муовини раис, 1954—1956 мудири яслӣ, 1956—1960 сардори бригадаи пах­такорӣ ва аз соли 1960 колхозчии колхози ба номи С. Ӯрунхуҷаеви pайони Хуҳанд. Звенои Мӯяминова солҳои 1947—1948 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …