МУЛЛОЕВ Қурбон (таваллуд 1905, Хуҷанд), пахтакор, Каҳрамони Меҳна- ти Сотсиалистӣ (1951). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ КПСС aз соли 1945. Солҳои 1929—35 коркуни шӯубаи районии хоҷагии қишлоқи Қурғонтеппа, 1936—44 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1945— 55 раис ва 1956—59 сарагрономи колхози ба номи Владимир Илич Ленин, 1960—65 раиси Совети қишлоқи Калинини pайони Сирдарёи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон ва аз соли 1966 нафақахӯри шахсӣ. Соли 1950 колхозе, ки Муллоев роҳбарӣ мекард, аз ҳар як гектар 41,6 сентнер пахта рӯёнд. Иштирокчии Съезди 12-уми Партияи Коммунистии Ӯзбекистон. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …