Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

premiyaМУКОФОТИ ДАВЛАТИИ РЕСПУБЛИКАИ СОВЕТИИ СОТСИАЛИСТИИ  ТОҶИКИСТОН ба  номи Ибни Сино дар соҳаи илму техника, муко­фоти олии республикавист, ки ба­рои комёбиҳои намоёни илмӣ, барои асарҳое, ки ба ихтирову истифодаи фоидабахштарин материалҳо, мошинҳо ва механизмҳо бахшида шудаанд; барои просессҳои технологии нав ва бештар самарабахш; барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами истеҳсолӣ-техникие, ки дар хоҷагии халқ аҳамияти калон доранд; барои иншоотҳои техникии оригиналӣ ва иқтисодӣ; барои тадқиқотҳои муҳими масъалаҳои сохтмони давлативу хоҷагӣ ва илми марксистӣ-ленинӣ дода мешавад. Бо қарори Комитети Марказии  Партияи Коммунистии Тоҷикистон ва Совети Вазироии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 1 март» 1967 таъсис шудааст. Мукофот мувофиқи низомнома дар ду сол ва баъзан бо қарори махсус дар се сол як бор дода мешавад. Раиси комите­ти Мукофот Президенти Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аст. Ба шахсоне, ки сазовори Мукофот гашта­анд, диплом ва нишони фахрӣ ҳам тақдим мекунанд. Ба гирифтани номи лауреати Мукофот шахсони зерин сазовор гаштаанд:

1967 — А. М. Баҳовиддинов академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  барои маҷмӯи асарҳое, ки ба тадқиқи осори илмии Абуалӣ ибни Сино бахшида шудаанд; А. Н. Махсумов, аъзо-корреспондент. ВАСХНИЛ, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон , барои асари «Проблемаҳои асосии зироати лалмии Тоҷикистон»; 3. Ш. Раҷабов, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, барои маҷмӯи асарҳо оид ба таърихи афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик; К. Т. Тоҷиев, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, барои асари «Таъсири ҷарродҳӣ ва баъди ҷарроҳӣ ҳангоми муолиҷаи стенози митралӣ ва мубориза бо он» ва силсилаи асарҳо оид ба хирургияи дилу рагҳои хун ва ҷорӣ намудани хирургияи қафаси дил дар Тоҷикистон.

1970 — Р. Б. Баротов, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  барои асари «Комплексҳои интрузивии нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва ҷинсҳои кӯҳии ба онҳо алоқаманд. С. А. Раҷабов, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  барои маҷмӯи асарҳо оид ба сохтмони миллию давлатӣ.

1972 – В. П. Красичков,академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, Б. Сангинов, барои парвариш ва ба истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои нави пахтаи маҳиннахи 5595-В ва 6465-В; А. М. Мирзоеа, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон  барои асари «Рӯдакӣ, ҳаёт ва эҷодиёт».

1974 — И. С. Брагинский, аъзо- корреспондент Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои асари «Аз таърихи адабиёти тоҷику форс», Б. И. Искандаров, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои маҷмӯи асарҳои таърихи то­ҷик он ва мамлакатҳои ҳамсояи Шарқ дар oxири асри 19 ва ибтидои асри 20, Б. Н. Ниёзмуҳаммадов, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои маҷмӯи асарҳо оид ба забоншиносӣ, А. Поччоев, В. И. Цулая, У. Эшонқулов, ҳодимони илми ст. зироати субтропикии Вахш, барои асари «Зироати ситрусии хапдақи дар Тоҷикистон».

1977 — П. Б. Бобоҷонов, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон , ректори Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ленин, барои маҷмӯи асарҳо оид ба тадқиқоти фотографии метеорҳо дар Тоҷикистон, ки солҳои 1955—1969 чоп шудаанд; А. Бобоев, мудири шуъбаи Институти геологияи академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, номзади илмҳои геологияю минералогия, Г. В. Кошлаков, сардори Управленияи геологияи Совети Вазирони Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ном­зади илмҳои геологияю минерало­гия, К. М. Мирзоев, ҷонишини ди­ректор оид ба қисми илмии Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, номза­ди илми физикаю математика барои харитаи ноқиябандии сейсмикии Тоҷикистон, ки соли 1975 тартиб дода шудааст; В. И. Запрятаева, мудири шуъбаи Институти ботаникаи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, ба­рои монографияи «Дарахтони хасаки Тоҷикистон» ва «Захираҳои ҷангали Помиру Олой», ки дар солҳои 1964 ва 1976 чоп шудаанд; М. Ғ. Ғу­ломов, проректори оид ба корҳои илмӣ, мудири кафедраи психиатрияи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиббӣ, профессор барои асари «Аҳамияти диагности­кӣ ва прогиостикии синдроми Кандинский» ва «Психозҳои эпилептӣ», ки соли 1972 чоп шудаанд; А. Ю. Яку­бовский, собиқ мудири сектори Осиёи Миёна ва Кавкази Институти археологияи Академияи Фанҳои  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ, доктори илмҳои таърих, профессор (баъди вафоташ); А. М. Белениский, ҳодими калони илмии Шуъбаи ленинградии Институти археологиям Академияи Фанҳои  Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, доктори илмҳои таърих, барои маҷмӯи асарҳои оид ба таърих ва маданияти Панҷакенти қадима, ки солҳои 1950—1973 чоп шудаанд.

Барои мувафа ққия т ҳ ои барҷаста дар истеҳсо л о т:

1977 — А. Азимов, Ш. Қаландаров, Ю. П. Веклич, В. К. Малюга, И. А. Горбунов, А. Аскаров, В. И. Бренсев, В. А. Паршин, О. Г. Егоров,

Р. Ф. Федоровских, Р. М. Ахтарнева, М. Хамидов.

1979 — 1. Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович, ректори Институти давлатии тиббии Тоҷикистон, аъэо-корреспондент Академияи Фанҳои тиб­бии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР, Калыптейн Лев Иосифо­вич — мудири кафедраи ҳамин институт, профессор— барои китоби дарсии «Оториноларингологили бачагон», ки соли 1977 чоп шудааст.

  1. Коновалов Николай Николае­вич — сардори бюрои конструкторӣ, Вовченко Александр Степанович — сардори сех, Ткаченко Павел Андре­евич—сардори бригадаи челонгарон— васлчиён, коркунони заводи турбинаи Харков ба номи С. М. Киров, Любиский Константин Александрович— сармутахассиси шуъбаи гидромеха­никаи шуъбаи осиёимиёнагии Институти лоиҳакашию ҷустуҷӯ ва тадқиқоти илмии «Гидропроект» ба номи С. Я. Жук, Усолкин Василий Фё­дорович — сардори сехи турбинам ГЭС-и Норак, Хабаров Юрий Алек­сандрович — прораби участкаи дар Норак будаи монтажи трести давлатии умумииттифоқии оид ба монта­жи таҷҳизоти қуввадиҳандаи «Спец- гидроэнергомонтаж»— бароп сохтану ҷорӣ кардани ғалақаҳои нодири кулӯлашакл дар ГЭС-и Норак.
  2. Панкратов Пётр Андреевич, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон— барон силсилаи асарҳои аз ҷиҳати гидрогеологӣ асоснок кардани тадбирҳои мелио­расия ва истифодаи оби зернзаминӣ барои обёрӣ ва бо об таъминкунӣ бо роҳи истифодаи заҳбури вертикалӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои 1967—70 чоп шудаанд.

Барои мувафаққитҳои барҷаста  дар исте ҳсолот

1979 — 1. Аҳмадова Бозорой —тортани иттиҳодияи «Тоҷикатлас», Дӯстмуҳаммадова Раъно — бофандаи Иттиҳодияи истеҳсолии газвори пахтагини Душанбе, Назаренко Ни­на Владимировна — бофандаи Ит- тиҳодияи истеҳсолии қолинбофии Қайроққум, Саидалиев Саидқул — сардори бригадаи андовачиёни Уп­равленияи махсуси бинокории рака­ми 14, трести «Душанбестрой»—ба­рои комёбиҳои барҷастаи меҳнатӣ, самараи зиёд ва сифати баланди кор дар асоси оқилона истифода бурдани захираҳои истеҳсолот.

  1. Монглиқулов Ҳаиталӣ — сардо­ри бригадаи пахтакории совхози раками 3 pайони ёвон, Нурматов Шермат — механик-ронандаи колхози ба номи Ленин райони Ленин, Сатторова Зинатмоҳ — механик-ронандаи колхози ба но­ми Кирови pайони Москва, Сафаров Назрулло Худойдодович — механик- ронандаи колхози ба номи Ленини райони Фархор, Файзуллоев Лутфулло — механик-ронандаи совхози ба номи Ай­нии pайони Зафаробод — барои комё- биҳои барҷаста дар мусобиқаи сотсиалистии механик-ронандаҳои мошинҳои пахтачинӣ.

1981—Бобохоҷаев Суннат Мадалиевич, доктори илми геологияю ми­нералогия, мудири шуъбаи петрог­рафияи Институти геологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон барои монографияи «Петроло­гия ва хусусиятҳои спесиализасиям геохимиявии комплексҳои интрузивии Қаромазор», ки соли 1975 чоп шу­дааст; Болдырев Александр Никола­евич, доктори илиҳои филология, профессори факултети шарқдшиносии Университети давлатии Ленинград ба номи А. А. Жданов, барои силсилаи асарҳо оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Зайнуддини Восифӣ; Мансуров Ҳомид Ху­сейнович, академики Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон дирек­тори Институти гастроэнтерологияи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон барои силсилаи асарҳо оид ба гепатология, ки солҳои 1963—75 чоп шудаанд.

Барои комёбиҳои б а рҷастаи меҳнатӣ ба пешқа дамони зерини мусобиқаи сотсиалистӣ:

Холов Азиз Қурбонович — директори Совхоз-техникуми ба номи В. В. Куйбишев райони Коммунистӣ, Мазо Владимир Михайлович — cap инже­нер, Аминов Анатолий Саидович — сарзоотехник, Потапенко Константин Николаевич — механик, Шол Вик­тор Эдуардович — охангари ҳамин совхоз, Исоева Адолат — сардори бригадаи пахтакории колхози «Моск­ва »-и райони Конибодом, Бурхонов Саидҷон—сардори бригадаи картошкакории совхози ба номи Абдулло-командири pайони Ғарм — барои комёбиҳои барҷаста дар зиёд кардани ҳосилнокии меҳнат ҳангоми парваришу ҷамъоварии зироат.

Котова Татяна Николаевна — ресандаи Иттиҳодияи истеҳсолии газ­вори пахтагини Душанбе, Норматов Ҷура Норматовнч — ёрдамчии устои Иттиҳодияи истеҳсолии қолинбофии Қайроққум ба номи Владимир Илич Ленин, Гончарова Екатерина Николаевна — бофандаи Комбинати абрешими Ду­шанбе ба номи Н. К. Крупская, Мунавваров Бурков — бофандаи Ком­бинати абрешими Ленинобод, Мелешко Александр Иванович — сардо­ри бригадаи челонгарони Иттиҳодияи пахтатозакунии шаҳри Турсунзода, Петренко Александра Тимофеевна — сардори бригадаи комплексии Уп­равленияи конвейери бинокории № 1 комбинати хонасозии дар Душанбе будаи Вазорати сохтмони Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон, Ҳусайнов Салим — мошинисти теп­ловози Шуъбаи Душанбегии роҳи оҳани Осиёи Миёна — барои муваффақиятҳои барҷастаи меҳнатӣ, ки дар мусобақаи сотсиалистӣ ба даст овардаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …