Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУИЗЗӢ Абӯабдуллоҳи Муҳаммад

МУИЗЗӢ Абӯабдуллоҳи Муҳаммад

personМУИЗЗӢ Абӯабдуллоҳи Му­ҳаммад ибни Абдумалики Нишопурӣ (тақрибан 1049. Нишопур —1126/ 27), шоири форс-тоҷик. Писари шоир Абдулмалик Бурҳонӣ, ки пеш аз вафоташ тарбияи фарзанди худро ба султон Маликшоҳи Салчуқӣ (1055—92) супоридааст. Айёми ҷавонӣ ва миёнсолии Муиззӣ дар дарбори ин султон мегузарад, Муиззӣ дар ин давраи ҳаёти худ ба мадҳу ситоиши футуҳоти Маликшоҳ, вазирону умарои вай машғул гардида ба гирифтани унвони «амирушшуароӣ» муваффақ мешавад. Пас аз вафоти Маликшоҳ ҳокимияти салҷуқӣ ба парокандагӣ дучор мешавад ва Муиззӣ як замон бе ҳомии мӯътамаде монда, дар шаҳрҳои Ҳирот, Нишопур. Исфаҳон ва ғайра дар вазъяяти барояш номусоид умр ба cap мебарад. Муиззӣ баъди ба тахт нишастани султон Санҷар (1118—56) шоири хоси вай мешавад ва дар ан- дак муддат мақоми баланд пайдо мекунад.

Муиззӣ асосан шоири қасидасаро буд, вале дар сурудани навъҳои дигари шеърӣ: ғазал, қитъа. мусаммат, таркиббанд, тарҷеъбанд ва рубоӣ низ қувваозмоӣ кардааст. Ашъори Муиззӣ дар ҳаҷми 18 ҳазор байт боқӣ мондааст, ки онҳо соли 1939 дар Теҳрон бо кӯшишу эҳтимоми Абоос Иқбол ба табъ расидаанд. Муиззӣ тақрибан ҳамаи қасидаҳои худро ба мадҳи ҳукмронони салҷуқӣ, ба тарғиби усули давлатдории онҳо, мустаҳкам намудани иқтидори ҳукумат равона кардааст. Бо вуҷуди ин санъати назми Муиззиро инкор кардан мумкин нест. Дар қисми муқаддимавии як қатор қасидаҳояш тасвири табиат, фаслҳои сол, таҳнияти ҷашну идҳо, луғзҳо (ба монанди луғзи қалам, шамшер, асп) мушоҳида мешавад. Дар муқаттаот ва рубоиёти шоир баробари ситоиши шоҳ баъзе масъалаҳои ахлоқию фалсафӣ низ дида мешаванд. Дар ғазалҳои Муиззӣ асосан ишқу ошиҷӣ тараннум гардидааст. Муиззӣ беҳтарин анъанаҳои назми асри 10 ва нимаи аввали асри 11 форс- тоҷикро дар соддабаёни, равшан ифода кардани мазмун ва айнияти тасвир бомуваффақият давом додааст. Аз тарафи дигар, дар шеърҳои Муиззӣ баъзан ифодаҳои печдарпеч, ташбеҳу истиороти мураккаб, ибораву истилоҳоти илмиву фалсафӣ, ки бешгар дар назми шоирони ин давр — Абулфараҷи Рунӣ ва Масъуди Саъди Салмон дучор меоянд, низ мушоҳида мешаванд. Вале чанде аз шеърҳои Муиззӣ ҳамоно равон буда, дар офаридани онҳо шоир аз унсурҳои адабиёти даҳанакӣ, аз забони гуфтугӯӣ ва мақолу масалҳои халқӣ истифода намудааст ва ба ин васила забони шеърро ғанитар гардонидааст. Қасидаҳои Муиззӣ маълумоти зиёди таърихиро дар бар кардаанд ва ҳамчун сарчашмаи таърихӣ аҳамият доранд.

Адабиёт: В с р т е л  с Е. Э., История пер­сидско-таджикской литературы, Москва, 1900; Адабиёти форсу тоҷик дар асрхои XII— XIV, қисми 1, Душанбе 1976.

  Т. Неъмагзода.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …